Рушди корҳои созандагиву ободкорӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб

Ҷиҳати эълон гардиднаи «Солҳои 2019-2021 солҳои «Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар шаҳру деҳот, ҳамарӯза, корҳои ободониву созандагӣ бо маром идома ёфта истодаанд.

Дар деҳаи Саричашмаи Ҷамоати деҳоти Кӯлоб сокинон баҳри обод гардонидаи роҳҳои дохили деҳаи худ бо роҳбарии раиси кумитаи маҳал ба ҳашари дастаҷамъона баромада, 700 метр роҳро сангфар намуданд. Инчунин тасмим доранд, ки ҷӯю заҳбурҳоро аз ахлотҳо тоза карда, боқимонда роҳҳои деҳаро дар ҳамбастагӣ таъмир созанд.

Тибқи гуфтаҳои раиси маҳалла роҳи мазкур дар фаслҳои боронӣ мушкилгузар мегардид. Харакати нақлиёт ва одамон дар ҳоли ногувор қарор дошт. Аз ин лиҳоз, ба тариқи ҳашар мушкилии ҷойдошта аз байн бурда шуд.

Ҳамчунин тасмим доранд баҳри ободу зебо гардонидани деҳаи худ, ба тариқи ҳашар ва ҷалби соҳибкорон камбудиҳои ҷойдоштаро то ҷашни пурифтихори миллӣ-ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пуррагӣ бартараф намоянд.

                                                                                                        Бахши матбуотӣ                                                                          

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code