Кӯмак ба эҳтиёҷмандони шаҳру деҳоти Кӯлоб дар арафаи иди байналмилалии Наврӯз

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва анъанаҳои ҷашни Наврӯзӣ дар  борхалтаҳои идона ба ятимони кулл, маъюбон, шахсони яккаву танҳо, оилаҳои эҳтиёҷманд ва мактаб- интернатҳо кӯмакҳои зарурӣ расонида шуд.

Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар якҷоягӣ бо соҳибкорони шаҳру деҳоти Кӯлоб ба 124 оилаҳои камбизоат, 80 нафар ятимони кулл, 139 нафар нобиноён ва 127 нафар шахсони яккаву танҳо кӯмакҳои моддию молиявӣ, аз қабили: орд равған, маводҳои хӯрока ва туҳфаҳо дар борхалтаҳои идона расонида шуд.

Ҳамзамон ба як қатор эҳтиёҷмандон либоса, аз ҷумла курта, шиму костюм низ тақдим карда шуд.

 Дар ин ҷашн ҳамагӣ  ба маблағи зиёда аз 155 ҳазор сомонӣ кӯмакҳои моддию молиявӣ  расонида шуд.

                                                                                               Бахши ҳифзи иҷтимоии

аҳолии МИҲД шаҳри Кӯлоб

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code