Танзим баракати зиндагӣ

Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб, санаи 3-юми апрели соли равон, мизи мудаввар доир ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, байни ҷавонон ва аъзоёни маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” дар Маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб баргузор намуд. Дар чорабинии мазкур беш аз 35 нафар ҷавонон ширкат варзида, оид ба муҳтавои қонуни мазкур миёни худ суҳбат баргузор намуданд.

Намояндаи бахши ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Ғуломова М. баромад намуда, ба иштирокчиён оид ба мақсаду маром ва муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза намуд.

 Ҷавонон дар рафти баргузории семинар иброз намуданд, ки пайравӣ аз қонуни мазкур имкон медиҳад, ки сатҳи камбизоатӣ аз байн бурда шавад ва сатҳи иқтисодиёти мардум беҳтару хубтар гардад.

Чунин семинару машваратҳо мунтазам аз ҷониби шуъбаву бахшҳои дахлдорӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар мавзуъҳои мубрами рӯз амалӣ карда мешавад.

                                                                                     Бахши матбуотӣ                                                                 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code