ГАДОЕВ БОЗ НАЗДИ ХОҶАГОНАШ БА ГАДОӢ РАФТ!

Ҳукумат ва роҳбарияти Тоҷикистон ба он мекӯшад, ки бо роҳу усули фаҳмондадиҳӣ ва амалҳои инсонпарварӣ раҳгумзадагонро ба роҳи росту дуруст ва ба ҳаёти воқеан инсонӣ баргардонад. Ҳатто гуноҳҳои онҳоро, ки нобахшиданист, мебахшаду кӯшиш менамояд, ки онҳо ҳамчун як шаҳрванди ватандӯсту бомасъулият зиндагӣ карданро омӯзанд ва аз роҳи торикиву ҷаҳолат баргарданд.

Аммо баъзан хоинон, ватанфурӯшон то он дараҷа аз ҷониби хоҷагони хориҷаашон мағзшӯӣ шудаанд, ки ин ҳама имкониятҳоро барои ислоҳ шудан сарфи назар карда, пайи анҷоми кирдорҳои ношоиста нисбати давлату миллати хеш мешаванд.

Яке аз онҳо Шарофиддин Гадоев мебошад, ки пас аз омадану рафтанаш ҳатто ҳурмати мӯи сафеди модарашро ба ҷо наоварда, дубора бо васвасаи хоҷагонаш кӯшиш кард ҳангомаҳои наве ба вуҷуд орад.

Шарофиддин Гадоев, ки худ ба ватан омаду узр пурсид ва надонист, ки бо он гуноҳои содир кардааш чи тавр ба чашми ҳамватанони худ назар намояд, аз шарми зиёд боз баромада рафт. Имрӯз аз дур истодаю барои гуноҳҳои худро пӯшонидан, ҳаргуна фитнаву андешаҳои дуруғинро бофтаву нисбати Ватану миллати худ раво дида, санги маломат зада истодааст. Бо ин кирдораш бори дигар ӯ исбот кард, ки ба ҷуз хоинаке дигар чизе нест. Ҳамон Гадоеви ҳаст, ки дар ба дари хоҷагони хориҷиаш гадоӣ карда мегардад. Бояд гуфт, ки чунин хоинон ҳамеша ва дар ҳама ҷой ватангадо мемонанд.

Фикр мекунам, ягон қавми одамизод, бо ҳаммиллати худ, ҳамхуну бародари худ, ҳамсояву хешу табори худ чунин муносибат накардааст, ки наҳзатиҳои лаънатӣ карданд!!!

Наҳзатиён дар ҳақиқат ҳарис ва ҷоҳталаб ҳастанд. Онҳо барои расидан ба мақсадҳои касифашон омодаанд садҳо ҷавонони раҳгумзадаеро мисли Гадоев қурбон кунанд. Барои Гадоев чунин як шонси ислоҳ буд, аммо худашро “саги вафодори шайтон” нишон додани шуда, ба назди “соҳибонаш” баргашт. Соҳибоне, ки ин ҳама “садоқат”-ашро ба як тини пучак намехаранд ва бовар дорам баъди чанде боз пушаймон хоҳад шуд, вале…

Рустамов Фахриддин – узви гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code