Кушодашавии Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» дар шаҳри Кӯлоб

Бо мақсади тарғиби асарҳои бачагона ҳамасола бо ташаббуси Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М.Миршакар  ва бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Фестивали  ҷумҳуриявии аз санаи 02 то 09 апрел «Ҳафтаи китоби кӯдакону  наврасони  Тоҷикистон» доир  мегардад.

Сана 02 апрели соли 2019 дар театри мазҳака ва мусиқии ба номи С.Вализодаи ш.Кӯлоб кушодашавии  Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» бо иштироки шоирони барљастаи шањри Кўлоб, омўзгорони варзида ва китобдорон баргузор гардид.     

Пеш аз баргузории чорабинӣ  меҳмонон аз намоишҳои омода намудаи муассисаҳои таълимии шаҳр, китобхонаи вилоятии бачагона,  муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон  ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб» дидан намуданд. Дар намоиш асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муњтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳунари дастии хонандагон, адабиётҳои бачагона , ки ҳамагӣ таҷассумгари таърихи халқи тоҷик дар роҳи ба даст даровардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҷомеаи навини моро ба сӯи бунёдкорию созандагӣ, худшиносию худогаҳии миллӣ тарбия намуда, фарҳанги пурғановати миллиро муаррифӣ менамоянд, дар маърази тамошои хонандагону иштирокчиёни ҷамъомади тантанавї гузошта  шуд.

Мақсад аз баргузории фестивал  ҷалби  насли  наврас ба мутолиаи китоб, бедор намудани ҳисси эҳтиром нисбат ба китоб, хониш, каломи бадеъ, омӯзиш ва таҳқиқи мероси гаронмояи таърихию фарҳангии халқи тоҷик, тарғибу ташвиқи арзишҳои волои фарҳанги миллӣ ва умумибашарӣ, инчунин рассомиву кашшовї мебошад.

Дар  рафти фестивал  узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон,  шоир-Ҳақназар Ғоиб баромад намуда, тамоми ҳозиринро бахшида ба кушодашавии Фестивал шодбош намуд. Дар баробари ин аз ашъори хеш порчаҳои шеъриро дар мавзўъњои инсондўстиву илмомўзї қироат намуданд. Дигар шоирон низ баромадњо намда, завќу шавќи кўдакону наврасонро ба эљодкориву иломўзї ва китобдўстї дучанд гардониданд.

 Ҳамзамон хонандагони макотибҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр ва наврасони кӯдакистони назди ДДК бо шеъру тарона, рақсу суруд хотири ҳозиринро шод намуданд.

 Саодат Абдуллоева – муовини директори Муассисаи давлатии ,,Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри  Кӯлоб,,

SAMSUNG DIGITAL CAMERA

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code