Тарбияи насли худогоҳ-кафолати рушди давлат

Бо мақсади иҷрои нишондоди “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷтикистон барои солҳои 2016-2020” бо иштироки аҳли илму адаб  Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Кашоффи падидаҳои наврас» дар қаламрави ҷумҳуриямон  доир гардида истодааст.

Дар доираи Фестивали мазкур мувофиқи нақшаи таҳрезишудаи бахши Раёсати фарҳанги минтақаи Кӯлоб дар мувофиқа бо Раёсати маориф дар тамоми муассисаҳои фарҳангӣ ва таълимии миёнаи умумӣ як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ, конференсияҳо, вохӯриҳо ва озмунҳо баргузор гардида буданд.

Санаи 5 апрели соли 2019 дар толори машваратии Муассисаи давлатии “Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб”  қисмати ҷамъбастии озмунҳои Фестивал бо як  шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.

Дар он хонандагону наврасоне, ки дар даври аввали озмун фаъолона ширкат варзиданд, дар даври ҷамъбастӣ аз рӯйи наминатсиаҳои рассоми беҳтарин, хабарнигори беҳтарин, ровии беҳтарин ширакат варзида, ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо  “Ифтихорнома” ва тӯҳфаҳои  хотиравии Раёсати фарҳанги минтақаи Кӯлоб, Китобхонаи вилоятии бачагона  сарфароз гардонида шуданд.

Инчунин ғолибон  ба даври ниҳоӣ,  ки дар  шаҳри Душанбе баргузор мегардад аз тарафи кумитаи тадорукоти Фестивал роҳхат гирифтанд.

Фестивал баёнгари ҳақиқӣ ва воқеии гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, доир ба тарғиби фарҳанги миллӣ, гузаронида шуд.

Саодат Абдуллоева –муовини  директори Муассисаи давлатии

 ,,Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи

 Садриддин  Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб,, 

              

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code