СОЗМОНҲОИ ҲОМИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАРҲИЛАИ НАВБАТИИ ҶАНГИ

Ё худ “ҳуқуқи башар” формулаи навбатии ҳимояи “расмӣ”-и ҷосусони хориҷӣ дар доираи “Нақшаи Лиоте”

Солҳои охир созмонҳое “ҳимоягар”-е зери ниқобҳои “ҳуқуқи башар”-у “озодии инсон”-у монанди инҳо пайдо шудаанд, ки дар зоҳир бисёр номҳои хубу ҳадафҳои олӣ доранд. Аммо амалан, як дастгоҳҳои сунъии “изҳоротпахшкунак”-у “идеяпардоз”-еанд, ки ҷиҳати пуштибонии маънавии як гурӯҳ хоинони давлату миллат аз тарафи хоҷагони хориҷиашон ташкил ва сармоягузорӣ шуда истодаанд. Ин усул дар робита ба Тоҷикистон нисбатан нав намояд ҳам, вале мутаносибан дар раванди “ҷанги сард” ним аср боз шакл гирифтааст. Ҳамин хел як гурӯҳи созмону созмончаҳое, дар хориҷи кишвар сохта шудаанд, ки агар номашон ҷаҳонӣ ҳам бошад, вале “таваҷҷуҳашон” бештар ба давлатҳои ба қавле “блоки сурх” (давлатҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Созмони ҳамкориҳои Шанхай) нигаронида шудаанд. Мақсад: шиддатнок кардани фазои иттилоотӣ, ноустувор сохтани ҳамгироии ҷомеа, ба сангарҳои тақсим кардани қишрҳои гуногун, идоранашаванда сохтани фазои сиёсӣ, ихтилофангезӣ миёни мардум, умуман ба вуҷуд овардани ҳисси нобовариву бетартибӣ дар ҷомеа ва аз ин роҳ пайгирӣ намудани ҳадафу мақсадҳои ғосибонаи худ. Барои Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки дар моварои сиёсатҳои бартариҷӯёнаи абарқудратҳои Ғарбу Шарқ қарор дорад, ин раванд аллакай ба омили хатар ба манфиатҳои миллӣ табдил ёфтааст.

“Фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ” аз нигоҳи созмонҳои “ҳомии ҳуқуқи башар”

Агар ба мафҳуми “Ҷомеаи шаҳрвандӣ” мантиқану амиқан назар афканем, ҷомеаи шаҳрвандӣ ин фазои бозу озодест, ки шаҳрванд дар доираи тартибу меъёрҳои муайяншудаи қонун дар созандагиву бунёдкорӣ ва рушду ободии кишвараш бо истифода аз нерӯи ақливу зеҳнӣ ва ҷисмонии худ саҳм мегузорад. Фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ бошад, шахсест, ки дар иҷрои кору амалӣ созанда ба манфиати кишвару ҳамватанонаш нисбатан фаъолтар аст. Агар ба ҳолати имрӯзаи Тоҷикистон мисол гирем, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ онҳое ҳастанд, ки ба истиқболи ҷашни бузурги давлатиамон – 30-солагии Истиқлоияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохтмони муассисаҳои иҷтимоӣ, роҳу пулҳо ва дигар корҳои созанда машғул буда, дар баробари ин, аҳли ҷомеаро ба риояи қонунҳо, аз ҷумла қонунҳои миллӣ, корҳои созандагиву бунёдкорӣ, кӯмак ба эҳтиёҷмандон, адои хизмати Модар-Ватан дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва давлатдории миллӣ, пардохти саривақтии андозу ҳаққи дигар хизматрасониҳои иҷтимоӣ, эҳёи суннатҳои милливу асолатмандӣ, баланд бардоштани ҳисси ифтихор аз ватандорӣ ва амсоли инҳо ҳидоят мекунад. Оё созмонҳои ба қавле “байналхалқии ҳуқуқи башар”, ки рисолаташон ҳимояи як гурӯҳ террористону бадхоҳон ва дуздону роҳзанҳо ба хотири каҷ нишон додани воқеиятҳост, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандиро дар шакли дар боло зикршуда тавсиф мекунад?! Ҳаргиз не? Ба қавлу таблиғи ин созмонҳои “озод”-и хоҷадор “фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ” бояд ҳатман зидди давлату миллаташ иғвогарӣ кунад, манфиатҳои миллии халқу ватанашро зери по намояд, фитна ангезад, дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ монеа эҷод кунад, ҳисси ифтихори ватандориро дар вуҷуди ҷавонон кам кунад, дар роҳи сафарбаршудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ аз роҳҳои даҳшатафканӣ монеа эҷод созад, дар барҳам задани Ҳукумати конститутсионӣ бо роҳи зуриву табаддулот кӯшиш кунад, ба анҷом додани амалҳои террористиву экстремистӣ ва ҷосусӣ алайҳи ватанаш ҳамеша омода шавад, харидану фурухтанаш имконпазир бошад ва ғайра. Бале, маҳз чунин шахсонро ин созмонҳои бо ном “ҳомии ҳуқуқи башар” ба таври худ “фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ” мегӯянд ва пайваста дар ҳимояи “ҳуқуқҳояшон” талош меварзанд.

Мисол мехоҳед? Марҳамат. Имрӯзҳо ин “ҳомиёни ҳуқуқи башар” тақозо доранд, ки як дузде бо номи Зайд Саидов аз зиндон озод карда шавад. Якбора 9 адад чунин “созмони хайрхоҳ”, ки дар баъзе онҳо рӯйирост намояндаҳои ташкилоти террористии наҳзати исломӣ “роҳбар” ҳастанд тақозои озод кардани террористи наҳзатие бо номи Маҳмадалӣ Ҳаитро доранд. Бояд ёдовар шуд, ки Маҳмадалӣ Ҳаит ва дигар роҳбарони ташкилоти террористиву экстремистии наҳзати исломӣ моҳи сентябри соли 2015 баъд аз ноком шудан дар интихоботи парлумонӣ бо дастуру раҳнамоӣ ва маблағгузории хоҷагони хориҷиашон нияти анҷом додани табаддулоти ҳарбиро доштанд, ки хушбахтона ноком гаштанд.

Бубинед, барои онҳо шаҳрванде, ки дар ватанаш мактаб месозад, бунгоҳи тиббӣ месозад, сеху корхона месозад, роҳу пулҳо бунёд мекунад, дасти дармондагонро мегирад ва дигар корҳои созандаро анҷом медиҳад ба ҳеҷ ваҷҳ фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ набуда, кадом як оқипадари фитнагаре ба мисли Шарофиддин Гадоеву Муҳиддин Кабирӣ ва Ҳаит, ки ба ҷойи ободии Ватан дар фикри сӯзондану вайрон кардани онанд, дар пайи рехтани хуни ҳамватанони худанд ва бар зидди Тоҷикистон ҷосусӣ мекунанд, шуданд “фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ”. Аҷаб мантиқе доранд ин созмонҳо! Дар Ироқу Сурияву Украина ҳам дастгирии чунин “фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ” аз тарафи ҳамин “ҳомиёни ҳуқуқи башар” буд, ки кишварҳоро ба буҳрони амиқи сиёсиву иқтисодӣ рӯбарӯ карда, мардумашро дар коми хатари марг қарор доданд. Бо назардошти ин, таклиф мекунам, минбаъд чунин созмонҳо ба унвони созмонҳои ҷосусиву иктишофӣ шинохта шаванд, на созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар.

Мо ва “ҳамватанон”-и мо

Як нуктаи нозуке ки ин созмонҳои ҷосусии бо ном “ҳомии ҳуқуқи инсон” пайваста истифодаву сӯистифода мекунанд, ин мансубияти милливу шаҳрвандии шахси “мавриди назар”-ашон аст. Муҳоҷират ва қоидаҳои сохтаашон дар мавриди “паноҳандагии сиёсӣ” бошад, як қатор “имконият”-ҳои дигарро барояшон фароҳам меорад. Агар яке аз рӯи эҳтиёҷ бошад, яки дигар аз рӯи ҳаваси дар давлатҳои пешрафтаи аврупоӣ зистан, чун ҳисси ватандорӣ дар дилаш манқуртвор мурдааст, кӯшиш мекунад аз ин “имконият”-ҳо истифода барад. Ҳатто як гурӯҳ ба хотири ба даст овардани шаҳрвандӣ дар кишварҳои Аврупо риш монда худро гоҳе аъзои ташкилоти террористии наҳзат муаррифӣ мекарданду то муайян шудани натиҷаҳо аз ин роҳ, бо ҳамон ришҳояшон дар сар рӯймоли занона баста ба гейпарадҳо ҳароҳ мешуданду мешаванд. Медонед созмонҳои ҷосусӣ онҳоро чӣ мегӯянд? Хоин?! Қаллоб?! Беномус?! НЕ! Онҳоро “Фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ!” гуфта, аз Тоҷикистон тақозо доранд, ки чунин “фаъолон”-ро дар ҷомеа бологузар созад! Яъне фаҳмидед аз Тоҷикистон чи тақозо мекунанд? Талаб мекунанд, ки ҳама он корҳои созандагиву бунёдкорӣ, нақшаҳо ҷиҳати бунёди пурраи НБО “Роғун”-у истиқболи шоиста аз 30-солагии Истиқлолияти давлатиро як сӯ гузошта, мардумро ба митингбозиву фитна миёни ҳамдигар ва гейпарадташкилкунӣ ҳидоят кунем. Барои чи? Барои он ки якчанд тоҷики “баномус” дар Аврупо бо ҳидояти созмонҳои ҷосусӣ чунин “хоҳиш” доранд! Ба иборае, “аз мост, ки бар мост”! Вале саволе ба миён меояд, ки магар онҳо ҳанӯз “аз мо” ҳастанд? Фикр мекунам, не! Ҳарчанд аз номи тоҷику Тоҷикистон сӯистифода мекунанд, дигар онҳо на аз миллати тоҷиканду на аз Тоҷикистон. Онҳо дигар моли “ҳалол”-и хоҷагони хориҷиашон ва василаи ҳангомасозии ҳамин созмонҳои ҷосусӣ ҳастанд!

Ҷанги сард дар асри XXI

Гурӯҳе аз соҳибназарони хушбин бо аз байн рафтани ИҶШС ҷанги сардро тамомшуда ҳисобиданд. Аммо бо гузашти солҳо собит гашт, ки ҷанги сард тамом нашуд, балки аз як марҳила ба марҳилаи дигар гузашт. Агар он солҳо ҷанги сард дар як ҷабҳа мерафт, пас ҳоло ҷанги сард дар даҳҳо ҷабҳаҳо идома дорад, чунки ҷаҳон ҳам бисёрқутба шуд. Агар замоне “Нақшаи Лиоте” барои пура пошхӯрии ИҶШС равона шуда буд, дар асри XXI ин “нақшаи дарозмуддат” ба хотири аз дохил барҳам задани суботи сиёсӣ дар баробари даҳҳо кишвари “мавриди назар” амалӣ шуда истодааст. Натиҷаи ҳамин нақша аст, ки чандин кишвари ободу осуда танҳо дар як даҳсолаи охир ба кишварҳои ҷангзадае бо мардуми овора табдил ёфтанд.

Мутаасифона, Тоҷикистони соҳибистиқлол низ ҳамчун кишвари ру ба рушд аз доираи ин нақшаҳои манфиатхоҳон канор монда натавонист ва аввалин зарбаҳоро баъди пошхурии ИҶШС дар худ эҳсос кард. Оё фикр мекунед он солҳо якчанд ришдори саллабасар зери роҳбарии ташкилоти террористии наҳзати исломӣ бо яроқу аслиҳаҳояшон аз осмон афтода Тоҷикистонро ба хуну хокистар кашиданд?! Не албатта! Онҳоро солҳо дар асоси “Нақшаи Лиоте” дар мактабҳои хоинтайёркунӣ аз ҳама ҷиҳат омода намуда, дар дасташон яроқ дода, зери шиори барои мусалмонон ҳассос, яъне “Ислом” барои аз байн бурдани Тоҷикистону миллати тоҷик сафарбар карданд! Ҷузъиёти ин таърих ва оқибатҳои фоҷиабори он солҳо барои мо маълум аст! Ҳамзамон маълум аст, ки “Нақшаи Лиоте” барои аввалин бор дар Тоҷикистон ноком шуд ва ин кишвар ба таври муъҷизаосо ва ғайриинтизор таҳти сарварии фарзанди хирадманд ва роҳбару Пешвои сарсупурдаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз коми нобудӣ раҳо ёфт. Маҳз бар ҳамин поя Тоҷикистон рӯз аз рӯз рушд карда, ба як кишвари ташаббускор дар сатҳи ҷаҳон табдил ёфтааст. Чунин пешравиҳои Тоҷикистон ба нақшаҳои аҳриманонаи омилони ҷанги сарди нав мувофиқ нест. Ин аст, ки мактаби хоинтайёркуниашонро алайҳи Тоҷикистон рӯирост дар Аврупо ва дигар кишварҳои ҳампаймонашон фаъол сохта, созмонҳои ҷосусиашонро бо ҳар гуна номҳои “мувофиқу дилчасп”-е монанди “ҳомии ҳуқуқи инсон” дар пуштибонии шогирдони ин мактаби хиёнат қарор медиҳанд. Онҳо ҳамакнун ба ҳар роҳу восита кӯшиш доранд бар пояҳои Истиқлолияти мо зарба зананд. Аммо ҳар дафъа тирашон хок мехӯрад. Зеро фарзандони сарсупурдаи миллате, ки ду бор ба ҷаҳониён тамаддун додааст, дубора ба чоҳи кандаи онҳо намефтанд. Мо дигарбора Истиқлолияту озодии худро аз даст доданӣ нестем. Миллати тоҷик дубора ғуломи бегонагон шудан намехоҳад. Миллати шарафманди тоҷик бо кору амали созандаи худ Тоҷикистонро рӯз аз рӯз ободу зеботар намуда, бо нагу номус ва иродаи мустаҳкамаш сарфи назар аз фитнаву дасисасозиҳои хоинону хоҷагони хориҷии онҳо пояҳои Истиқлолияти давлатиро мустаҳкамтар мегардонанд. Истиқлолият, суботу оромии Тоҷикистон ва ваҳдати миллати тоҷик масъалаи ҳаётист ва ин арзишҳоро бо тамоми ҳастӣ ҳифз хоҳем кард.

Орзу ҲАМИДИЁН – Роҳбари Гуруҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, муовини Раиси ТҶҶ “Созандагони Ватан”

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code