Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ гардид

Санаи 12 апрели соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷамъбасти семоҳаи якуми соли 2019 таҳти раёсати раиси вилоят баргузор гардид.

Дар ин раванд, озмуни «Ободгари Ватан» ва «Сайри гули лола» низ дар сатҳи вилоят ҷамъбаст карда шуда, ба беҳтаринҳо сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз ҷониби раиси вилоят тақдим гардид.

Дар ин росто, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб низ барои саҳми арзанда гузоштан дар баргузории озмуни ҷумҳуиявии гулҳо «Сайри гули лола» дар вилояти Хатлон ба сипосномаи раиси вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуд.

Ҳамчунин аз ҳисоби маҳаллаҳо низ маҳаллаи И.Сомонии шаҳри Кӯлоб барои саҳми арзанда гузоштан дар озмуни гулҳо «Сайри гули лола» ба сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардид.

Дар озмуни «Ободгари Ватан» бошад соҳибкори шаҳри Кӯлоб Низомов Ғайрат барои фаъолият дар ҳаёти ҷамъиятӣ, саҳми босазо доштан дар ободкориву созандагӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сипосномаи раиси вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуд.

Ин пирӯзиҳоро сокинони шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ намуда, барои ободтару зеботар гаридани шаҳри азизамон, Кӯлоб-шаҳр тамоми ҷидду ҷаҳди худро равона месозем.

                                                                           Бахши матбуотӣ  

   

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code