НАТИҶАҲОИ ҶАМЪБАСТИ СЕМОҲАИ ЯКУМ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллатро, ки аз Паёми навбатӣ бармеоянд ба роҳбарӣ гирифта, корҳои муайянро ба анҷом расонида, семоҳаи аввали соли 2019-умро бо  натиҷаҳои  назаррас  ҷамъбаст намуд.

Дар ин давра  нақшаи андозҳо 108,7 фоиз таъмин гардид, ки нисбат ба нақша 1,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи ҳамаи намуди андозҳо пурра таъмин карда шуд.

Қисми даромади буҷети маҳаллӣ 105 фоиз иҷро гардида,  аз  24,3 млн. сомонӣ маблағҳои умумии қисми хароҷотии буҷет 89 фоизи он ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона карда шуда, қарзи музди меҳнат дар соҳаҳои буҷетӣ мавҷуд нест.

Нақшаи андози иҷтимоӣ ҳамагӣ 100,2 фоиз, аз ҷумла, андози иҷтимоии буҷетӣ 100,1 фоиз таъмин гардида, нафақапулиҳо ба 18 ҳазору 551 нафар пурра пардохт карда шуд.

Музди миёнаи меҳнат ба 958 сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  150 сомонӣ  зиёд гардида, 118,1 фоизро ташкил дод.

Маблағҳои қарзии ҷудогардида аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои амонатии қарзии хурд 29,7 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,1 млн.  сомонӣ зиёд буда, қарзҳои имтиёзнок ба соҳаи саноат ҷудо нагардида, фоизи қарзҳо бошад баланд мебошад.

Рафти иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2015-2019 зери назорат қарор дошта, дар дар се моҳи аввал лоиҳаҳо ба маблағи 1 млн. 420 ҳазор сомонӣ иҷро гардида, ҳамагӣ иҷроиши Барнома 502,8 млн. сомонӣ ё 48 фоизро ташкил дод.

Вобаста ба ин ҷиҳати  амалишавии лоиҳаҳо ба вазоратҳои дахлдор мактубҳо ирсол карда шуда, ҳамзамон 9 лоиҳаҳои сармоягузорӣ таҳия ва тибқи муқаррарот барои ворид намудан ба Барномаи давлатии сармоягузорӣ барои солҳои 2016-2020 пешниҳод карда шуданд.

Барои таҳияи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025 гуруҳи кории шаҳрӣ таъсис дода шуда, корҳо дар ин самт оғоз гардида, то 10  майи соли равон  лоиҳаи Барнома ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ пешниҳод карда мешавад.

Вобаста ба амалишавии дастуру супоришҳои Сарвазири мамлакат, ки ҳангоми сафарҳои корӣ ба шаҳри Кӯлоб баён доштанд, қарорҳо аз 14 сентябри соли 2018, №632 ва аз 27  ноябри  соли  2018,  №819 ба тасвиб расида, нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тасдиқ  гардида, қарорҳои мазкурро Маҷлиси вакилони халқи шаҳр  тасдиқ намуд.

Рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо зери нгазорати масъулини соҳаҳо қарор доранд. Дар натиҷаи чраҳои амалигардида фаъолияти корхонаҳои саноатӣ беҳтар шуда истодааст.

Бо назардошти ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидани саноатикунонии бо суръати мамлакат ба рушди соҳаи саноат диққати ҷиддӣ зоҳир карда шуда, бунёди 15 коргоҳ ва 2 корхонаҳои саноатӣ пешбинӣ шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ  корхонаи коркарди сангу шағал ва  коргоҳи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ (алибастер) бо 14 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуданд.

Дар натиҷаи чораҳои андешидашуда дар  семоҳаи аввали  соли 2019 корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 55,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи  соли гузашта 11,8 миллион сомонӣ зиёд буда, рушди соҳаи саноат  126,9 фоизро ташкил дод.

Дар ин давра 20 корхонаҳои  истеҳсолӣ, аз ҷумла,  ҶДММ «Комбинати хонасозӣ»-13,7 маротиба, ҶСК «Сомон Кӯлоб Таҷҳизот»-8,5 маротиба, “Суғдиён” (комбинати орд)-3,0 маротиба, ҶДММ “Авранг”-1,8 маротиба  маҳсулотро  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  зиёд намуданд.

Ҳамчунин 8 корхона, ки дар соли 2018 умуман фаъолият надоштанд, дар соли равон фаъолият намуданд. Ҳамзамон  КМ “Ресандаи Кӯлоб” бо  ҷалби сармояи хориҷӣ ба кор даромад ва 80 нафар шаҳрвандонро бо ҷои кори доимӣ таъмин намуда,  ба маблағи 5,3 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кард. Ба корхона хати технологии нав дар моҳи март ворид шуда, насби он рафта истодааст. Баъди ба кор даромадани хати технологии мазкур ҳаҷми истеҳсолот 30 фоиз зиёд гардида, 15 нафар ба кор иловатан ҷалб карда мешаванд.

Коргоҳи макаронбарории ҶДММ “К Даврон” то 15 апрели соли равон ба истифода дода шуда, дар ин замина 10 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешавад. Умуман дар соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи кормандони соҳаи саноат 136 нафар зиёд гардид.

Дар соҳаи саноат баъзе камбудиҳо низ ҷой доранд. Дар натиҷаи  мушкилоти молиявӣ аз 42 корхонаи саноатӣ дар ин давра 6 корхона истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам намуда, 8 корхонаи мавсимӣ фаъолият накарданд.

Барои ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати бунёди корхонаҳои саноатӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.03.19, №97 дар майдони 309,2 га Минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шуд.

Ҷиҳати бунёди силсилаи корхонаҳои “Сино Тоҷикистон Кӯлоб Текстайл Индастри Парк” оид ба коркарди ниҳоии пахта бо ҷониби ширкати хитоӣ якчанд вохӯриҳо анҷом дода шуда, дар ин замина зиёда аз 3750 ҷойи нави кори доимӣ ва 3 ҳазор ҷойи кори мавсимӣ  таъсис дода хоҳад шуд.  Намояндагони хитоӣ хоҳиш намуданд, ки 200 га замин ба онҳо вобаста карда шавад. Тибқи дастури  Сарвазири мамлакат танҳо баъди пешниҳоди лоиҳаҳо ҷудо намудани қитъаи замин мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Корҳо дар ин самт идома доранд.

Дар ин давра аз ҷониби  ҶСК “Шабакаҳои барқии шаҳри Кӯлоб” барои беҳтар намудани таъмини барқ 3 адад трансформаторҳои қуввагӣ насб карда шуда, 2 трансформаторҳои иқтидорашон паст ба трансформаторҳои иқтидорашон баланд ва 31 пояҳои  оҳану бетонӣ  шинонида шуданд.

Дар натиҷаи чораҳои амалигардида, таъмини аҳолӣ бо барқ муътадил мебошад.

Тибқи маълумотҳо ҷамъоварии маблағи истифодаи нерӯи барқ дар ин давра  ҳамагӣ 11,4 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи  соли гузашта 6,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Ҷамъоварӣ ҳамагӣ 70,5 фоиз,  аз аҳолӣ 76,7 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта мутаносибан 50 фоиз ва 47,7 фоиз зиёд мебошад.

Барои беҳтар намудани равшаннамоии кӯчаю хиёбонҳои шаҳр  29 қандил ва 1220 лампаҳо ва 3,3  км кабелҳо, 8,4 км ноқилҳои ҳавоӣ иваз карда шуданд.

Дар семоҳи соли равон 10 км роҳҳои автомобилгарди байниноҳиявӣ  ва 5 км роҳҳои автомобилгарди дохилишаҳрӣ таъмири ҷорӣ карда шуданд. Ҳамчунин 200 метр пиёдароҳҳо таъмиру барқарор гардиданд.  Дар баробари ин аз ҷониби соҳибкорон 820 метри мураббаъ роҳҳои пиёдагард сафолак чинда шуда,  16 км  сангфарш карда шуданд.

Барои мумфарш кардан битум намерасад, вобаста ба ин ба Вазорати нақлиёти ҶТ пешниҳод ирсол карда шуд.

Барои ба танзим даровардани ҳаракати нақлиёт шуъбачаи Бозрасии давлатии автомобилии шаҳр чораҳои дахлдорро амалӣ намуда, дар ин давра 3424 қоидавайронкуниро ошкор намуда, нисбати 2580  нафар ҷарима амалӣ гардида,  аз ин ҳисоб ба буҷет зиёда аз 101,4 ҳазор сомонӣ ворид гардид.

Дар ин давра  ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 16,3 млн.  сомониро ташкил дод, ки  назар баҳамин давраи  соли гузашта 948 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 106,2 фоизро ташкил додааст.

Саршумори чорвои калон, гӯсфанду буз, парранда ва асп нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиш ёфта, истеҳсоли гӯшт, шир ва  тухм зиёд гардид.

Моҳипарварӣ рушд ёфта истода, дар майдони 82,7 га ҳавзҳои моҳӣ 27 хоҷагӣ таъсис дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,4 га зиёд буда, барои бунёди ҳавзҳои моҳӣ дар 76 га қитъаи замин ба хоҳишмандон ҷудо гардида, бунёди ҳавзҳо идома доранд. Сайди моҳӣ 82,3 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,3 тонна зиёд мебошад.

Сохтмони фермаи парандапарварӣ барои 100 ҳазор сар паранда идома дошта, дар моҳи сентябри соли равон ба истифода супорида мешавад.

Сохтмони фермаи чорводорӣ барои нигоҳубуини 50 сар чорви зоти шведӣ идома дорад.

Дар соли 2019 бунёди боғ 50 га пешбинӣ шуда, пурра иҷро гардид.

Дар Ҷамоати деҳоти Даҳана гармхонаи доимоамалкунанда сохта шуда, айни замон дар он парвариши бодирингу помидор ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон сохтмони сардхона барои 100 тонна меваю сабзавот ва 42 ҷой фурӯш дар деҳаи Тоқакаппа бо ҷалби сармояи хориҷӣ ба истифода супорида шуда, 52 ҷойҳои нави корӣ фароҳам гардид.

Дар Ҷамоати деҳоти Зиракӣ сохтмони 26 гармхона ва 4 сардхона барои нигоҳдории зиёда аз 800 тонна маҳсулот идома дорад. Айни ҳол, дар 10 гармхона сабзавот парвариш шуда истодааст.

Аз рӯи маълумотҳо  ба 01 апрели  соли равон кишти зироатҳо ҳамагӣ дар    майдони 4262 га кишт гузаронида шуд,ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 171,9 га зиёд  мебошад.

 Кишти  ғалладонагиҳо-2660 га ё 104 фоизи дуранамо,  картошка-133 ё 100,7 %, сабзавот -529,7 ё 62 %,  аз ҷумла пиёз 316 га ё 100,3 фоизи дурнамо ва зироатҳои хӯроки чорво-421 га кишт гузаронида шуд.

Дар ҷамоатҳои деҳот кишти баҳорӣ идома дошта, имконият ҳаст, ки дурнамои кишт дар муҳлати оптималӣ  ба анҷом расонида шавад.

Кишти пахта мувофиқи дурнамо 3000 га пешбинӣ шуда, 257 адад техникаҳои зарурӣ ва тухмиҳои чигит омода гардида, тибқи маълумотҳо ба 10 апрели соли равон  дар майдони 1800 га ё 60 фоизи дурнамо кишти пахта гузаронида шуда, кишт вобаста ба боду ҳаво бо маром идома дорад.

Барои парвариши пилла 155 қуттӣ дастрас гардида тибқи нақша ба аҳолӣ тақсим шуда истодааст.

Нақшаи ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ ба 01 апрели соли  ҷорӣ 101 фоиз иҷро гардида, дар деҳа, кӯчаю маҳаллаҳо 25,2 ҳазор бех ниҳолҳои ҳамешасабз, ороишӣ ва сояафкан шинонида шуд. Гулу гулбуттаҳо 171,7 ҳазор бех шинонида шуда, гулшинонӣ муташаккилона идома доранд.

Озмуни гулҳо “Сайри гули лола” тибқи амри раиси шаҳр гузаронида шуда, Фурудгоҳи байналмилалӣ сазовори ҷойи якум, оромгоҳи М. С. А. Ҳамадонӣ сазовори ҷойи дуюм, шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳр ва ҶСК “Шабакаҳои барқии шаҳри Кӯлоб” сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Вобаста ба Даҳсолаи байналмилаии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028 нақшаи чорабиниро тартиб дода, тибқи он чораҳои дахлдор амалӣ шуда истодаанд. Аз ҷумла конференсияи илмӣ, 28 семинару вохӯриҳо оид ба сарфаю саришкорона ва самаранок истифода намудани об, 18 аксияи “Тозагии соҳил” гузаронида шуданд.

Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ дар ин давра барои обёрӣ намудани 5877 га шартнома омода намуда, дар майдони 4387 га ё 75 фоиз шартномаҳоро бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ба имзо расонидааст.

Аз рӯи маълумотҳо дар ин давра 22 км шабакаҳои обрасонӣ, 12 км заҳбуру заҳкашҳоро тоза намуда, 10 адад иншоотҳои обтақсимкунӣ, 10 адад обченкунакҳо, 4 адад дастгоҳҳои насосиро таъмир намудааст.

Канали Бештигирмони боло тоза карда шуд. Дар соҳили дарёи Ёхсу дар мавзеи Фурудгоҳ 780 метр, мавзеи Минтут 80 метр, Чорчашма 35 метр, сойи Даҳана 50 метр, дарёчаи Кӯлоб дар мавзеи Чармгарони поён 125 метр корҳои барқарорсозӣ гузаронида шуд.

Айни замон дар 4 мавзеи сойи Даҳана дар масофаи 4496 метр аз ҷониби лоиҳаи сармоягузорӣ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ рафта истодааст.

Бояд қайд кард, ки барои анҷом додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Кӯлоб 17 тонна сӯзишвории дизелӣ, 100 тонна семент, 4 тонна арматур ва 4000 метри мураббаъ симтур ҷудо гардида, 100 дона тахтасангҳои оҳанию бетонӣ тайёр карда шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.

Новобаста аз ин айни ҳол дар дарёи Ёхсу мавзеъҳои сарбанди канали Ҳукумати нав, деҳахои Лавова, Гулобод, Тоқакаппа, Навобод, Сарёзидашт, Фурудгоҳ, Камбинати хонасозӣ, Минтут ва Чорчашма хавфнок мебошад. Дар натиҷаи боридани боронҳои пай дар пай рӯзҳои 5-6 апрел оби дарё ва сойҳо баланд гардида, дар мавзеъи назди Фурудгоҳи байналмилалии  шаҳр сади муҳофизатиро ба дарозии 200 метру 76 адад тахтансанг ва  дар мавзеъи Минтут 130 метр сади мавҷудбуда, 33 тахтасангу 200 симтурхалтаро шуста бурд. Бо дастгирии раиси вилоят 7 тонна сӯзишворӣ, 50 тахтасангҳои оҳану бетонӣ ва  740  симтаноб (трос) дастрас гардида, чораҳои фаврӣ барои соҳилмустаҳкамкунӣ амалӣ шуда истодааст.

Аз рӯи маълумотҳо айни ҳол  соҳили дарёи Ёхсу дар масофаи 1800 метри тулонӣ   дар ҳолати хело ҳам хатарнок қарор доранд.Вобаста ба ин барои мусоидат намудан дар корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол карда шуд.

Дар  ин давра  дар соҳаи сохтмон сармояи асосӣ ба маблағи 20,5 миллион сомонӣ, корҳои сохтмону васлкорӣ 18,4 миллион сомонӣ иҷро гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи   соли гузашта мутаносибан 4,8 миллион сомонӣ ва 6,7 миллион сомонӣ кам мебошад.

Корҳои пудратӣ ба маблағи 8,9  миллион сомонӣ ва ба кор андохтани фондҳои асосӣ 15,3 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи   соли гузашта муттаносибан 1,0 миллион сомонӣ ва 12,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Хонаҳои истиқоматӣ дар масоҳати 2,8 ҳазор метри мураббаъ сохта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи   соли гузашта 2,4 баробар зиёд аст.

Аз ҷониби соҳибкорон 4 иншоотҳои таъиноти гуногун ба маблағи 12,5 млн. сомонӣ, аз ҷумла марказҳои хизматрасонӣ ва савдо, нуқтаи шустушӯи автомошинаҳо, мағоза  сохта мавриди истифода қарор дода шуда, дар  135 иншоот, аз ҷумла 26 корхонаи саноатӣ, 6 муассисаи таълимӣ, 8 муассисаи тиббӣ корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Дар семоҳаи авали соли равон аз ҷониби Кумитаи идораи замин 46 қонунвайронкунии замин дар майдони 9,7 га ошкор гардида, нисбати қонунвайронкунандагон ҷаримаҳо амалӣ гардида,  қонунвайронкунӣ пурра бартараф  карда шуд.

Яке аз соҳаи афзалиятноки иҷтимоӣ маориф ба ҳисоб меравад. Дар давоми семоҳаи соли равон  барои  мустаҳакам кардани заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ  чораҳои дахлдор амалӣ гардид.

Дар  олимпиадаи вилоятӣ 11 нафар хонандагони синфи 9, 5 нафар хонандагони синфи 10 сазовори ҷойи якум гардиданд.

Даври якуми қабули донишҷуён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президентӣ  доир гардида, 154 нафар ба даври ниҳоӣ пешниҳод карда шуданд.

Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар 4 соли охир шумораи хонандагон 2605  нафар ё 5,5%  зиёд шудааст, ки ин тақрибан 78 синфро ташкил медиҳад. Ин сабаби  дар ду – се баст  таҳсил намудани  хонандагон гардидааст.

Дар 10 маҳалла ва деҳаҳо сохтмони мактаб ва синфхонаҳои иловагӣ зарур буда, 7 муассисаи таълимӣ таъмирталаб мебошанд. Вобаста ба ин аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони 4 бинои мактабҳо пешбинӣ шуда,  қарорҳо барои ҷудо гардидани қитъаи замин ба тавиб расиданд. Айни замон сохтмони 6 муассисаи таълимӣ рафта истодааст.

Шуъбаи кор бо занон ва оила дар ин давра корҳои муайянро иҷро намуда,  вобаста ба фаъол гардонидани нақши занон дар ҷомеа, эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ ва ба касбомӯзи ҷалб намудани занону духтарони хонанишин чораҳои дахлдорро амалӣ намуд.

Бояд қайд намуд, ки дар шаҳру деҳот 320  занҳои ҳунарманд фаъолият дошта, барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, бахусус чакандӯзӣ “Маркази чакану заргарӣ” таъсис дода шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар байни занону духтарон 17 суҳбату вохӯриҳо, 2 конференсияи илмӣ-назариявӣ, 3 семинару машваратҳо, 4 озмунҳо  гузаронида шуданд. Занону духтарони ҳунарманд дар ҷашни  байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Норак фаъолона иштирок намуданд.

Дар ин давра аз рӯи маълумотҳо ақди никоҳи 454 ҷуфт ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 ҳолат кам мебошад. Ҷудошавии оилаҳо 56 ҳолатро ташкил дод, ки нисбат  ба ҳамин давраи соли гузашта  8 ҳолат зиёд мебошад.

Аз рӯи маълумотҳо дар шаҳр дар ин давра  1 ҳодисаи даст задани занон ба ҷиноят, 5 ҳолати  худкушӣ ва суиқасд ба он ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 ҳолат кам мебошад.

Дар 3 моҳи соли равон ба 12,7 ҳазор нафар хизмати тиббӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1294 нафар зиёд мебошад.

Бо мақсади баланд намудани маърифати тиббии аҳолӣ дар ин давра 495 машварату семинарҳо оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла сил, ВНМО гузаронида шуд.

Дар ин давра маркази саломатии №1, шуъбаи таваллуди беморхонаи марказии ноҳиявӣ таъмири ҷорӣ карда шуда, аз ҷони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ болопӯши  маркази саломатии №2, беморхонаи сироятӣ ва маркази хун  таъмир карда шуданд. Сохтмони бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳаи Сангпар, Нуристон, Кул, Пахтакор, Гулистон аз ҷониби соҳибкорон идома доранд.

Барои рушди соҳаи варзиш, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳои ифротӣ  120 чорабиниҳои гуногун бо иштироки 21,8 ҳазор нафар гузаронида шуд.  Дар ин давра 56  мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш  доир карда шуд, ки дар он 3,2 ҳазор варзишгарон аз шаҳру деҳоти Кӯлоб иштирок карданд. Варзишгарони шаҳру деҳот дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намуда сазовори 15 медал, аз ҷумла як медали тилло, 3 медали нуқра ва 11 медали биринҷӣ гардиданд

Дар ин давра  ҷашнҳои давлатӣ  бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуданд.

Теъдоди умумии маъракаҳо 738 ададро ташкил намуда, 11 қонуншиканӣ ошкор гардида, бо ҳалномаҳои суди шаҳр 4 нафар ҷарима карда шуда, 7 парванда мавриди баррасӣ қарор доранд.

Дар моҳи январ 1 нафар, ки дар хориҷи кишвар ғайриқонунӣ таҳсил дошт ба Ватан баргардонида шуда, мутаассифона 7 нафари дигар таҳсил доранд.

Бо мақсади таъмини кори пурсамари соҳаи коммуналӣ аз буҷаи маҳаллӣ маблағҳои пешбинишуда пурра пардохт гардид.

Айни замон дар гармхонаи муассисаи ниҳолпарварӣ 70 ҳазор бех қаламчаи гули садбарг, 3 ҳазор дона ёси ҳиндӣ, 40 ҳазор гулҳои гуногун парвариш гардида истоданд.

Барои беҳтар намудани таъмини аҳолии маркази шаҳр бо оби нӯшокӣ лоиҳаи «Барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсия»-и шаҳри Кӯлоб ба маблағи 17,5 млн. доллари ИМА ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Барои таъмини фаъолияти самараноки МД “Хоҷагии коммуналӣ”-и назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ автомошинаи махсус таъмир карда шуда, як адад автомобили Камаз ва як адад экскаватор харидорӣ карда шуд.

Нақшаи таъмири 164 хонаҳои баландошёна  тасдиқ шуда, дар соли равон 8 хонаҳои баландошёна таъмиру рангу бор карда шуда, тибқи нақшаи тасдиқгардида вобаста ба боду ҳаво корҳо дар ин самт идома доранд. Ҳамчунин барои ба тартиб даровардани майдонҳои байни хонаҳои баландошёна чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истода, иншоотҳои ғайриқонунӣ сохта шуда, бартараф карда шуда, иншоотҳо тибқи лоиҳа бунёд гардида, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакон бунёд карда хоҳан шуд. Корҳо дар ин самт идома доранд.

 Тибқи супориши Пешвои миллат аз рӯи лоихахои замонавӣ боғҳои фарҳангй-фароғатии марказии шаҳр, 15- солагии Истиклолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон, боғи ба номи Исмоили Сомонӣ, боғи   “Роҳиоҳанчиён”, гулгаштҳои ба номи Саидчои Назарову Сафар Амиршоев азнавсозӣ карда шуда истодаанд.

Дар боғи фарҳангй-фароғатии марказии шаҳр корҳои сохтмонӣ идома дошта,  беш аз 203 дарахтони ороишӣ ва 427 гулҳои гуногун аз давлати Голандия ва Олмон харидорӣ шуда ба шаҳри Кӯлоб оварда шуданд. Атраксионхо аз Ҷумҳурии халқии Хитой ва  аз давлати Туркия харидорӣ гашта рӯзҳои наздик дастрас мегарданд.

Дар дигар боғҳо низ корҳои сохмонию азнавсозӣ идома дошта барои сокинон ва меҳмонон шароитҳои хуби истироҳату фароғат омода карда мешаванд.

Аз ҷониби маркази назорати давлатии санитарӣ эпидемиологии шаҳр дарин давра 52 санҷишҳои санитарӣ , аз ҷумла 22 санҷиш дар соҳаи хӯрока, 3 –соҳаи коммуналӣ, 20 соҳаи тандурустӣ гузаронида шуда, нисбати 69 нафар ба  маблағи 7,6 ҳазор сомонӣ ҷарима амалӣ карда шуд. Тибқи хулосаи мутахассисон 400 кг ба маблағи 1286 сомонӣ маҳсулотҳои хӯроквории пастсифат ва мҳлати истифодаашон гузашта аз муомилот гирифта шуд.

Сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр фаъолият дошта, дар 3 моҳи соли равон 142 хабару гузориш, рӯйдодҳо ва маълумотҳои оморӣ ворид карда шуданд.

Дар  3 моҳи соли 2019-ум 1037 аризаю муроҷиатҳои шаҳрвандон ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин соли гузашта 212 ариза зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ 6 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуд, ки 4 ҳодиса кам буда, зарар 264 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 234 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Барои ҷавобгӯй набудан ба талаботҳои қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор  15 иншоот ва 11 бино муваққатан манъ карда шуда, 588 нуқтаҳои нодурусти барқӣ ва 25 таҷҳизотҳои барқӣ аз манбаи барқ ҷудо карда шуданд.

Ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соли 2019 бунёд ва таъмири 271 иншоот ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмону таъмирӣ бо маром идома доранд. Дар  ин давра 35 иншооти таъиноти гуногун ба истифода дода шуданд. Барои назорати рафти иҷрои нақшаи тасдиқгардида раиси шаҳр бо гуруҳи корӣ  дар ҷамоатҳои деҳоти Зиракӣ ва Даҳана аз иншоотҳои сохташаваанда дидан намуда, бо соҳибкорон ва масъулин ҷаласаи корӣ доир карда, онҳо вазифадор гардиданд, ки дар муҳлатҳои муайянгардида иншоотҳоро бо сифати баланд сохта ба истифода супоранд.

Ҳамзамон барои корҳои ободонию ниҳолшинонӣ ҳар ҳафта дар шаҳру деҳот шанбегиҳои дастаҷамъона доир шуда истодааст.

Барои дар сатҳи баланд ва бо дастовардҳои арзишманд  таҷлил намудани ҷашни 28- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳоро таҳия намуда, тибқи он ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо ва ҷамоатҳои деҳот вазифадор гардидаанд, ки корҳои ободонию созандагиро вусъат бахшида, дар ҳар як кӯча, маҳалла ва деҳот гулҳои гуногун шинонанд. Ҳамзамон барои таъмири пиёдароҳҳо, равшаннамоии кӯчаҳо ва таъмири роҳҳои автомобилгард масъулин вазифадор карда шуданд. Рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ зери назорат қарор доранд.

Дар баробари муваффақиятҳои ба даст омада дар фаъолияти соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёти шаҳру деҳот камбудию норасогиҳо ҷой доранд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати  ислоҳи онҳо ва  барои таъмини иҷрои супоришу фармонҳо ва амрҳои Пешвои миллат ва раиси вилояти  Хатлон чораҳои заруриро амалӣ намуда, барои хубтар ҷамъбаст намудани семоҳаи сеюми соли равон чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Шуъбаи иқтисод ва савдо

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code