СУҲБАТУ ВОХӮРИҲО ОИД БА ТАРҒИБУ ТАШВИҚИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ МИЁНИ БОНУВОН

Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб рӯзҳои 10 ва 11 апрели соли 2019 аз рӯи усули фардии “Хона ба хона” оид ба пешгирии бекоршавии ақди никоҳ, вайроншавии оилаҳои ҷавон, пешгирии бегонапарастӣ миёни занону духтарон, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, пешгирии гаравиши занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» гуруҳҳои корӣ таъсис дода, дар маҳаллаҳои Борбад, Сино ва кӯчаҳои Ҳамадонӣ, И. Сомонии шаҳри Кӯлоб дар 250 хона бо 1250 оила вохӯрию сӯҳбатҳои судманд гузарониданд. Дар натиҷа маълум гардид, ки аз ин оилаҳо 180 нафар дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Руссия қарор доранд.

Ҳамзамон, дар бозори “Саховат”-и шаҳри Кӯлоб рейд оид ба риояи сару либоси ягонаи соҳибкорон ва риояи сару либоси миллии мизоҷон гузаронида шуд. Аз ҷониби гуруҳҳои корӣ ба соҳибкорон намунаи либоси ягона ва ба мизоҷон бошад намунаҳои либосҳои миллӣ пешниҳод карда шуд.

                                                                  Шуъбаи кор бо занон ва оила

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code