Таъсиси фермаи паррандапарварӣ дар шаҳри Кӯлоб

Таъмини мардум бо маводи ғизоӣ яке аз ҳадафҳои муҳими стартегии Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, баҳри амалӣ гардидани ин ҳадафи стратегӣ тамоми чораҳо роҳандозӣ гардида истодааст.

Паррандапарварӣ низ як бахши муҳими таъмини амнияти охзуқаворӣ буда, соҳаи муфид ва даромаднок маҳсуб меёбад.

ҶДММ «САМАН» бо роҳбарии  Холмуҳаммад  Одинаев дар ҷамоати деҳоти Кӯлоб аз моҳи марти соли 2018 дар майдони 10 га ба сохтмони фермаи паррандапарварӣ шуруъ намуда, айни замон корҳои сохтмонӣ ба итмом расида, васлу насби таҷҳизотҳои амалкунанда роҳандозӣ гардида истодааст.

Таҷҳизотҳои корхона аз Ҷумҳурии Туркия ворид карда шуда, як нафар мутахассиси турк низ барои васл намудани таҷҳизотҳо ҷалб гардидааст. Роҳбарияти ширкат ният доранд, фермаи паррандапарвариро то ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пуррагӣ ба истифода диҳад.

Баҳри парвариш соҳибкор чӯҷаҳоро баъди як рӯзи тавлид гардидан аз Федератсияи Россия ба корхонаи худ ворид намуда, дар ҷойи махсус нигоҳдорӣ ва парвариш менамояд. Баъди чор моҳи парвариш ба бинои дигари корхона баҳри тавлиди тухм онҳоро интиқол медиҳад.

Тибқи гуфтаҳои соҳибкор дар як маврид то 50 ҳазор чӯҷа парвариш намуда, дар марҳилаи аввал (баъди чор моҳи парвариш) зиёда аз 45 ҳазор тухм дар як рӯз истеҳсол менамояд.

Ин зоти чӯҷаҳо, мегӯяд Холмуҳаммад  Одинаев,  -ранги сафед дошта, дар оянда ҳамчун мурғони тухмдеҳ парвариш меёбанд. Бо оғози кор дар ферма  30 нафар кормандон ва дар оянда 60 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд.

Баъди пурра ба кор шурӯъ намудани корхона соҳибкор метавонад шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлобро ба тухми аълосифат таъмин намояд.

Барои истеҳсоли хӯроки парранда аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  35 га замин ҷудо карда шуда, тамоми шароитҳои зарурӣ баҳри нигоҳдошти парранда муҳайё карда шудааст.

                                                                                              Бахши матбуотӣ

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code