Чорабиниҳои варзишӣ ба муносибати иди байналмилалӣ Наврӯзи -2019

Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб бахшида ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз, мусобиқаҳои варзиширо аз санаи 16 то 26 марти соли равон аз рӯи намудҳои гуштини миллӣ, мусобиқаи бокс, мусобиқаи волейбол байни ҷавонон ва ҷавондӯхтарон ва мусобиқаи футбол миёни маҳаллаҳои шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот баргузор намуд.

Аз ҷумла, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51 шаҳри Кӯлоб миёни хонандагони муассисаҳо мусобиқаи гуштини миллӣ доир карда шуда, хонандагон маҳорати хуби варзишӣ нишон доданд. Дар натиҷа ғолибони мусобиқа ба ифтихорнома ва туҳфаҳо сазовор гардонида шуданд.

Мусобиқаи бокс, волейбол ва вазнбардорӣ низ дар варзишгоҳи Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб миёни донишҷӯён баргузор гардид, ки дар он ғолибон ба туҳфаҳои арзанда қадрдонӣ гардиданд.

Инчунин мусобиқаҳои хурди варзишӣ дар байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру деҳоти Кӯлоб ба муносибати баргузории ҷашни Наврӯз доир карда шуд.

Бояд ёдовар шуд, ки дар ҷамоатҳои деҳот миёни деҳаҳо, инчунин аз рӯи сину сол мусобиқаҳои футбол дар шакли бисёр васеъ баргузор гардид. Дар он ғолибон бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тасмим дорад, ки ҷиҳати солимии ҷомеа ва тарбияи насли наврас саҳми босазои худро дошта бошад.

                                                                                   Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code