Баргузории гуштини миллӣ дар шаҳри Кӯлоб

Санаи 7-уми апрели соли 2019 дар Ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб мусобиқаи гӯштини миллӣ, бо иштироки паҳлавонони шинохтаи тоҷик ва хориҷи кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хоса ташкилу роҳандозӣ карда шуд. Дар он беш аз 50000 (панҷоҳ ҳазор) нафар дилбохтагони варзиши суннатӣ иштирок намуда, аз ин оини аҷдодӣ тарафдорӣ карданду баҳра бурданд.

Пеш аз оғози мусобиқа аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дарҷ гардид, ки бо мақсади амали намудани дастуру супоришҳои Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонону варзишгарон, эҳёи суннатҳои мардуми тоҷик ва муаррифии дастовардҳои онҳо ин тадбири варзишӣ соли дуюм аст, ки дар деҳаи Мири поки ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб баргузор карда мешавад.

Маврид ба ёдоварист, ки ба мусобиқоти имрӯза паҳлавонони номдори Тоҷикистон ба монанди Расул Боқиев, пайвандони ҷаҳонпаҳлавон Сайидмуъмин Раҳимов шоирону нависандагон, собиқадорони ин риштаи гӯштин ва дигар варзишгарони номдори дохилию хориҷӣ ба ҳайси меҳмони фахрии мусобиқот даъват гардида ба онҳо тӯхфаҳои дастандаркорон тақдим карда шуд. Чун анъанаи ниёгон, пирони рӯзгордида, ки солҳои пеш ба ин риштаи варзиш машғул буданд, ба майдон баромада, намунаи паҳлавонии мардуми тоҷикро ба ҳозирин намоиш доданд.

Дар идомаи мусобиқа паҳлавони ҷавону умедбахши кишвар Ҷаҳонгир Маҷидов баъди ба даст овардани 3 ғолибият бар рақибони аз Ӯзбекистон ва ду ғолибият бар рақибони тоҷикистонӣ роҳхати мубориза ниҳоӣ барои шоҳҷоизаро ба даст овард. Дар ин давр Ҷаҳонгир бо паҳлавони шинохтаи кишвар Фирдавс Насимов вориди майдон гардиданд, ки ӯ низ ду ғолибият бар рақибони ӯзбекситонӣ ва ду ғолибият бар рақибони тоҷикистонии худ дошт.

Дар фарҷоми мусобиқа ба Фирдавс Насимов муйяссар гардид, ки бо як партофти зебои худ ғолибият ба даст оварда, соҳиби автомашинаи сабукрави “Мерседес” гардад. Дар вазъияти тантанавӣ ғолиби ин рақобат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Давлаталӣ Сироҷов бо калиди автомашинаи сабукрав қадршиносӣ карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқа паҳлавонони дигари мамлакат ба монанди Кароматулло Ҳакимов, Комрон Карликов, Одил Сафаров, Шарифҷон Назриев, Ҳоҷӣ-Машраб Раҳмонов, Шоҳрухи Амирхон, Амонулло Азимов ва дигар паҳлавонони номдори кишвар ҳунарнамоӣ намуда, баъди ҳар як ғолибият бо тӯҳфаҳои пуливу молӣ сарфароз гардонида шуданд.

Мусобиқа зиёда аз 8 соат давом кард.

                                                                                     Бахши мактбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code