Иҷосияи ҳабдаҳум (даъвати панҷум)-и Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб

Санаи 27 марти соли 2019 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иҷлосияи ҳабдаҳум (даъвати панҷум) Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб доир гардид.

Дар иҷлосия муовини якум, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раис, роҳбарони раёсатҳо, мудирони  шуъбаю  бахшҳои дастгоҳи раис, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарону ташкилоту муассисаҳо,  роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони муассисаҳои таълимию томактабӣ, тандурустӣ, ташкилотҳои ҷамъиятию  сиёсӣ,  раисони маҳаллаҳо, сардорони як қатор хоҷагиҳои деҳқонӣ,  имомхатибони масҷидҳо ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.

Дар  иҷлосия масалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:

 1.«Дар бораи рафти амалӣ намудани Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми сафарҳои корӣ дар моҳҳои август ва ноябри соли 2018 ба шаҳри Кӯлоб»,

  1. Беҳтар намудани вазъи таъмини кишоварзон бо оби полезӣ ва рафти иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб.
  2. Дар бораи тасдиқи қарорҳои раиси шаҳри Кӯлоб

Вобаста ба масъалаи якум оид ба рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҷараёни сафарҳои корӣ  ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон баён доштанд   муовини раиси шаҳр  вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб аз ҳавзаи интихобии №20, Исмоилзода С. баромад намуда , қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру деҳоти Кӯлоб диққати доимӣ зоҳир менамоянд.

Тибқи дастури Пешвои миллат ва  супориши Сарвазири мамлакат аз 19 июли соли 2018, №2к/2-1 барои таҳлили вазъи иҷтимоию иқтисодии шаҳру деҳоти Кӯлоб ва рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру деҳот гуруҳи кории байниидоравӣ дар ҳайати 21 нафар намояндагони вазорат, кумита, агентӣ ва идораҳои ҷумҳуриявӣ таҳти роҳбарии муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ ба шаҳр ташриф оварда, дар муддати 7 рӯз таҳлили соҳаҳои иҷтимоию иқтисодиро дар ҳамкорӣ бо сардорони раёсат, шуъба, бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдор ва раисони ҷамоатҳои деҳот гузаронид.

Дар маълумотномаи гуруҳи корӣ дарҷ гардидааст, ки корхонаҳои хусусигардонидашуда бо иқтидорҳои ночиз фаъолият дошта, норасогии оби нӯшокӣ ва полезӣ,  фарсуда гардидани як қисми инфрасохтори обу канализатсия, шабакаҳои барқӣ, набудани техникаи махсуси хоҷагии коммуналӣ, норасоии таҷҳизотҳои тиббӣ, техникаю мошинолоти кишоварзӣ ва таъмирталаб будани инфрасохтори нақлиётӣ дар шаҳру деҳот ҷой доранд.

Сабаби асосии камбудиҳои ҷойдошта сатҳи пасти ҳаҷми маблағгузориҳо ва сармоягузории соҳаҳои иқтисодиёти шаҳр  дар давоми солҳои 1991-2017 дар муқоиса бо дигар шаҳру ноҳияҳо мебошад.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки шумораи аҳолии шаҳри Кӯлоб дар соли 2017 –ум 208 ҳазор нафарро ташкил дода, нисбат ба шаҳри Хуҷанд (179 ҳазор нафар) ва шаҳри Бохтар (109 ҳазор нафар), муттаносибан 1,16 ва 1,9 маротиба зиёд буда, дар давоми солҳои 1991-2017 ҳаҷми умумии лоиҳаҳои давлатии сармоягузории татбиқшудаву амалкунанда, воридоти сармояи хориҷӣ ва кӯмаки беруна дар 27 сол  ба соҳаҳои гуногуни шаҳр 46 млн. доллари америкоиро ташкил додааст, ки нисбат ба шаҳри Хуҷанд-19,6 маротиба ва шаҳри Бохтар -2,6 маротиба кам мебошад. Ба ҳар сар аҳолӣ дар шаҳр 211 доллари америкоиро ташкил додааст, ки муттаносиба нисбат ба шаҳри Хуҷанд-18,5 маротиба ва шаҳри Бохтар -5 маротиба кам мебошад.

Ҳамчунин қарзҳои додашудаи филиали бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ дар давоми солҳои 2006-2017 дар шаҳри Кӯлоб 1 млрд. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба шаҳри Хуҷанд-5,5 маротиба ва шаҳри Бохтар -2,3 маротиба кам мебошад.

Қобиди қайд аст, ки  Сарвазири мамлакат бо аъзои ҲукуматиҶТ рӯзҳои 7-8 август ва 7-8 ноябри соли 2018 ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварда, баъди шинос шудан аз фаъолияти корхонаҳои саноатӣ,  рафти корҳои сохтмонӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо маҷлиси корӣ доир намуда, вазорату идораҳоро барои ҳамкорӣ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта вазифадор намуд.

Тибқи дастуру супоришҳои Сарвазири ҶТ нақшаи чорабиниҳо аз 22 августи соли 2018, №2к/64-24 иборат аз 58 банд ва аз  19 ноябри соли 2018, №2к/84-24 иборат аз 68 банд тадиқ гардида, барои иҷро ирсол карда шуд.

Вобаста ба амалишавии нақшаи чорабиниҳо қарорҳои раиси шаҳр аз 14 сентябри соли 2018, №632 ва аз 27  ноябри  соли  2018,    №819 ба тасвиб расида нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тасдиқ  гардида, қарорҳои раиси шаҳрро Маҷлиси вакилони халқи шаҳр  тасдиқ намуд.

Бо қарорҳои зикргадидаи раиси шаҳр муовини якум, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, сардорони раёсатҳо, мудирони  шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ ва раисони ҷамоатҳои деҳот вазифадор карда шудаанд, ки барои амалишавии бандҳои дахлдори нақшаи чорабиниҳои мазкур дар ҳамкорӣ бо вазорату кумита ва идораҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ чораҳои заруриро амалӣ намуда, ҳар моҳ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз натиҷаи корҳои иҷрошуда маълумот пешниҳод намоянд.

Дар назди раиси шаҳр бо иштироки муовини якум, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, сардорони раёсатҳо, мудирони  шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ ва раисони ҷамоатҳои деҳот иҷрои банд ба банди нақшаи чорабиниҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз масъулини соҳаҳо, роҳбарони ташкилоту муассиса ва раисони ҷамоатҳои деҳот пурсиш карда шуда, ба онҳо барои амалишавии нақшаи чорабиниҳо супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар баробари ин ба Сарвазири ҶТ, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, фарҳанг, маориф ва илм, тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, ШСХК “Барқи Тоҷик” барои ҳалли масъалаҳо 15 мактуб ирсол карда шуд.

Ҳамзамон 9 лоиҳаҳои сармоягузорӣ таҳия ва тибқи муқаррарот барои ворид намудан ба Барномаи давлатии сармоягузорӣ барои солҳои 2016-2020 пешниҳод карда шуданд.

Дар натиҷаи чораҳои андешидашуда, нақшаи чорабиниҳо амалӣ шуда истода, дар рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр мусоидат намуда истодааст.

Чунончи, ҷиҳати ба роҳ мондани назорати доимии рафти иҷрои протоколҳо ва нақшаи чорабиниҳои сафарҳои Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Кӯлоб, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, таҳия, пешбарӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва дар ин замина ҷалби бештари сармояи дохилию хориҷӣ ба иқтисодиёти шаҳри Кӯлоб аз ҳисоби намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Гурӯҳи кории доимамалкунанда таъсис дода шудааст.

Муовини якум, муовинони раиси шаҳр ва роҳбари дастгоҳи шаҳр вазифадор кард шудаанд, ки бо Гуруҳи кории байниидоравии таъсис дода шуда ҳамкорӣ намоянд. Муовини раиси шаҳри Кӯлоб Исмоилзода С. ба ҳайати ГК аъзо аз шаҳри Кӯлоб пешниҳод гардида, дар ҷаласаҳои он иштирок намуд.

Ҳамзамон барои ҷалби сармояи хориҷӣ дар рӯзҳои 13-14  июни равоон Форуми соҳибкорон гузаронида хоҳад шуд. Дар Форум иштироки аъзои Шарикони Рушд пешбинӣ шудааст. Макони баргузории Форум муайян гардида, дар ҳамкорӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ҷиҳати самаранок ва дар сатҳи баланд баргузор намудани Форум чораҳои дахлдор амалӣ шуда истодааст.

Тибқи нақшаи чорабиниҳо бо мақсади беҳтар намудани ҳолати молиявии ҶСК «Сомон-Кӯлоб-таҷҳизот» бояд бо тартиби муқарраргардида фармоишҳои ШСХК “Барқи Тоҷик” (ҳар моҳа ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ) зиёд карда шуда,  ҶСК “НБО Роғун” (ҳамасола ба маблағи 3 млн сомонӣ) ва КВД “Ширкати Алюминийи Тоҷик” (бастани шартномаҳои нав барои харидории 40 номгӯи маҳсулоте, ки қаблан аз ҶСК «Сомон-Кӯлоб-таҷҳизот» харидорӣ карда мешуд) амалӣ карда шаванд.

Барои амалишавии супоришҳои мазкур  дар назди муҳтарам раиси шаҳр бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, аз ҷумла директори иҷроияи ҶСК «Сомон-Кӯлоб-таҷҳизот»  мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷиҳати иҷрои бандҳои дахлдор вазифадор карда шуд. Директори иҷроияи ҶСК «Сомон-Кӯлоб-таҷҳизот» барои шартномабандӣ ба шаҳри Душанбе сафарбар гардид.

Аз рӯи маълумотҳо корхона бо КВД “Тоҷикагролизинг” ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ шартнома ба имзорасонида, ба корхона 100 ҳазор сомонӣ пешпардохт карда шуда, фармоиши КВД “Тоҷикагролизинг” иҷро гардида истодааст.

Аз ҷониби ШСХК «Барқи Тоҷик» ба  ҶСК “Сомон -Кӯлобтоҷҳизот” 700 ҳазор сомонӣ пардохт гардид. Дар соли 2018 корхона ҳаҷми маҳсулот нисбат ба соли гузашта ду маротиба зиёд намуда,  27 ҷои нави корӣ таъсис дод.

Барои дар соли 2019 зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ҶСК “Сомон -Кӯлобтоҷҳизот” бо ШСХК «Барқи Тоҷик» ба маблағи 1,3 млн. сомонӣ ва бо КВДҶ  «Тоҷикагролизинг» ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид, ки барои фаъолияти корхона мусоидат намуда, ҳаҷми маҳсулот низ зиёд карда шуд. Дар натиҷаи чораҳои амалигардида, шумораи  кормандон аз 6 нафар ба 48 нафар расонида шуда, дар 2 моҳи соли равон ҳаҷми маҳсулот ба 543 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  12,6 маротиба зиёд мебошад.

Барои шартномабандӣ бо ҶСК “НБО Роғун” аз рӯи маълумоти роҳбари корхона ҳуҷҷатҳои зарурӣ омода шуда, нархномаи маҳсулотҳо (калкуляция) ба роҳбари   ҶСК “НБО Роғун” ирсол карда шуда, натиҷааш маълум нест. Шартнома ҳоло ба имзо нарасидааст.

Бо КВД “Ширкати Алюминийи Тоҷик” низ шартнома ба имзо нарасидааст.

Аз ҷониби ШСХК «Барқи Тоҷик» ба  ҶСК “Сомон -Кӯлобтоҷҳизот” 700 ҳазор сомонӣ қарзҳои солҳои пешин пурра пардохт гардид.

Қарзи КВД “Ширкати Алюминийи Тоҷик” пардохт нашудааст.

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ бо ҷиҳати таъмини муассисаҳои соҳаи варзиш бо лавозимоти варзишии дар ҶСК «Сомон-Кӯлоб-таҷҳизот» шартномаҳои ҳамкорӣ барои истеҳсоли лавозимотҳои варзишӣ (гантел, штанга, дарвозаи футбол ва ғайра) ба имзо расонидааст.То ҳол корҳои амалӣ оғоз нагардидаанд.

Ҷиҳати самаранок истифода бурдани иқтидорҳои мавҷудаи ҶСК «Сомон-Кӯлоб-таҷҳизот» ва ворид намудани таҷҳизоти замонавӣ ба он роҳбари ҶСК «Сомон-Кӯлоб-таҷҳизот» Тағоймуродов А. вазифадор гардида, аз ҷониби раиси шаҳр ба вазири  саноат ва технолгияҳои нави ҶТ муроҷиат карда шуда, роҳбари корхона вазифадор карда шуд, ки бо вазири саноат ва технологияҳои нав муроҷиат намояд. Корҳо дар ин самт беҳбудиро талаб менамоянд.

Барои ба моликияти коммуналӣ газаронидани хобгоҳ ва варзишгоҳе, ки дар тавозуни ҷамъияти саҳомии кушодаи «Сомон-Кӯлоб-таҷҳизот» мебошад, пешниҳод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ирсол карда шуда, лоиҳаи  фармоиши Ҳукумати ҶТ омода шудааст.

Тибқи супориши раиси шаҳр аз ҷониби КФД “Истеҳсолию истифодабарии манзил”-и шаҳр таъмири бинои мазкур гузаронида шуда, аз ҷониби МД “Хоҷагии коммуналӣ”-и назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр партовҳои гирду атрофи хобгоҳ, ки муддати тӯлонӣ ҷамъ шуда буданд, кашонида шуданд.

Соҳибмулки ҶДММ “Мармариён”, ҶСП “Пахтаи Кӯлоб”,  корхонаи дӯзандагӣ (ҶСК “Пойафзоли Кӯлоб”) вазифадор гардидааст, ки бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва истифодаи таҷрибаи мусбии минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ба корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, аз ҷумла ҶДММ “Мармариён”, ҶСП “Пахтаи Кӯлоб”,  корхонаи дӯзандагӣ (ҶСК “Пойафзоли Кӯлоб”) ва дигар корхонаҳои марбутаро ба кор дароварда, то моҳи сентябри соли 2019-ум 200 нафарро ба кор ҷалб намуда, корхонаҳои самти фаъолияташонро иваз намударо азнав ба қайд гирифта,  маълумот ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

Тибқи маълумотҳо айни замон  номи ҶСК “Пойафзоли Кӯлоб” ба ҶСК “Нидои Кӯлоб” иваз карда шуда, дар соли 2018 коргоҳи макаронбарорӣ ба фаъолият оғоз карда, 8 нафар ба кор ҷалб гардида, дар соли 2018-ум 31 тонна макарон истеҳсол гардида, дар 2 моҳи соли равон ҳамагӣ 8 тонна макарон истеҳсол карда шуд.

Дар коргоҳи  дӯзандагӣ зиёда аз 300 дастгоҳҳои дӯзандагӣ насб гардида, ҳамагӣ 35 нафар  ба тариқи шартномавӣ фаъолият дошта, курпаю курпача духта истодаанд. Дар соли 2018-5 ҳазор курпаю курпача истеҳсол гардида, ба фурӯш бароварда шуд.

Аз рӯи маълумотҳо ҶСК “Нидои Кӯлоб”  барои дӯхти либосҳои мактабӣ бо Вазорати маориф ва илми ҶТ шартномаи ҳамкорӣ барои 80 ҳазор ҷуфт либоси мактабӣ ба имзо расонидааст. Соҳибмулк бо соҳибкорони хитоӣ шартномаҳои ҳамкориро ба имзо расонида, коргоҳи дӯзандагиро бояд ба иҷора супорад, аммо то ҳол корҳои амалӣ оғоз нашудаанд.

Барои бунёди якчанд коргоҳҳои саноатӣ дар майдонҳои ҶДММ “Мармариён”, ҶСП “Пахтаи Кӯлоб”,  аз ҷониби соҳибмулк чораандешӣ гардида, айни ҳол 200 нафар барои корҳои таъмири биноҳо ва насби 4 коргоҳи саноатӣ (коргоҳи мехча, мебелбарорӣ, қаннодӣ ва бетонтайёркунӣ) ҷалб шудаанд.

Чамъияти саҳомии кушодаи «Хишти Кӯлоб» як хумдони иловагиро насб карда дар натиҷа мақсад дорад истеҳсоли хиштро ду маротиба нисбат ба соли 2018 зиёд намояд. Тибқи супориши нақшаи чорабиниҳои зикргардида,  корхонаи мазкур бояд ташкилотҳои сохтмонии минтақаи Кӯлобро бо хишти пухта таъмин намояд. Дар шартномабандӣ ба корхона афзалият дода шудааст.

ҶДММ «Ресандаи Кӯлоб» (Кулобтекстайл) баъди бекории дуру дароз дар соли 2018 бо ҷалби сармояи хориҷӣ ба фаъолият оғоз намуда, 76 нафарро бо кор таъмин намуда, дар соли 2018 ба  маблағи 12 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, дар ҳамин давраи соли гузашта умуман фаъолият надошта дар 2 моҳи соли равон ба маблағи 3,8 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кард. Дар моҳи март хати технологии нав ворид карда шуда, баъди насби он ҳаҷми истеҳсолот 30 фоиз зиёд  мегардад.

Барои ҳалли масъалаи ҷудо намудани қарзи имтиёзнок ба маблағи 5 млн. доллари ИМА ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ пешниҳод ирсол карда шуда, пешниҳод аз чониби вазорат ба ҷониби Ҷумҳурии Халқии Хитой ирсол гардид. Вазорати рушди иқтисод ва савдо вобаста ба иҷрои банди мазкур бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ҷониби Тоҷикистон ба ҷониби Хитой ҷиҳати ҷудо намудани 5 млн. доллари ИМА дар шакли қарзи имтиёзнок барои васеъ намудани иқтидори истеҳсолии ҶДММ «Ресандаи Кӯлоб» (Кулобтекстайл) дархости расмӣ пешниҳод намуд. Айни ҳол, бизнес-нақшаи ширкати мазкур дар баррасии ҷониби Хитой қарор дорад.

Бо мақсади зиёд намудани ҳаҷм ва номгӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда дар ҶСК «Комбинати хонасозӣ» дар  бастани шарномаҳои нави ҳамкорӣ, пешниҳоди фармоишҳо, ба корхона афзалият дар харид ва истифодаи васеи маҳсулоти истеҳсолшаванда дар сохтмони иншооти шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, роҳу роҳравҳо пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон барои беҳтар намудани ҳолати молиявии ҶСК «Комбинати хонасозӣ», бо тартиби муқарраргардида аз ҷониби ШСХК “Барқи Тоҷик” фармоишҳо ҳар моҳ ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ бояд пешниҳод карда шавад. Дар ин замин соҳибмулки  ҶСК «Комбинати хонасозӣ» вазифадор гардидааст, ки дар соли равон шумораи кормандонро ба 200 нафар расонад.

Аз рӯи ҳисоботҳо ШСХК “Барқи Тоҷик” ба ҶСК «Комбинати хонасозӣ» дар соли 2018- 300 ҳазор сомонӣ ва дар соли 2019 -400 ҳазор сомонӣ гузаронида, корхонаи мазкур шумораи кормандонро аз 15 нафар ба 45 нафар расонида, пояҳои оҳану бетонии барқӣ истеҳсол намуда, зерсохторҳои ширкатро таъмин намуда истодааст.

Дар асоси супориши мазкур  ҶСК «Комбинати хонасозӣ» бо Вазорати маориф ва илми ҶТ барои маҳсулотҳои сохтмонӣ ба маблағи 5 млн. сомонӣ шартнома ба имзо расонидааст. Ҳамчунин соҳибмулк коргоҳи нави замонавиро дар моҳҳои наздик ворид намуда, 15 ҷойи кори иловагӣ дар соли равон ташкил мекунад.

Соҳибмулки ҶДММ “Даврон-К” вазифадор гардидааст, ки фаъолияти бо низоми корхонаи истеҳсоли нон, истеҳсоли маҳсулоти дигари қаннодӣ ва нониро ба роҳ монда, барои  дарёфти сармоягузорон ва харидорони маҳсулоти он чораандешӣ намояд. Аз рӯи маълумотҳо соҳибмулк аз МД “Фонди дастгирии соҳибкорӣ” 600 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок гирифта, онро баргардонида, боз 2 млн. сомонӣ қарз барои истеҳсоли қанд қарз гирифта, бо сабаби ба фурӯш нарафтани маҳсулот сари вақт қарзро баргардонида натавониста истодааст. Новобаста аз ин дар корхона коргоҳи макаронбарорӣ насб гардида, дар рӯзҳои наздик ба фаъолият дароварда шуда, дар ин замина 10 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад.

 Ба 01 марти соли равон дар корхона 22 нафар кор карда истода ба маблағи 59,7 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 103,3 фоизро ташкил медиҳад.

Соҳибмулки ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Комбинати шири Кӯлоб» вазифадор гардидааст, ки қоидаҳои санитарию гигиениро пурра риоя карда, ҷиҳати  зиёд кардани истеҳсоли маҳсулот, ҷойи корӣ ва ободу зебо гардонидани ҳудуди корхона чораҳои заруриро амалӣ намояд. Дар ҶСП  «Комбинати шир» корҳои ободонию созандагӣ иҷро гардида, дар баробари маҳсулоти ширӣ инчунин маҳсулотҳои қаннодӣ ва обҳои ташнашикан ба роҳ монда шудааст. Дар 2 моҳи соли равон корхона ба маблағи 66,2 ҳазор сомонӣ маҳсулоти ширию қаннодӣ истеҳсол намуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба 123,7 фоизро ташкил дода, 35 нафар ба кор ҷалб шудаанд.

Дар заминаи корхонаи орди ҶСК «Суғдиён»-и шаҳри Кӯлоб бояд коргоҳи макаронбарорӣ таъсис дода шавад. Аз рӯи маълумоти директори корхона аз ҷониби Агентии  захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати ҶТ тендер оид ба харидории хати технологӣ эълон гардида, ғолиби тендер бояд дар моҳҳои наздик таҷҳизотҳоро харидорӣ ва ба корхона ворид намояд. Корхонаи мазкур дар 2 моҳи соли равон ба маблағи 2,1 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,7 маротиба зиёд буда, 40 нафар ба кор ҷалб шудаанд. Ҳамзамон маҳсулоти истеҳсолшуда, орд нисбат ба нархи бозор 12-15 фоиз пасттар мебошад.

Ба соҳибмулки ҷамъияти саҳомии пӯшидаи ҶДММ «Ориён -Рустам» супориш дода шудааст, ки  қоидаҳои санитарию гигиениро риоя карда, фаъолияти бо низоми ҶДММ «Ориён -Рустам» («Комбинати гӯшт»)-ро таъмин намуда, номгӯи маҳсулотро зиёд карда,  нуқтаи забҳи чорворо сохта дар ин замина ҷойҳои иловагии корӣ таъсис диҳад.

Дар ҶДММ «Ориён -Рустам» қоидаҳои санитарию гигиенӣ риоя гардида, маҳсулоти истеҳсолшуда бо сертификати сифат ба фурӯш бароварда мешаванд. Соҳибмулк аввалин нуқтаи забҳи чорворо тибқи талаботи санитарию гигиенӣ сохта мавриди истифода қарор додааст, ки дар пешгирии фурӯши гӯшти чорвои мубталои бемориҳои сироятӣ мусоидат намуда истодааст. Соҳибмулк барои дастарии хати технологии нав ҷиҳати ба роҳ мондани ҳасибҳои гуногун бо соҳибкорони хориҷӣ шартнома ба имзо расонида дар моҳҳои наздик хати технологӣ ворид гардида, дар ин замин 15 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода хоҳад шуд.

Дар 2 моҳи соли равон корхона ба маблағи 42 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 115,7 фоизро ташкил дода, 14 нафар коргарон фаъолият доранд.

Дар натиҷаи чораҳои амалишуда, дар 2 моҳи соли равон корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 38,2 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 126,1 фоизро ташкил дода, шумораи кормандон 136 нафар афзоиш ёфтааст.

Барои ҷалби аҳолӣ ба кори доимӣ гуруҳи кории байниидоравӣ бунёди 15 корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла фабрикаи кешбофӣ (трикотажӣ) ва ҷӯроббофӣ, фабрикаи истеҳсоли куртаҳои мардона, корхонаи нассоҷӣ барои истеҳсоли калобаи пахтагин, ришта, матоъҳои пахтагин, корхонаи газворҳои дурушти пахтагин (нетканые текстильные материалы), биомембрана, спандбан, корхонаи коркарди пашм, пӯст ва истеҳсоли қолинҳо, корхонаи истеҳсоли обҳои нӯшокии ташнашикан ва шарбатҳои мевагӣ дар заминаи обҳои табиии мавҷудаи баландсифат, аз ҷумла чашмаҳои мавзеи Ҷангалак ва меваҳои боғҳои навбунёди минтақа корхонаи истеҳсоли капсула ва тетрапак, корхонаи истеҳсоли лампаҳои каммасрафи светодиодӣ ва дигар асбобҳои барқӣ, корхонаи истеҳсоли семент, корхонаи истеҳсоли сӯзандору, корхонаи истеҳсоли аккумулятор, корхонаи истеҳсоли лифт, корхонаи истеҳсоли шиша, корхонаи истеҳсоли равғани офтобпараст пешниҳод гардида, аз ҷониби Сарвазири мамлакат ҷонибдорӣ гардида ба нақшаи чорабиниҳо ворид гардиданд.

Қобили қайд аст, ки барои амалишавии ин пешниҳод масъулини соҳа, вазифадор гардиданд. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2019, №39 “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019 ” вазоратҳои саноат ва теҳнологияҳои нав, кишоварзӣ, кумитаҳои давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва рушди маҳал, МД “Фонди дастгирии соҳибкорӣ”  ҷиҳати таъсис додани корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Кӯлоб вазифадор гардиданд. Масъулини соҳа ва раисони ҷамоатҳои деҳот бояд бо вазоратҳои номбурда ҷиҳати бунёди корхонаҳои саноатӣ ҳамкорӣ намуда, лоиҳаҳои заруриро пешниҳод намоянд.

Тибқи банди 40 нақшаи чорабиниҳои мазкур барои таъсиси минтақаи озоди иқтисодӣ қитъаи замин дар майдони 309,3 га ҷудо гардида, лоиҳаи низомномаи МОИ саноатии шаҳр  ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ирсол карда шуд. Аз ҷониби Вазорат лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси минтакаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ва лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи сарҳадҳои ҳудудии минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» таҳия карда шуда, бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа гардида, раиси шаҳр низ онро ба имзо расонида, ба Ҳукумати ҶТ  пешниҳод карда шуд.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 марти соли 2019, №97 лоиҳаҳо “Дар бораи таъсиси минтакаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ва “Дар бораи сарҳадҳои ҳудудии минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» тасдиқ гардида, ба Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ пешниҳод карда шуданд.

Ҳадафи асосии таъсиси минтакаи озоди иқтисодии саноатӣ ин  таъмини самараноки иқтисодиёт, тараққӣ додани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ, афзун намудани иқтидори содиротии ҷумҳурӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба шумор меравад.

Мавриди зикр аст, ки ҷиҳати таъсиси силсилаи корхонаҳои “Сино Тоҷикистон Кӯлоб Текстайл Индастри Парк” оид ба коркарди ниҳоии пахта ва истеҳсоли маҳсулот бо ҷониби ширкати хитоӣ якчанд вохӯриҳо анҷом дода шуд. Ширкати мазкур  омодагги худро оид ба таъсиси корхонаҳои бофандагӣ, рангкунӣ ва дӯзандагӣ иброз намуда, дар ин замина зиёда аз 3750 ҷойи нави кори доимӣ ва 3 ҳазор ҷойи кори мавсимӣ  таъсис дода хоҳад шуд.  Намояндагони хитоӣ хоҳиш намуданд, ки 200 га замин ба онҳо вобаста карда шавад. Тибқи дастури Сарвазири мамлакат танҳо баъди пешниҳоди лоиҳаҳо ҷудо намудани қитъаи замин мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Корҳо дар ин самт идома доранд.

Мавриди зикр аст, ки  Гуруҳи кории байниидоравӣ аз 7 то 17 декабри соли 2018 тибқи банди 37 дар ҳайати намояндагони Кумитаҳои давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, идораи замин ва геодезӣ, амнияти миллӣ, Кумитаи андоз, вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва  шаҳри  Кӯлоб дар шаҳр фаъолияти корхонаҳои хусусишударо таҳлил намуд. Гуруҳи корӣ ба Сарвазари мамлакат маълумот пешниҳод намуда, барои ба фаъолият даровардани корхонаҳои саноатӣ, дастрас намудани таҷҳизотҳои замонавӣ ва дар назди Вазорати саноат ва технолгияҳои нав таъсис додани гуруҳи кории доимамалкунанда барои таъсиси корхонаҳои саноатӣ ва дастгирии корхонаҳои саноатии шаҳри Кӯлоб таклиф манзур намуд. Ин пешниҳод аз ҷониби Савазири ҶТ дастгирӣ ёфта гуруҳи корӣ таъсис дода шуд.

Гуруҳи кории мазкур  ҳамчунин оид ба  корхонаҳои саноатие, ки баъди хусусигардониашон солҳои дароз аз фаъолият бозмондаанд ё ба иқтидори ночиз фаъолият менамоянд, ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор ба қонунгузории амалкунанда барои ба ҳолати аввала баргардонидани корхонаҳои  хусусишуда, пешниҳод  ба Ҳукумати ҶТ ирсол намуд, ки айни замон мавриди баррасӣ қарор дорад.

Масъалаи дигари муҳим ин таъмиру таҷдиди роҳҳои автомобилгард ба шумор меравад. Тибқи таҳлили мутахассисони соҳа дар шаҳр 25 км ва дар деҳот 114 км роҳҳои автомобилгард таъмирталаб мебошанд.

Вобаста ба ин аз ҷониби Савазири мамлакат ҷиҳати зиёд кардани ҳаҷми меъёри битум барои шаҳри Кӯлоб, якҷо бо сохторҳои Вазорати нақлиёт ва соҳибкорони маҳаллӣ таъмиру мумфарш кардани роҳҳои шаҳру маҳаллаҳо, дар солҳои 2019-2021 ба номгӯи иншооти аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ сохташаванда ворид намудани таъмири роҳҳои дохилишаҳрӣ, чароғон кардани кӯчаю хиёбонҳои шаҳр, таъмин намудани муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр бо битум ва аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузорӣ таъмин кардани муассисаҳои коммуналию нақлиётӣ бо 96 техникаю механизмҳо супориш дода шудааст.

Дар соли 2018 аз ҷониби муассисаҳои роҳсозӣ ва бо ҷалби соҳибкорон дар умум 2,6 км роҳҳои автомобилгард таъмири асосӣ, 39,7 км таъмири ҷорӣ ва 5 км роҳ сангфарш карда шуданд.

Ҳамзамон бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, дар марҳилаи дуюм дар масофаи 11,4 км роҳҳои автомобилгард таъмиру таҷдид карда шуда,  2 купрук сохта ба истифода супорида шуд.

Барои таъмири роҳҳои автомобилгард ва мумфарш намудан 3 пешниҳод  ба Вазорати нақлёти ҶТ, аз ҷумла барои дастрас намудани 1000 тн битум ирсол карда шуд.

Оид ба масъалаи тезонидани оғози корҳои асосии «Марҳилаи 3 лоиҳаи таҷдиди роҳҳои дохилишаҳрии Бохтар ва Кӯлоб ва қитъаи роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Муминобод (35 км.)» ҷониби хитоӣ дар вохӯрӣ бо роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, ки бо мақсади гузаронидани асосноккунии техникию иқтисодӣ коршиносони хитоӣ моҳи январи соли 2019 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меоваранд. (Мактуби вазорат бо №11/1-2 аз 2.01.19с.)

Рӯзи 21.01.19 гуруҳи кории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии ДИП ҶТ дар якҷоягӣ бо намояндагони хитоӣ ба шаҳри Кӯлоб  ташриф оварда, лоиҳаи пешниҳодшударо дар 12 км аз назар гузарониданд. Тибқи маълумотҳо вобаста ба боду ҳаво амалишавии лоиҳа дар марҳилаи сеюм оғоз мегардад.

Барқарорсозии роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Муминобод ва  деҳаи Зираки-Даҳана дар номгӯи иншоотҳои сохташаванда дар соли 2019 пешбинӣ гардидааст.

Ҳамзамон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ва корхонаи воҳиди таъмири роҳҳои дохилишаҳрӣ ва ҷалби соҳибкорон дар кӯчаи С. Сангов дар масофаи 800 метр, деҳаи Чорбоғ дар масофаи 3 км ва деҳаи Гулобод дар масофаи 3,5 км роҳҳо сангфарш карда шуда, барои мумфарш намудан омода мебошанд.

Яке аз масъалаи муҳими дигар ин бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии шаҳр ба шумор меравад.

Мавриди зикр аст, ки инфорасохтори обрасонӣ соли 1937 барои 48 ҳазор нафар аҳолии шаҳр сохта шуда, айни замон талаботи аҳолиро бо мушкилӣ таъмин менамояд.  Бо мақсади ҳалли мушкилоти таъмини аҳолии шаҳр  бо оби нӯшокӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷиҳати таҷдиду сохтмони инфрасохтори обтаъминкунӣ, бахусус обанборҳо, шоҳқубурҳо, кандани чоҳҳои амудӣ дар шаҳру деҳот, истгоҳҳои насосҳо, трансформаторҳои баландшиддат, хатҳои оби нӯшокӣ ва канализатсия, азнавсозии қубурҳои корезӣ ва ҷудо намудани маблағгузориҳо аз ҳама сарчашмаҳо бояд чораҳои зарурӣ андешида шуда, лоиҳаҳои сармоягузорӣ таҳия ва ба донорон пешниҳод гардад.

Тибқи супориши протоколӣ бояд лоиҳаҳои сармоягузории «Барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсия»-и шаҳри Кӯлоб, ки барои маблағгузорӣ ба Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ ва Бонки Аврупоиии Таҷдид ва Рушд пешниҳод гардидаанд пайгирӣ карда шуда, аз натиҷааш маълумот ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.

Барои «Барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсия»-и шаҳри Кӯлоб лоиҳа ба маблағи 17,5 млн. доллари ИМА дар ҳамкорӣ бо КВД “ХМК”омода карда шуда, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Аз номи Кумита барои ба Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ Ҷайка пешниҳод намудани лоиҳа  ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб  (аз 13.11.18, №1/2б/421) ирсол карда шуд.

Ҳамзамон ҳангоми сафари кории Сафири Япония дар Тоҷикистон ҷаноби Хаҷеме Китаоке лоиҳаи беҳтар намудани таъмини оби нӯшокӣ ва таъмири канализатсия пешниҳод карда шуд.

Ҳамчунин ба Вазорати молияи ҶТ лоиҳа ба маблағи 71 млн. сомонӣ пешниҳод карда шуд.

Тибқи маълумотҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ Вазорати корҳои хориҷӣ лоиҳаи сармоягузории “Барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсия”-и шаҳри Кӯлобро ба унвони Президенти Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) ирсол намуда, мавзӯи мазкурро дар ҳамкорӣ бо Намояндагии Агентӣ дар шаҳри Душанбе пайгирӣ намуда истодааст. Ҳамзамон вазорат иттилоъ медиҳад, ки мавзӯи мазкур дар баррасии Намояндагии Бонки Аврупои Таҷдид ва Рушд дар шаҳри Душанбе низ қарор дорад.

Бо назардошти муҳим будани масъала тибқи амри раиси шаҳр гуруҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини соҳавии раиси шаҳр барои таҳлили таъмини аҳолии шаҳру деҳот бо оби нӯшокӣ таъсис дода шуда, шахси масъул доир ба ин масъала таъин гардида, айни замон таҳлилҳо гузаронида истодаанд.

Дар натиҷаи гарм омадани боду ҳаво дар фасли тобистони соли 2018 нарасидани оби полезӣ ҷой дошт ва хоҷагиҳои деҳқонӣ тибқи ҷадвал (навбатоб) бо оби полезӣ таъмин карда шуданд.

Дар таъмини кишоварзон бо оби полезӣ мушкилӣ ҷой дорад. Ҳамчунин 100 га майдонҳои замини обӣ дар натиҷаи омадани сел аз гардиши кишоварзӣ берун шудаанд.

Барои ҳалли масъалаи мазкур дар нақшаи чорабиниҳо супоришҳо дар 8 банд қайд шудааст. Аз ҷумла бо истифода аз имконият ва захираҳои мавҷуда ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ барқарор, таҷдиду сохтмон, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо, аз об холӣ ва тоза намудани ҳавзи Муъминобод расонидани ғунҷоиши обанбор то 30 млн метри мукааб, то мавсими ояндаи обёрӣ ва сари вақт гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ пешбинӣ шудааст. Тоза намудани обанбори ҳавзи Муъминобод оғоз нашуда, айни замон дар ҳавз об захира шуда истодааст.

Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ҷиҳати иҷрои бандҳои мазкур дар доираи “Лоиҳа оид ба ирригатсия” дар вилояти Суғду Хатлон ба маблағи 40,0 млн. доллари ИМА бо Бонки Осиёгии Рушд асосноккунии техникӣ бояд оғоз намояд. Мавриди қайд аст, ки дар лоиҳаи мазкур барқарорсозии инфрасохтори обёрии шаҳри Кӯлоб пешбинӣ карда шудааст.

Тибқи супориш бояд азхудкунии заминҳои нав ва ба гардиши кишоварзӣ баргардонидани 37 гектар заминҳои корамӣ обӣ, пурра тоза кардани канали Панҷосиёби боло, бо техникаи зарурӣ таъмин кардани идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳр, таъмири асосии 4 пойгоҳи обкашии барқӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Зарбдор ва Даҳана ва обёрии 100 гектар замин дар Ҷамоати  деҳоти Даҳана, барқарор, таҷдиду сохтмон, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо ва корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ сари вақт гузаронида шавад.

Дар Барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2016-2020 лоиҳаи сармоягузории «Обёрии  шаҳри Кӯлоб аз дарёи Панҷ» ба маблағи 16 млн. доллари ШМА ворид гардида, манбаи сармоягузориашон номуайян аст. Ҳамзамон барои дохил намудан ба Барномаи давлатии сармоягузорӣ барои солҳои 2016-2020 Идораи беҳдошти замин ва обёрии шаҳр дар ҳамкорӣ бо Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Вазорати кишоварзии ҶТ лоиҳаҳои зеринро омода намуданд:

– «Кандани 30 чоҳи амудӣ барои обёрии 400 га замин дар ҷамоатҳои деҳоти Кӯлоб, Зарбдор, Зиракӣ ва Даҳана, обёрии майдони 100 га замин ва ба  гардиши кишоварзӣ ворид намудани он дар Ҷамоати деҳоти Даҳана”, барои то ба 30 млн м3 об расонидани  ғунҷоиши обанбори  Муъминобод ба маблағи 69,9 млн. сомонӣ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ирсол карда шуд.

-Барои  тоза намудани заҳбуру заҳкашҳои байн ва дохили хоҷагиҳо дархости  лоҳиявӣ ба миблағи 4,33 млн. сомонӣ, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ тавассути руйпуши бетонӣ дар мавзеи Кӯлобдарё, деҳаи Андароби Ҷамоати деҳоти Зарбдор (7 км)-41 млн. сомонӣ, таъмиру барқарорсозии пойгоҳҳои обкаши Жданов-Фрунзе №1, Жданов –Фрунзе №2, Зарбдор ва Хонобод дархости лоҳиявӣ ба маблағи  10,0 млн. сомонӣ омода ва ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ тибқи муқаррарот пешниҳод шудааст.

Тибқи маълумотҳо лоиҳаҳо дастгирӣ ёфта ба Барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2016-2020 ворид карда шуданд.

Барои амалишавии лоиҳаҳо ва муайян намудани сарчашмаҳои маблағгузорӣ масъулини соҳа бояд бо вазорату идораҳои дахлдор ҳамкорӣ намоянд.

Бо ҷалби сармояи хориҷӣ канали Бештигирмони боло дар масофаи 14 км тоза карда шуда, ҳаҷми ҷоришавии об 1,8 маротиба зиёд карда шуд, ки барои таъмини кишоварзон бо оби полезӣ мусоидат хоҳад намуд.

Масъалаи ҳалталаб ин қарздории хоҷагиҳои деҳқонӣ аз пардохти истифодаи оби полезӣ ба шумор меравад. Тибқи маълумотҳо ба 01 марти соли равон қарз маблағи  597 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Дар соли равон тибқи лоиҳа дар 4 мавзеъи сойи Даҳана- Ёхсучиён, Зарқалъа, Хоҷа Исҳоқ, Офтоблиқо корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ  дар масофаи 3150 метр оғоз шудааст.

Новобаста аз ин айни замон дар дарёи Ёхсу ва сойю селпартовҳо соҳилҳо дар масофаи  умумии 28,3 км хавфнок мебошанд.

Аз рӯи маълумотҳо айни ҳол  соҳили дарёи Ёхсу дар масофаи 1800 метри тулонӣ дар  мавзеъҳои назди комбинати хонасозӣ ва Минтут   дар ҳолати хело ҳам хатарнок қарор доранд. Тибқи супориши Сарвазири мамлакат Донишкадаи лоиҳакашии “Тоҷикгипроводхоз” лоиҳаи соҳилмустаҳкамкуниро ба маблағи 18 млн. сомонӣ таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудааст.

Ҳамзамон аз ҷониби идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳр корҳои заминӣ дар ҳаҷми 16,5 ҳазор метри мукааб иҷро гардида,  барои ба тариқи ҳашар анҷом додани корҳои соҳилмутаҳкамкунӣ масъулини соҳа ва раисони ҷамоатҳои деҳот вазифадор гардида, ба онҳо 3000 метри мураббаъ симтур дастрас карда шуда, симтур хобонида шуд.  Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ   идома доранд.

Дар соҳаи кишоварзӣ солҳои охир  моҳипарварӣ рушд ёфта истодааст. Дар майдони 82 га ҳавзҳои моҳӣ ташкил карда шуда, ҳамзамон барои ташкили ҳавзҳои моҳӣ дар майдони 76 га қарорҳои дахлдори раиси шаҳр ба тасвиб расидааст.  Бинобар ин бо мақсади зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ дар шаҳри Кӯлоб ва таъмини хоҷагиҳо бо моҳича, тибқи лоиҳа  ҳамчун намуна дар заминаи хоҷагиҳои моҳипарпарварии шаҳр бояд инкубатсия барои истеҳсоли моҳича ва обанборҳои махсус барои нигоҳдории онҳо ташкил карда шавад.

Барои ташкил намудани инкубатсия барои истеҳсоли моҳича ва обанборҳои махсус барои нигоҳдории онҳо ба Вазорати кишоварии ҶТ ва  КВД “Моҳии Тоҷик” пешниҳод ирсол карда шуд (№1/784 аз 22.11.18 ). Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ бояд масъала то охири моҳи март ҳал гардад.

Тибқи бандҳои 46 ва 51 нақшаи чорабиниҳо бояд таъмири  асосии бинои маъмурии ҶСК “Шабакаҳои барқии шаҳри Кӯлоб” ва мумфаршнамоии роҳи гирду атрофи он гузаронида шуда, барои беҳтар намудани таъминоти корхонаву муассисаҳо ва аҳолӣ бо нерӯи барқ, таҷдиду азнавсозии шабакаҳои барқӣ зарур мебошад.

Аз рӯи маълумотҳо роҳи автомобилгарди назди ҶСК “Шабакаҳои барқии шаҳри Кӯлоб” мумфарш карда шуда, равшаннамоии кӯча низ беҳтар гардида, таъмири асосии бинои маъмурӣ идома дорад.

ҶСК “Шабакаҳои барқии шаҳри Кӯлоб” бо дастгирии  ШСХК «Барқи Тоҷик» шабакаҳои барқиро азнавсозӣ намуда истодааст. Корҳо дар ин самт беҳбудиро талаб менамояд. Бояд 17 ҳазор симчубҳои чубин, ки куҳнаю фарсуда шудаанд,  марҳила ба марҳила  иваз карда шаванд.

Тибқи маълумотҳо оид ба беҳтар намудани таъминоти барқ, таҷдид ва азнавсозии хатҳои интиқоли барқи 6-10 кВ бо дарозии 80 км ва  хатҳои интиқоли барқи 0,4 кВ бо дарозии 150 км,  иваз намудани  15 адад трансформаторҳои тавоноиашон паст ба баланд ба нақша гирифта шуда, айни замон аз тарафи ШСХК “Барқи Тоҷик” ҷиҳати амалӣ гардидани ин иқдомҳо чораҳои зарурӣ  андешида шуда истодааст.

Барои барқарор кардани навбати дуюми трансформатори тавоноияш 16000 кВА дар зеристгоҳи барқии 110/6 кВ «Сомонӣ» бо мақсади таъмини аҳолии шаҳри Кӯлоб бо неруи барқ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба  ШСХК «Барқи Тоҷик» барои дастрас намудани  трансформатори тавоноияш 16000 кВА пешниҳод ирсол гардид (мактуб аз 08.10.2018, №1/730). Директори ҶСК “Шабакаҳои барқии шаҳри Кӯлоб” барои дастрас намудани тарансформатори мазкур ба хориҷи кишвар сафар намуда, трансформаторро интихоб намуда, дар рӯзҳои наздик аз хориҷи кишвар тарансформатор ворид  карда хоҳад шуд.

Ҷиҳати андешидани тадбирҳо барои омода намудани лоиҳаҳои замонавии боғҳои фарҳангӣ-фароғатии марказии шаҳр, 15- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба номи Исмоили Сомонӣ, КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, ба номи Саидҷон Назарову Сафар Амиршоев корҳои лоиҳакашӣ ба анҷом расида, корҳои сохтмонӣ шуруъ гардидаанд.

Аз гузориши пешниҳод намудаи мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалатии шаҳр дар соли 2018 -393 зан аз рӯи ихтисосҳои гуногун ба корҳои доимию мавсимӣ таъмин шуданд. Дар ин давра 244 нафар занони бешуғл ба касбомӯзӣ аз рӯи ихтисосҳои асосҳои омӯзиши компютер, дӯзандагӣ, қуроғдӯзӣ, гулдӯзӣ ва муҳосибӣ фаро гирифта шуданд. Инчунин дар ду моҳи соли 2019 курсҳои чакандӯзи дар ҷамоатҳои деҳоти Зиракӣ ва Даҳана ташкил карда шудааст, ки ба ин курсҳо 40 нафар ҷавондухтарони хонанишин ҷалб гардидаанд.

Бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон дар соли 2018 аз ҷониби занони ҳунарманд ва соҳибкор 11 лоиҳа ҷиҳати дарёфти гранти Президенти ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, ба 3 нафар зан барои рушди соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ грантҳои Президентӣ дар ҳаҷми 90 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд. Ҳамзамон бо мақсади дастраси ба гранти раиси вилоят 5 лоиҳаи дигар пешниҳод гардид, ки тибқи натиҷагирии комиссияи грантии раиси вилоят 3-нафар зани соҳибкор соҳиби гранти раиси вилоят дар ҳаҷми 40 ҳазор сомонӣ гардиданд. Бо назардошти он, ки шумораи занони ҳунарманд 201 нафарро ташкил медиҳад ва зиёда аз 50 ҳазор занону духтарон  хонашин мебошад, грантҳои президентии ҷудо гардида хело кам мебошад.

Инчунин аз ҷониби шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ барои машғул шудан ба соҳибкории хурд  дар соли 2018 ба ҳамагӣ 20 нафар зани бешуғл  қарзи имтиёзнок дар ҳаҷми умумии 83,200 сомонӣ дода шудааст.

Дар соли 2018 Бахши кор бо ҷавон ва варзиши шаҳр 624 чорабиниҳои оммавӣ, фарҳангӣ маърифатӣ, 56 мулоқоту вохӯриҳо, 20 семинару тренингҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзуъҳои “Ҷавонон бар зидди терроризм”, “Маъюбон алайҳи терроризм”, “Артиши миллӣ –ифтихори мо”, “Рушди сайёҳӣ омили пешрафти иқтисоди миллӣ”ва ғайра гузаронида шуданд. Илова бар ин барои ҷалби ҷавонон ба варзиш 234 мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои гуштингирӣ, варзиши сабук, баскетбол, бокс, футболи хурд, волейбол, шашка ва шоҳмот бо фарогирии 59,6 ҳазор ҷавонони шаҳру деҳот баргузор гардиданд.

Дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ бояд сохтмону таҷдиди инфрасохтори сайёҳӣ, ҷалби бештари сайёҳон ба шаҳр, тарабхонаҳои муосир, қаҳвахонаҳои замонавӣ, беҳтар гардонидани шароити зисти меҳмонхонаҳову дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ, хизматрасониҳои сайёҳӣ таъсис дода шуда, буклетҳо, харитаи сайёҳӣ, роҳнамо, видеороликҳои кӯтоҳмуддат бо фарогирии имкониятҳои сайёҳии шаҳр таҳия карда шаванд. Дар моҳи  октябри соли 2018- 2 меҳмонхона ва тарбабхона  ба истифода супорида шуда, сохтмони 2 тарабхона ва ошхона идома доранд. Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бахши сайёҳӣ ташкил карда шуда, мутахассиси соҳа ба кор ҷалб гардидааст.

Вазорати рушди иқтисод ва савдо Гурӯҳи кории байниидоравӣ ҷиҳати таҳия намудани «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025» таъсис дода, рӯзҳои 11 то 14 март барои таҳлили соҳаҳо дар ҳайати вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ  ба шаҳр ташриф овард.

Барои таҳияи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025 гуруҳи кории шаҳрӣ тибқи амри раиси шаҳр таъсис дода шуда, корҳо дар ин самт оғоз гардида, бояд то 10  май лоиҳа ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ пешниҳод карда шавад.

Умуман барои иҷрои супоришҳои протоколии Савазири мамлакат сардорони раёсатҳо, мудирони  шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ ва раисони ҷамоатҳои деҳот вазифадор гардиданд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату кумита ва идораҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ чораҳои заруриро амалӣ намоянд.

Рафти иҷрои супоришҳои протоколӣ зери назорат қарор дошта, ҳар семоҳа маълумот ба Ҳукумати ҶТ пешниҳод карда мешавад.

Дар музокира оид ба масъалаи мазкур раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб оид ба  сохтмон,  саноат, нақлиёт, алоқа, энергетика ва   хоҷагии манзилӣ -коммуналӣ вакил аз ҳавзаи интихоботии №5, 

Рустамов Ф. баромад намуда қайд намуд, ки майдонҳои заминҳои иншоотҳои хусусишуда, аз ҷумла дар корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои нақлиётӣ ва ташкилотҳои сохтмонӣ самаранок истифода нагардида истодаанд. Вобаста ба ин  аз ҷониби раиси шаҳри Кӯлоб, раиси Маҷлиси вакилони шаҳр муҳтарам Х. Амонулло  соҳибмулкон  вазифадор гардиданд, ки иншоотҳои хусусигардидаро аз рӯи таъинот истифоа намуда, майдонҳои заминҳоро барои бунёди корхонаву коргоҳҳои саноатӣ иншоотҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ, таълимӣ ва тандурустӣ истифода намоянд.

Оид ба масъалаи дуюм “Беҳтар намудани вазъи таъминоти кишоварзон бо оби полезӣ ва рафти иҷрои корҳои соҳибмустаҳкамкунӣ дар ҳудуди шаҳру деҳоти Кӯлоб” Қурбонов Ф. аз ҳавзаи интихобии №29 баромад намуда, қайд кард, ки санҷишҳо нишон доданд, ки дар ҳудуди шаҳру деҳоти Кӯлоб бо мақсади таъмини саривақтӣ ва хушсифати оби полезӣ  идораи беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Кӯлоб  АИ “Оби- Хатлон»  Ҷамоати деҳоти Зарбдор, АИ “Оби-Шифо” Ҷамоати  деҳоти Кӯлоб,  АИ “Оби-Ҷамоати  деҳоти Зиракӣ”,  АИ “Оби- ширин-Д” -Ҷамоати дещоти Даҳана   фаъолият мекунанд.

Ташкилотҳои номбурда ба 5877 га замин хизматрасонӣ мекунанд, ки аз ин 160 гектар  таввасути  дастгоҳҳои оббарорӣ обёрӣ карда мешавад.

Муайян карда шуд,  ки  дар ҳудуди шаҳру  деҳоти Кӯлоб  384 км  шабакаҳои обрасонӣ, аз ҷумла 65 км   байнихоҷагӣ  ва  319 км дохили хоҷагӣ, 140 км заҳбуру заҳкашҳо, аз ҷумла 43 км байни хоҷагӣ ва 97 км дохилихоҷагӣ,  инчунин 62- адад иншоотҳои обтақсимкунӣ , 34-адад обченкунакҳо,  2-адад пойгоҳои  насосии дорои 5-адад дастгоҳи оббарорӣ  мавҷуд мебошад, ки ташкилотҳои дар боло зикр кардашуда ба воситаи онҳо хизматрасонӣ мекунанд.

Дар натиҷаи омадани боронҳои пай дар пай  ва пуршиддати солҳои охир қисми зиёди шабакаҳои обрасонӣ,  заҳбуру заҳкашҳо  ва иншоотҳои гидротехникиро  шуста хароб намуда, қобилияти обгузаронии онҳоро  суст гардонидааст. Пойгоҳҳо ва дастгоҳҳои оббарорӣ бошанд  солҳои 70 уми асри гузашта сохта шуда, аз сабаби солҳои тулонӣ фаъолият доштан ва аз таъмири асосӣ нагузаронидан хӯрдаю фарсуда гашта тет-тез ба садама дучор мешаванд.

Тибқи маълумотҳои пешниҳодгашта идораи беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Кӯлоб бо супориши мақомоти иҷроияи щокимияти  давлатии шаҳри Кӯлоб дар мавзеъҳои хавфнок корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба тариқи ҳашар анҷом дода шуда, дар соҳили дарёи Ёхсу 1350 м2  симтур хобонда шуд.

Имрӯзҳо  барои пешгирӣ ва бартараф намудани офатҳои табиӣ 2- адад экскаватор, 1-адад булдозер, 6-автомашина сафарбар карда шудааст.

Инчунин бо маблағгузории Маркази идораи лоиҳаи идоракунии захираҳои оби водии Фарғона  дар сойи Даҳана дар чор мавзеъ, аз ҷумла дар мавзеъҳои  Ёхсучиён  895 м, Хоҷа Исҳоқ 394 м, Зарқалъа 1602 м ва Фурудгоҳ 1636 м ҳамагӣ ба дарозии 4527 м ба маблағи 23 млн. сомонӣ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ рафта истодааст.

Новобаста аз корҳои анҷомдодашуда, дар  соҳили дарёи Ёхсу ва сою селпартобҳо дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 45300 м дар ҳолати хавфнок қарор доранд.

Ҳамасола дар мавсими боришот ва омадани сел ба маҳалаҳои аҳолинишин ва заминҳои кишоварзӣ таҳдиди ҷиддӣ меоварад.

Раиси шаҳр муҳтарам Хайрулло Амонулло ба масъулини соҳа, аз ҷумла идораи беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Кӯлоб, ҷамоатҳои деҳот, сектори хусусӣ супориш доданд, ки  дар якчоягӣ бо асотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва бо ҷалби аҳолии маҳаллаҳо ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани  офатҳои табиӣ тибқи нақшаю чорабиниҳои таҳия ва омоданамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб корҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Аз рӯи масъалаҳои муҳокимашуда, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб қарорҳои дахлдорро қабул намуд.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code