Ободии ҷомеа мароми мост

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эълон гардидани «Солҳои 2019-2021 солҳои «рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар ҳудуди деҳаву маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб аз ҷониби соҳибкорону саховатмандон ва ҳашарҳои якҷояи сокинон корҳои созандагиву обдкорӣ рӯз аз рӯз рушду нумуъ ёфта истодааст.

Дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз-2019 дар баробари як қатор иншоотҳои баистифодадодашуда, инчунин дар Ҷамоати деҳоти Даҳана як адад нуқтаи сӯзишвории замонавӣ ва як адад пули мошингузар сохта ба истифода дода шуд.

Дар деҳаи Тоқакаппаи Ҷамоати мазкур соҳибкор Зарипов М. нуқтаи сӯзишвории замонавӣ сохта ба истифода додааст. Дар атрофи он соҳибкор ҳамчунин мағозаи хурокворӣ, дукони гӯштфурӯшиву мевафурӯшӣ, толори саққобозӣ ва туқтаи таъмири автомобил низ таъсис додааст, ки дар он зиёда аз 20 нафар сокинон ҳамарӯза кору фаъолият менамоянд.

Дар баробари ин бо ташаббуси башардӯстонаи сокини Ҷамоати деҳоти Даҳана Зайнидинов Ҷамъамурод пули мошингузари байни деҳаҳои Чинор ва Навобод, ки солҳои тулонӣ мардум аз набудани гузаргоҳ танқисӣ доштанд, сохта шуда, дар арафаи иди Наврӯз ба истифода дода шуд. Инчунин соҳибкор роҳи байни ин ду деҳаро, ки масофаи 4 километрро дар бар мегирад, сангфарш намуда, ният дорад, онро мумфарш низ карда, барои ободии деҳаи худ саҳми босазои худро гузорад.

Ин амали нек боис гардид, ки ҳаракати нақлиёт ва одамон минбаъд тавассути роҳи мазкур миёни деҳаҳоии Навобод ва Чинори Ҷамоат бея гон мамоният ва бо масофаи кутоҳ сурат гирад.

                                                                Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code