ПУШТИ ҲАМАИ КОРҲОИ ИФЛОС ҲАТМАН МАНФИАТҶӮЁН ИСТОДААНД!

Боиси таассуф ва нигаронист, ки дар ҷомеаи имрӯза гурӯҳу гурӯҳбозӣ зиёд гардида, ба ҳаёти осоиштаи мардум хатар эҷод мекунанд. Мисоли одии ин, ҳодисаҳои солҳои 90-ум мебошад, ки зарарҳои зиёдро ба бор овард. Сабаби ин пеш аз ҳама, гурӯҳҳои тундагаро мебошад, ки бо дастуру супоришҳои хоҷагонашон кору фаъолият мебранд. Бояд қайд кард, ки имрӯзҳо ифротгароӣ дар тамоми кишварҳои олам, махсусан кишварҳои исломӣ доман паҳн намуда, афроди зиёде аз таъсир ва пайомадҳои нохуши он қурбонии ин зуҳурот мегарданд, ки ин ҳолат хеле нигаронкунанда мебошад. Омилҳои зиёде, аз қабили ҷаҳонишавӣ, фақру нодорӣ, ҷаҳлу бесаводӣ ва паст будани маърифати динӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии мардум, миллатгароӣ ва авҷ гирифтани таассуби динӣ ва хурофот, вусъат ёфтани доманаи фарогири шабакаҳои интернетӣ, рақобати абарқудратон баҳри ба даст овардани манфиатҳои сиёсию иқтисодӣ ва ғайра муҳаррики асосии авҷ гирифтани ин зуҳурот мебошад.

Дар таблиғи фикру ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар ҳар минтақаҳои давлат корбарӣ намуда, ин андешаҳои ҷавононро таблиғ ва интишор мекунанд. Айни замон гурӯҳҳои террористӣ барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд ва мақсади асосии ин гурӯҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист.

Махсусан барои гирифтани нуқтаҳои коркарди нафту газ ва дигар сарватҳои зеризаминӣ, ки миллиардҳо арзиш доранд ҷаҳд мекунанд. Лекин пеш аз гирифтани бойгариҳои ҳар як сарзамин, аввал ҳамон минтақаро хароб гардонида, ба ҷангҳои бародаркушӣ, бесарусомонӣ ва поймолкунии ҳуқуқҳои инсонӣ оварда мерасонанд.

Аз ин рӯ, моро месазад, ки ҳамеша пайи корҳои нек гашта, пуштибон аз имрӯзи мамлакати тинҷу осудаи хеш бошем.

Ромиш Сафарзода
докторант

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code