Муваффақияти шаҳри Кӯлоб дар озмуни «Кадбонуи беҳтарин»

Санаи 13 аперли соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид.

Дар озмун бонувоне ширкат варзиданд, ки маҳорати баланди пазандагӣ, омода намудани таомҳои қадимаи миллӣ, хӯрокҳои замонавии миллӣ, хӯришҳо, шириниҳо, нонпазӣ ва дастархонороиро дар худ касб кардаанд.

Дар озмуни мазкур шаҳри Кӯлобро кадбонуи беҳтарини шаҳр Иброҳимова Гулсунбӣ намояндагӣ намуда, дар сатҳи вилоят сазовори Дипломи дараҷаи 1 ва дар даври ҷумҳуриявӣ бошад сазовори Дипломи ифтихорӣ гардиданд.

Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тасмим дорад, баҳри омода намудани беҳтарин кадбонувон аз ҷониби ҷавондухтарон курсҳои омӯзиширо дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот ба роҳ монад.

                                                                                Бахши матбуотӣ

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code