Ободкорӣ баҳри рушди деҳот

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои бунёдкорию созандагӣ, таъмиру таҷдиди роҳҳо,  равшаннамоии кӯчаву хиёбонҳои шаҳру деҳот  маҳамарӯза амалӣ шуда истодаанд.

Дар Ҷамоати деҳоти Даҳана бахшида ба эълон гардидани “Солҳои 2019-2021 солҳои “Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” баҳри ободу зебо гардонидани деҳоти худ, таъмиру таҷдиди роҳҳо аз ҷониби соҳибкорон ва сокинон ҳамарӯза корҳо вусъат дорад.

Санаи 29-30 уми марти соли 2019 дар деҳаи Камари Ҷамоати деҳоти Даҳана ба тариқи ҳашар ва дастгирии соҳибкорони деҳа ҷиҳати обод намудани деҳаи худ 1,5- километр роҳҳои дохилӣ сангфарш карда шуд.

Бо ин маром, сокинони деҳаи Файзободи Ҷамоати мазкур  низ баҳри аз байн бурдани мушкилоти деҳаи худ 2- километр роҳҳои дохилӣ, ки дар фаслҳои сармо боиси мушкилоти ҳаракати нақлиёт ва сокинон мегарид, аз тарафи соҳибкорони деҳа сангфарш гардиданд.

Корҳои созандагӣ ва ободкорӣ дар дигар деҳаҳо низ идома ёфта истодааст.

Бахши матбуотӣ

 

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code