Баргузории марҳилаи якуми Фестивали бозиҳо ва мусобиқаҳои милии варзишӣ дар шаҳри Кўлоб

Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб марҳилаи якуми Фестивали бозиҳои милии варзишӣ ва мусобиқаҳои варзиширо дар шаҳр баргузор намуд.

Бояд қайд кард, ки мувофиқи барномаи таҳиянамуда, санаи 30-31-уми марти соли равон, марҳиллаи якуми Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб гузаронида шуд. Дар як гушаи Варзишгоҳи марказӣ варзишгарони наврас машғули бозиҳои варзишии миллӣ аз рӯи намудҳои  шамшербозӣ, хурусҷанг, чиликдангал, ланкабозӣ, биҷилбозӣ, камонғулак, ҳойталак ва бандпарак гардида, дар гушаи дигари Варзишгоҳ мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои вазнабардорӣ, дастхобонӣ, бандкашӣ ва варзиши сабук  гузаронида шуданд.

Лозим ба зикр аст, ки мусобиқаҳои миллӣ -варзишӣ аз рӯи намудҳои гуштини миллӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51 ва мусобиқаи миллии варзишии шоҳмот дар толори варзишии муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Кӯлоб дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронида шуданд.

Дар марҳиллаи якуми Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ зиёда аз 1000 нафар ҷавонону варзишгарон ва беш аз 750 нафар тамошобинон иштирок намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ баҳри болидагии хотири ҷавонон ва варзишгарон чорабинии фарҳангӣ низ гузаронида шуд.

Чорабиниҳои варзишӣ баҳри солимии ҷомеа ва махсусан насли наврас  зери таваҷуҳ қарор гирифтааст.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code