Бунёди бинои баландошёна дар маҳаллаи Ш. Шоҳини шаҳри Кӯлоб

Бо мақсади  иҷрои  Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП-1059 дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб оид ба бунёд, сохтмон ва таъмири асосии иншоотҳои иҷтимоие, ки ба ифтихори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаву маҳаллаҳо ва деҳаҳои шаҳи Кӯлоб дар солҳои 2018 – 2021 ба нақаша гирифта шудааст, ҳамрӯза корҳо амлӣ шуда истодаанд. ҶДММ «Ориён- Рустам» ба ифтихори ин ҷашни пурифтихори миллӣ тасмим гирифтааст, ки дар маркази шаҳр як бинои баландошёна бо тарҳи замонавӣ сотха ба истифода диҳад.    

Тибқи ин мақсади созанда ҶДММ «Ориён-Рустам» бо қарори раиси шаҳр аз 27 феврали соли 2019, №17 дар маҳаллаи Ш.Шоҳин айни замон корҳои сохтмониро оғоз намуда, мақсад дорад, ки  дар баробари хонаи истиқоматӣ, инчунин нуқтаи хизмати маишӣ, нуқтаи хушкашӯии кимиёвӣ (химчистка) ва маркази савдову хизматрасонӣ то ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумуҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода диҳад.      

ҶДММ «Ориён- Рустам» тасмим дорад, ки атрофи биноро бо сафолакҳои замонавӣ ва дарахтони ороишӣ зиннат дода, ҳамчунин дар назди бино майдончаи бозии кӯдакона низ таъсис диҳад.         

Бо сармоягузории ҶДММ «Ориён-Рустам» сохтмони бинои мазкурро ширкати сохтмонии ҶДММ «Сомон зуҳайл сохтмон» ба уҳда гирифтааст.                                                                                     

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code