«Корвони саломатӣ» дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид

Санаи 8-уми апрели соли ҷорӣ бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар дар доираи баргузории «Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ» дар шаҳри Кӯлоб бо ҷалби сармутахассисони соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявӣ, устодони баландпояи муассисаҳои олии таълимии тиббии ҷумҳуриявӣ чорабинии марказонидашудаи тиббию машваратӣ-“Корвони саломатӣ” дар назди маркази саломатии №2 шаҳри Кӯлоб  баргузор гардид.

Дар он мизоҷон аз шаҳр ва ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ташриф оварда, табибони оилавӣ, табибони кӯдакона, табибони шуъбаҳои таваллудӣ, момодоя ва инчунин момодояҳои маркази солимии репродуктивӣ, ҳамзамон барои гузаронидани ташхиси ултрасадо, ташхиси сабти барқии дил, озмоишгоҳҳо, хатна ва ҷароҳӣ дар марказҳои саломатии шаҳр таъсис дода шуда, ин имкон дод, ки аҳолӣ ба ташхису машварат ва маслиҳати ройгон фаро гирифта шаванд.

Дар маҷмуъ давоми рӯз 7043 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуда, ба 4904 нафари он машваратҳои табибон гузаронида шуд. Дар баробари ин ба 2139 нафар муроҷиаткунандагон амалётҳои тиббӣ аз рӯйи ҷарроҳии калонсолон, хатна, ташхиси ВНМО, ташхиси хуни донорӣ ва таҳлили хун, ташхиси ултрасадо (УЗИ), ҷарроҳии чашм, тибби халқӣ ва ташхиси диабети қанд гузаронида шуд.

Инчунин ба 10 нафар шахсони маъюб аробачаҳои маъюбӣ тақдим карда шуд.

Ин иқдоми наҷиб ба сокинон шароит фароҳам овард, ки аз ташхиси тиббӣ ба таври ройгон гузашта, вазъи саломатии худро беҳтар гардонанд.

                                                                                     Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code