Инсондӯстӣ меҳвари худшиносиву ватанпарастӣ

Тавре ки ҳамагон огоҳӣ дорем, пойдорӣ, амнияту осоиштагӣ, файзу баракат, истиқлолияту ваҳдат ва бақову обурӯи ҷовидонаи ҳар як халқу миллат дар инсондустӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳифз намудани маданияту маърифат ва ёд аз гузаштагони бузурги миллати хеш мебошад.

Дар фаҳми гуфтаҳои болозикр қайд кардан ҷоиз аст, ки меҳвари ҳама муваффақиятҳову бурдбориҳо аз инсондӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ маншаъ гирифта, ин метавонад ба пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии ҳар як халқу миллат нақши калидӣ дошта бошад.

Имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллату халқияти худро, чун шиори ҳамешагии худ, даъват менамояд, ки «Дӯст бошед!», «Иттифоқ бошед!», «Ба якдигар дасти ёрӣ расонед!». Зеро дӯст будан бо якдигар, иттифоқ будан миёни ҷомеаи худ, дасти барҷомондаву эҳтиёҷманд, ятиму маъюбро гирифтан давлату миллатро ба муваффақиятҳову комгориҳо бурда мерасонад.

Пайғамбари Худо – Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (с) дар ҳадисе мефармоянд: «Он чизҳоеро, ки шумо барои худатон дӯст медоред, агар барои дигар бародаронатон раво набинед, мӯъмин нестед».

Дар ин ҳадис Пайғамбар (с) инсонҳоро барои дар байни худ пиёда намудани дӯстӣ, муҳаббат ва некбинӣ амр менамояд.

Инсон узви ҷамъият ҳисоб ёфта, ба бисёр чизҳо эҳтиёҷманд аст, ки онҳоро як кас ба даст оварда наметавонад ва ҳар фард ба ёрии фарди дигар муҳтоҷ аст.

Ба ин хотир, мо бояд дар кӯмаки якдигар бошем, на дар бадбиниву адоват. Чун ки Саъдии бузург дар ашъори худ мегӯянд:

                  Бани одам аъзои якдигаранд,

                  Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Пас агар инсоният як маншаи муайян дошта бошад, чигуна имрӯз мо бенавову бекасонро дасти кӯмак намерасонем.

Шароити кунӯнӣ гувоҳи он аст, ки баъзе афроди соҳибмолу дастрас аз инсондӯстиву хайрхоҳӣ дида, бештар рӯ ба худнамоиву худситоӣ меоранд ва зоҳиран вонамуд месозанд, ки такя бар имон ва ё ислом доранд. Имрӯзҳо мо шоҳиди он ҳастем, ки баъзе шахсони дорову зоҳирпараст ва ҳангоматалабу шуҳратпараст ҳаҷҷи такрорӣ ва ё маъракаҳои ғайриқонунии дабдабанок мекунанд. Ба ин кирдорашон миёни ҷомеа худро вонамуд месозанд, ки бо мақсади хайру савоб ва комил гардидани имондорӣ ин амалро иҷро кардаанд. Вале дар асл хайру савоб ва имондорӣ ин кӯмак кардан ба ятимону маъюбон, бепарасторон, эҳтиёҷмандон, беморон, таъмири хонаи як нафар камбизоат, расонидани маводи рӯзгор ба ниёзмандон ва таъмиру тармими роҳ, мактаб, китобхона,  беморхонаи деҳаву маҳаллаи худ мебошад.

Дар ин бобат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ оид ба ҳаҷҷи такрорӣ ва амалҳои хайру савоб  аз “Маснавии маънавӣ”- и Мавлавӣ чунин ривоят карданд: Чун султони орифони олам Боязиди Бастомӣ озими хонаи Худо шуд, пас аз фурсате аз роҳ баргашт. Дӯстон пурсиданд, ки ҳеҷ аз роҳ намегаштӣ, чӣ пеш омад? Гуфт: Марде дар роҳ дидам, ки пурсид: Куҷо меравӣ? Гуфтам: Ба ҳаҷ. Гуфт: Чӣ дорӣ? Гуфтам: Дусад дирҳам. Гуфт: Биё, ба ман деҳ, ки соҳибаёлам ва ҳафт маротиба гирди ман даргард, ки ҳаҷҷи ту ин аст. Гуфт: Чунон кардам. Мард гуфт: Эй султони орифон, ҳеҷ донӣ, ки Парвардигори оламро ду хонааст? Гуфтам: На. Гуфт: Бидон, ки яке хонаи гилин аст (ишора ба ҳарам дар Макка), ки аз лаҳзаи бунёдаш то ҳанӯз вориди он нашуда ва дигаре хонаи дил, ки аз лаҳзаи офариданаш то ба имрӯз аз ӯ берун нашуда. Ва ҳам бидон, ки Худованд дар китобаш як бор «хонаи ман» ва ҳафтод мартаба «бандаи ман» гуфтааст. Ин шунидам ва аз роҳ бозгаштам.

Пас тасаввур бояд кард, ки бузургони мо дар сарнавишти худ он қадар боифативу инсонпарвариро васф намудаанд, ки ин нишонаи баландҳимматии худи нависанда ва масъулият барои тарбияи насли ояндаи худ  мебошад.

Дар ҳошияи суханрониҳои Роҳбари давлат пайваста садо медиҳад, ки ба қадри падару модар, бародару хоҳар, хешу табор ва калонсолон расидан, омода кардани шароити зарурии зиндагӣ барои онҳое, ки масъулияти зиндагиашонро бар дӯш доранд вазифаи ҳар яки мост.

Татбиқи пурра амалишавии ин гуфтаҳо заминаи пойдории Истиқлолияту ваҳдат ва сарҷамии миллати азизамон мебошад.

Мо ба дӯстиву бародарӣ ва садоқату якдилии миллати азизи худ эътимоди зиёд дорем.

Мудири бахши бойгонӣ-матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб – Шокир Каримзод

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code