Чамъбасти семоҳаи аввали соли 2019

Санаи 13 апрели соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати муовини раиси вилояти Хатлон Қурбонзода А. ва раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб дар давоми се моҳи аввали соли 2019 ва вазифагузорӣ барои фаъолияти минбаъда баргузор гардид. Дар кори маҷлис муовини якуми раиси шаҳр, муовинон, роҳбари дастгоҳ, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони маҳаллаҳо имомхатибон ва дигар фаъолонг ширкат доштанд.

Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Кӯлоб муовини раиси шаҳр Исмоилзода С.С. ҳисобот дода, дастовардҳо, мушкилот ва камбудиҳои тамоми соҳаҳоро мавриди таҳлил қарор дод.

         Баъдан, раиси шаҳр аз рӯйи ҳисобот натиҷагирӣ намуда, оид ба масълаи иҷроиши андоз, соҳилмустаҳкамкунӣ, кишти баҳорӣ, истифодаи дурусти заминҳои кишоварзӣ, таъмири роҳҳо, таъмири биноҳои баландошёна, дастгирии ҳунармандон, даъвати ҳарбӣ ва дигар масъалаҳо шахсони масъулро пурсида, ҷиҳати таъмини иҷрои корҳои базиммадоштаашон ва ислоҳи камбудиҳо дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.

Дар ин раванд, соҳаҳои рушди иҷтимоӣ аз ҷониби раиси шаҳр дастур гирифтанд, то корҳои идеологиро миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа, махсусан ҷавонон ба таври зарурӣ ба роҳ монда, сатҳу сифати таълиму тарбия ва солимии ҷомеаро таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳанд.

Муовини раиси вилоят Қурбонзода А. низ баромад намуда, ҳисоботи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлобро қаноатманд ҳисобида, баҳри дар якҷоягӣ барои ободиву зебогии шаҳри Кӯлоб фаъолият намудан, масъулинро тавсия намуданд.

Баъди вазифагузориҳо  аз ҷониби раиси шаҳр тибқи натиҷавгирии ҳайати тадорукотӣ озмунҳои “Ободкори Ватан” ва “Сайри гули лола” ба ғолибон ҷоизаҳо, ифтихорнома ва туҳфаҳои моддии раиси шаҳри Кӯлоб тақдим карда шуд.

                                      Мудири бахши матбуотӣ-Шокир Каримзод

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code