НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР МУБОРИЗА БА МУҚОБИЛИ ТЕРРОРИЗМ

Хатари терроризм имрӯзҳо тамоми оламро фаро гирифта аст ва давлате нест, ки аз ин падидаи номатлуб эмин бошад. Ин вабои аср ва раванди хеле нигаронкунанда ҷомаи ҷаҳониро ба ташвиш ва таҳлука андохта истодааст ва барои пешгирии ин ҳодиса мамолики дунё роҳҳои гуногунро пеш гифтаанд, зеро агар ҷомаи ҷаҳонӣ якдилу якмаром набошанд, роҳи ин хатари   марговар ва хунинро гирифтан номумкин аст.

   Тоҷикистон чун як узви ҷомеаи ҷаҳонӣ, барои пешгирӣ ва решакан кардани ин вабои аср худро дар канор нагирифта, муборизаро алайҳи терроризм ва ифротгароӣ пурзур намуда истодааст.

Терроризм ва экстремизм дар дохили ягон дину мазҳаб вуҷуд надорад, аммо бо ҳидояту дастгирӣ ва тарафдории ашхоси алоҳида, созмону ҳаракатҳои манфиатхоҳ ва гурӯҳҳои ҷудоиандозу мансабталош ба миён меояд.

Боиси ташвиш аст, ки ҷавонон ба воситаи расонаҳои интрнетӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни террористию экстемистӣ ҷалб кард мешаванд . Метавон ҷараёнҳои ДИИШ, Толибон, Салафия, Ҳизбуттаҳрир, Ҳизби террорисии наҳзати исломиро номбар кард, ки ба сулҳу субот ва амнияти мардум халал ворид мекунанд.

Воқеан ҳам, имрӯз фурсате расидааст, ки дастаҷаъмона ба муқобили террористон мубориза барем ва нагузорем, ки ин заҳҳоксириштон мағзи ҷавононро хурда, нияту ҳадафҳои нопоки худро амалӣ намоянд.Яъне бар зидди мағзшуён ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ, ки минбари асосии худи онҳост, мубориза барем.

Агар дуруст андеша намоем, мебинем, ки ҷанги таҳмилии солҳои 90-уми асри 20-низ ки дар Точикистон сар зад, дар натиҷаи мағзшуии иддае аз манфиатхоҳони хориҷӣ сар зад. Шукрона ки Тоҷикистони азизи мо бо сарварии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон аз ин бало раҳо гашта, имрӯз мардум дар фазои сулҳу субот умр ба сар мебаранд.

Мо бояд ба ҷавонон фаҳмонем, ки ҷанг бедодиву зулму ситам қашшоқиву ятимӣ ва ғарибиву бехунумониҳоро ба бор меорад.

Мушоҳида мегардад, ки аксар давлатҳои дунё аз кабили Сурия, Ироқ, Яман, Либия, Афғонистон ва давлатҳои Африқоӣ бар асари террор ва ҷангҳо   дучори гуруснагию қашшоқӣ гардида, дар давлатҳои аврупоӣ овораю сарсонанд. Баъзан онҳо барои пораи нон ва наҷот додани ҷон дар баҳрҳо ғарқ мешаванд.

Яке аз сабабҳои пайдоиши терроризм манфиатҳои геополитикӣ буда, барои азнавтақсимкунии ҷаҳон ва дар арсаи ҷаҳон пайдо кардани нуфуз ва ба ин восита ба даст овардани нафту газ ва дигар манбаҳои даромад давлатҳои абарқудрат террор, даҳшатафканӣ, низоъ ва норомиҳоро ба миён гузоштаанд, ки имрӯз сабаби ташвиши ҷаҳониён гардидааст.

Ҷалб кардани ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои иртиҷоиву террористӣ ки   баъзан аз лиҳози мафкура ва ақида дар ҷомеа ноустувор мебошанд, хело осон аст. Азбаски ҷавонон дар бораи асолати таърихӣ, фарҳангӣ ва диниву мазҳабии хеш маълумоти кофӣ надоранд, ифротгроён аз ин ҷанбаҳо хуб истифода менамоянд.

Аксар мушоҳида мешавад, ки ҷавонон ба шабакаҳои иҷтимоӣ ворид шуда аз ин шабакаҳо танҳо шухию масхарабозӣ ва кинофилму   суруд ҷустуҷу мекунанд ва дар бораи сулҳу субот ва пешрафти ҷабҳахои мухталифи хоҷагии халқ андеша намекунанд. Аммо ҷавоноро   зарур аст, ки дар ин муборизаи иттилоотӣ ширкат намуда бетараф набошанд.

Бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолии кишвар ва фазои осоиштаи Ватан умед дорем, ки ҷавонони шарафманди Кӯлоб баҳри амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон, сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ва гиромидошти арзишҳои миллӣ талош варзида, дар пешгирии амалҳои номатлуб, аз қабили бегонапарастиву тундгароӣ, ки доғ ба миллату давлат аст, ҳамаҷониба камари ҳиммат мебанданд.

мутахасиси Раёсати тарбия Сулаймон Султон

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code