Озмуни ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ баргузор гардид

Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  тибқи эълони додашуда, дар доираи низомномаи тартиби гузаронидани озмун, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647 тасдиқ гардидааст, барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Кӯлоб озмун гузаронида шуд.

Дар озмун 12 нафар довталабон барои ишғоли мансабҳои холӣ ширкат намуданд.

Комиссияи озмунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тибқи тартиби муайянгардида, бо иштироки намояндаи Агентии хизмати давлатии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб озмунро баргузор намуд.

Натиҷаи озмун тибқи талаботи муқарраргардида, баъди ҷамъбасти ҳайати комиссия муайян мегардад.  

                                                 Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code