Ҷаласаи кории Сарвазири мамлакат бо фаъолони шаҳри Кӯлоб

Санаи 11-уми апрели соли равон Сарвазирии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, баъди ифтитоҳи як қатор иншоотҳои ниёзи мардум ва боздид аз рафти корҳои сохтмонӣ ҷиҳати таҷлили 28-солагии Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи корӣ баргузор намуд.

Дар кори ҷаласа аксарият аъзои ҳукумат, раисони кумитаҳо, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбари гуруҳи кории шаҳрӣ-Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода А.А., Раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қ., раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятиву шаҳрӣ ва як қатор соҳибкорони шаҳр ширкат доштанд.

Раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қ. сараввал ҳайати меҳмононро бо иштиродорони ҷаласа шинос намуда, тазаккур дод, ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалисозии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёду навсозӣ ва таъмиру тармими иншоотҳои мухталифи хоҷагии халқ бо маром идома дошта, гуруҳҳои корӣ мунтазам фаъолият намуда истодаанд.

Баъдан, баҳри пешбурди кори ҷаласа суханро ба Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода дода, мавсуф қаблан рӯзномаи маҷлисро ба иштирокдорон шинос намуда, ҷиҳати пешниҳоди ҳисобот оид ба фаъолияти гуруҳи кории шаҳри Кӯлоб суханро ба роҳбари гуруҳи корӣ оид ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб намояндагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуҷаббор доданд.

Номбурда, дар баромади худ кайд доштанд, ки аз рӯзҳои ба тавсиб расидани Амри Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба омодагиҳои ҳамаҷониба ба таҷлили ҷашни сиёсиву таърихӣ, Истиклолияти давлатии мамлакат дар шаҳри Кӯлоб 5-гуруҳи корӣ таъсиси дода шуда, сохтмону азнавсозии 803-иншооти гуногун, аз ҷумла мактаб, бунгоҳи тиббӣ, маркази саломатӣ, ҳуҷраи хатна, ҳаммом, сартарошхона, ошхона, майдончаҳои варзишӣ, коргоҳҳои хурди истехсолию саноатӣ, боғу гулгаштҳои нави фарҳангию фароғатӣ, кошонаи ҳусн ва дигар иншоотҳои ниёзи мардумро ба нақша ҷой дода, то имрӯз 108 адади он ба истифодаи умум қарор дод шуда, то охири сол 239 бинову иншооти ҷашнӣ ба истифода супорида мешавад.

Дар ҷараёни доиршавии ҷаласаи якҷоияи фаъолони шаҳри Кӯлоб бо ширкати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари гуруҳи кории байниидоравӣ дар шаҳри Кӯлоб, оид ба таконбахшии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, беҳтарсозии сатҳи зиндагии аҳолӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии шаҳри Кӯлоб-муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин гузориши муфассал дода, иброз доштанд, ки тибқи нақшаи таҳиягардида корҳо амалӣ гардида истодаанд.

Инчунин раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо кӯшиш менамоем, ки ҷиҳати боз ҳам зебову назаррабо намудани шаҳри худ тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ намоем.

Ҷаласаи гуруҳи корӣ таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо фаъолони шаҳру деҳот ва соҳибкорони ватанӣ бо вазифагузориҳо ҷиҳати ҳалли мушкилотҳои ҷойдошта ба масъулони Вазорату кумитаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб хотима ёфт.

                                                                                                                   Бахши матбуотӣ

 

 

 

 

 

 

 

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code