Раванди кишту кори баҳорӣ дар шаҳри Кӯлоб

Имсол барои кишоварзони шаҳри Кӯлоб баҳри кишту кори баҳорӣ боду ҳаво мусоид гардида, деҳқонон бо завқи баланд ба кишти баҳори машғуланд.

Кишоварзони шаҳри Кӯлоб тасмим гирифтаанд, ки тибқи дурнамо дар майдони 3000 га кишти пахта гузаронанд.

Дар баробари ин дар майдони 130 га кишти полезӣ ва дар майдони 2557 га кишти ғалладонагӣ (гандум, ҷав, ҷуворимакка, лубиёгӣ, шолӣ) тибқи дурнамо ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумора, то ба имрӯз кишти пахта 1737 иҷро гардида, ҳамарӯза хоҷагидорон дар майдони 170-200 га кишти пумбадона мегузаронанд.

Ҳамзамон, дар майдони 62 га кишти полезӣ ва дар майдони 2742 га (барзиёд) кишти ғаладонагӣ гузаронида шуда, корҳо идома доранд.

Кишти картошка, пиёз, сабзӣ ва карам ба ҳолати 09 апрели соли ҷорӣ тибқи дурнамо ба пуррагӣ иҷро гардидааст.

Дар Ҷамоати деҳоти Зарбдор тибқи дурнамо кишти пахта 624 га ба нақша гирифта шуда, дар майдони 556 га кишт гузаронида шудааст. Кооперативи тиҷоратии истеҳсолии «Сабз»-и Ҷамоати мазкур аз ҳисоби заминҳои тобеи худ дар майдони 110 га кшти пахта гузаронида, корҳо идома дорад.

Дар дигар хоҷагиҳои деҳқонӣ низ кишту кори баҳорӣ бо маром идома дорад.

                                                                                          Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code