Боздид аз Муассисаи давлатии Боғи миллии “Ваҳдат” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва бунёди токзори нав

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар вилояти Суғд аз Муассисаи давлатии Боғи миллии “Ваҳдат”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид ба амал оварда, баъди шиносоӣ бо дастовардҳои коргарон токзори нав ва боғи суперинтенсивии дарахтони гелосу шафтолуро бунёд карданд.

Дар токзори нав, ки дар масоҳати 5 гектар бунёд гардид, ангури навъҳои “шоҳона”, “ҳусайнии сафеду сурх”, “кишмиши сиёҳ” ва “победа” шинонида шуд.

Тибқи маълумоти коргарони боғ, дар ин ҷо аз таҷрибаи бой ва ниҳолҳои боғдорони шинохтаи шаҳри Турсунзода истифода карда мешавад. Аз рӯйи нақша, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бояд дар майдони 30 гектар токзори чунин ангурҳо бунёд мегардид, вале имрӯз аллакай майдони он ба 47 гектар расонида шудааст.

Майдони умумии боғи миллии “Ваҳдат” 631 гектарро ташкил медиҳад, ки дар он, аз ҷумла дар 364 гектар зардолу, 48 гектар шафтолу, 35 гектар себ, 5 гектар гелос, 12 гектар олу ва дар 10 гектар ангур парвариш карда мешавад.

Акнун дар ин ҷо бо ҳидояти Сарвари давлат бунёди токзор васеъ ба роҳ монда мешавад ва ҳосил аз ин боғҳо ба содирот нигаронида шудааст.

Имрӯз ҳамчунин дар ҳудуди Боғи миллии “Ваҳдат” Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди боғи нави суперинтенсивӣ оғоз бахшиданд.

Дар майдони 1,3 гектар дарахтони гелос ва дар масоҳати 1,3 гектари дигар шафтолу шинониданд. Дар маҷмӯъ дар боғи нави суперинтенсивӣ 6 ҳазор дарахт шинонида шуд.

Ҳамаи ниҳолҳои дарахтон аз Полша ва Канада ба ҷумҳурӣ ворид карда шудаанд.

То имрӯз дар ҳудуди боғ бо ҳидояти Пешвои миллат гармхонаҳо барои парвариши помидору бодиринг, сардхона бо ғунҷоиши то 300 тонна маҳсулот, се ҳавзи парвариши моҳӣ ва дигар иншооти муҳим бунёд гардида буданд. Дар муассиса 80 нафар ба таври доимӣ ва 60 нафар ба таври мавсимӣ ба кор ҷалб карда шудаанд.

Баъди бунёди боғоти нав дар Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарон барои истифодаи самараноки имкониятҳои мусоид дастуру супоришҳои муфид доданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code