Сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ба шаҳри Кӯлоб

Бо дастури бевоситаи Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру деҳоти Кӯлоб, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ  инчунин сазовор ҷашни гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода санаи 10-уми апрели соли 2019 бо ҳайати аъзоёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд.


Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашнгирии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷроиши супоришҳои қаблан додашуда, як зумра иншоотҳои таъиноташон гуногунро ифтитоҳ намуданд. Дар ин сафари корӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистонро як қатор шахсони расмӣ, раиси вилояти Хатлон Курбон Ҳакимзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуҷаббор, раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло ва роҳбарияти Вазорату кумитаҳои давлатӣ инчунин намояндагони васоити ахбори омма ҳамроҳӣ намуданд.

Иттилооъ додан зарур аст, ки сараввал Сарвазири мамлакат майдончаи варзишии футболи хурдро дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Зарбдор, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ сохта шуда буд, ифтитоҳ намуд. Ба ин монанд, бинои мағозаи фурӯши гулҳо дар назди даромадгоҳи шаҳр бо тамоми шароити созгор ва маркази савдои либосҳои мардонаи «Зивер»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ҳамчунин бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода дар кӯчаи ба номи Ҷума Алии шаҳри Кӯлоб бинои беморхонаи чашм, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ сохта шудааст, ба истифода супорида шуд, ки ин аввалин муассисаҳои тиббии хусусии шифохонаи чашм дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон мебошад.

Дар баробари ин филиали ширкатии қаннодии 555 (Се панҷ)-ро, ки намудҳои мухталифи ширинии қаннодиро дорост, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Аснои сафари расмии худ намоядагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамроҳии ҳайати гуруҳи корӣ ва роҳбарони Вазорату кумитаҳои давлатӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонии бинои мактаби таҳсилоти умумӣ дар маҳаллаи 20-уми шаҳри Кӯлоб шинос шуданд. Зимни боздид аз рафти иҷрои корҳои сохтмончиёну фармоишгарони иншооти мазкур муҳтарам Қоҳир Расулзода ба кормандону мутасаддиёни маркази ҳамоҳангсозии тадбиқи лоиҳаҳо оид ба таьдид ва рушд иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ баҳри тезонидани суръати кор дастури мушаххас доданд.

Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пахтаи Кӯлоб» аз ҷониби соҳибкорону шахсони ташаббускори меҳан имрӯз куллан дигаргун гашта, дар он кӯдакистон, коргоҳҳои хурди истеҳсолии қанд ва мех фаъол карда шудааст, ки аснои шиносоӣ бо рафти ҷараёни тадбирҳои азнавсозӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибкорон сипосу аҳсан гуфтанд.

Аз ҷараёни корҳои бунёдии иншооти иловагии назди МТМУ №2 шаҳри Кӯлоб боздид намуда, ба Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Кӯлоб, ҷиҳати то ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода супурдани он, дастур доданд.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз раванди корҳои бунёдии боғи 15-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳуриии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рудакӣ сохта ба истифода дода мешавад, дидан намуданд. Ҳамзамон, аз рафти иҷрои корҳои сохтмонию созандагӣ дар гулгашти ба номи Саидҷон Назаров ва Сафар Амиршоеви шаҳри Кӯлоб, ки аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон навсозии пурраи он анҷом дода мешавад, дидан карда, ба рафти корҳо баҳои арзанда гузоштанд.

Ҳамчунин аз рафти корҳои азнавсозии Боғи марказии фарҳангу фароғатии шаҳри Кӯлоб, ки бо сармояи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Талко» сохта мешавад, боздид намуда, дастур доданд, ки симои ин боғро чун гулгашту боғҳои замонавии шаҳри Душанбе зебову диданӣ созанд, то барои сайру гашти сокинон дар шабонгоҳ шароит фароҳам бошад. Ба ин монанд, аз рафти корҳои Боғи “Роҳи оҳанчиён” дар назди Корхонаи истгоҳи роҳи оҳани  дар шаҳри Кӯлоб низ дидан карданд.

Инчунин аз ҳолати бинои коллеҷи ҷумҳуриявии санъати ба номи Кароматулло Қурбонов дидан карда, ба Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Орумбекзода Шамсиддин супориши махсус дода шуд, то ҳарчи зудтар корҳои сотхмонии иншоот оғоз карда шаванд.

Дигар иншоотҳои таиноташон гуногун низ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома дорад.

                                                                                     Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code