Маркази савдои «Осиё» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Дар ҷараёни сафари кории Сарвазири кишвар ба шаҳри Кӯлоб аз ҷониби роҳбарони вазорату идораҳо низ як қатор иншоотҳо ба истифода дода шуданд.

Дар маҳаллаи И.Сомонии шаҳри Кӯлоб маркази савдои «Осиё» аз ҷониби муовини аввали Вазири иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин мавриди истифода қарор дода шуд.

Бинои мазкур аз ду ошёна, мансар ва зербино иборат буда, дар ошёнаи аввал фурӯши таҷҳизотҳои ниёзи мардум (яхдон, чанкашак, мошинаи ҷомашӯйӣ, телевизор ва ғайраҳо) ва дар ошёнаи дуюм фрӯши қолинҳо ба роҳ монда шудааст.

Бинои мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Зоири Абдулло бо харҷи беш аз 200 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.

Дар бинои мазкур 12 нафар сокинон ба ҷои кори доимӣ таъмин гардида, дар оянда зимни пурра фаъолият намудани бино то 20 ҷойи корӣ муҳайё мегардад.

                                                                           Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code