Рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб корҳои соҳилмустаҳкамкуниро дар минтақаҳои осебпазири шаҳру деҳоти Кӯлоб зери таваҷҷуҳ қарор дода, дар ин самт корҳо баҳри бартараф намудани хавфи офатҳои табиӣ амалӣ гардида истодаанд.

Дар асоси нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб «Оид ба мустаҳкам намудани соҳилҳои дарёи Ёқсу дар ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Кӯлоб»,  ба мавзеи Фурӯдгоҳ ва ДСК (комбинати ханасозӣ)-и шаҳри Кӯлоб 3-адад экскватор, 1-адад булдозер, 4-адад мошини боркаш  ва мошини борбардор сафарбар карда шуда, ҳамарӯза корҳои соҳилмустаҳкамкуниро амлӣ намуда истодаанд.

Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеъи Фурӯдгоҳ, ки дарозиаш ба масофаи 1000 метр мерасад, то имрӯз дар 725 метри он корҳои заминӣ ба анҷом расида, корҳо идома доранд.

Санаи 19 марти соли 2019 дар соҳили номбурда барои паст кардани суръати ҳаркати об бо истифодаи 48 адад тахтасангҳо дандонаки якуми ба пуррагӣ омода карда шуд. Дар баробари ин ба мавзеҳои номбурда 150 м3 бетонҳои колонҳаҷм низ хобонида шуд.

Дар мавзеи Фурӯдгоҳ ва ДСК (комбинати хонасозӣ)  ба ҳолати 01 апрели соли равон 200 адад симтурхалта хобонида шуда, нуқтаҳои хавфнок бартараф карда шуда истодаанд.

Дар мавзеи деҳаи Олтоули Ҷамоати деҳоти Даҳана 30 адад симтурхалта хобонида шуда, корҳои симтурхобонӣ ба анҷом расидааст.

Дар Ҷамоати деҳоти Кӯлоб 20 адад симтурхалта барои мавзеи Чорчашма ҷудо гардида, то имрӯз 13 адади он дар мавзеи номбурда хобонида шадааст.

Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҳамарӯза идома ёфта истодааст.

                                                                                       Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code