Саҳми ман дар шаҳри ман

Санаи 15 апрели соли 2019 бо ташаббуси шуъбаву бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар доираи аксияи «Саҳми ман дар шаҳри ман» дар кӯчаву маҳаллаҳои шаҳр корҳои ободониву гулшинонӣ гузаронида шуд.

Бо ин маром  як гуруҳ ҷавонони шаҳри Кӯлоб баҳри саҳм гузоштан дар ободии шаҳри худ ва бедор намудани ҳисси ватандӯстии дигар ҷавонон дар доираи аксияи «Саҳми ман дар шаҳри ман» камари ҳиммат баста, баҳри тозаву озода намудани роҳравҳо, нарм намудани дарахтон ва шинонидани гулҳо дар хиёбони И.Сомонӣ ва маҳаллаи Ҷ.Алии шаҳр ба ҳашар баромаданд.

Дар доираи ин аксия ҷавонони шаҳри Кӯлоб кӯчаҳои шаҳрро тозаву озода намуда, инчунин зиёда аз 300 бех гулҳои гуногун шинониданд.

Чавонон иқдом гирифтанд, ки дар доираи аксияи «Саҳми ман дар шаҳри ман», минбаъд низ бо ҷалби дигар ҷавонон ба ин иқдоми наҷиб дар тозагиву ободии шаҳри худ саҳмгузор бошанд.

                                                                       Бахши ҷавонон ва варзиш

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code