Бунёди Маркази фароғатию варзишии модару кӯдак дар шаҳри Кӯлоб

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба истикболи ҷашни 30-  солагии Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб омодагиҳо ҳамаҷониба роҳандозӣ гардида истодаанд.

Дар маҳаллаи Шамсиддин Шоҳини шаҳри Кӯлоб соҳибкор Ҳасанова А. баҳри таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва зиннату ободӣ бахшидан ба ҳусни шаҳр як адад бинои сеошёна бо тарҳи замонавӣ сохта, ният дорад то ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иншооти худро ба пуррагӣ ба истифода диҳад.

Соҳибкор мақсад дорад, ки ошёнаи якуми биноро ҷойи хӯрокҳои тезтаёр бо омода намудани хӯрокҳо аз қабили гамбургер, чизбургер, бигбургер, шаурма, питса ва ғайраҳо пешкаши мизоҷон гардонад.

Дар қабати дуюми бино тибқи лоиҳа маркази фароғатии кӯдакон ва дар ошёнаи сеюм бошад толори варзишии занона, кошонаи ҳусн, толори арӯсӣ ва ҳамоми занона таъсис дода, ба истифода диҳад.

Дар назди бинои мазкур, инчунин як ҳуҷраи ултрасадо (узи) низ барои ташхиси занона таъсис дода шудааст.

Баъди ба пуррагӣ оғоз гардидани корҳо дар ин бино зиёда аз 40  нафар ба ҷойи кор таъмин карда мешаванд.

Бахши матбуотӣ  

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code