Таҷлили иди наврӯзи байналмилалӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Даҳана ва Зарбдори шаҳри Кӯлоб

Ҳафтаи наврӯзӣ бо тантанаву сурур ва нишоти бепоён дар шаҳри Кӯлоб иди байналмилалии Наврӯз-2019 аз ҷониби ҷамоатҳои деҳот ва маҳаллаву деҳаҳо низ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуд.

Санаи 24 марти соли равон дар ҷамоатҳои деҳоти Даҳана ва Зарбдор бо иштироки раисонии ҷамоатҳои мазкур ва васеи сокинон иди зебои баҳор, омад-омади фасли зебои сол-Наврӯзи хуҷастапай бо намоиш додани таъомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои илмиву варзишӣ ва баргузории чорабинии фарҳангӣ дар сатҳи баланди оммавӣ баргузор карда шуд.

Дар Ҷамоати деҳоти Даҳана ҳамчунин амалҳои хайриявӣ дар шакли моливу пӯлӣ ба муносибати ин ҷашни аҷдодӣ ба ниёзмандону беморон, ятимону маъюбон расониданд.

Ин амали хайру савоб ва муносибати инсондӯстонаву меҳанпарварона дар Ҷамоати деҳоти Кӯлоб низ амлӣ карда шуд.

Дар деҳаҳо бошад сокинон ин ҷашни аҷдодиро бо урфу анъанаҳои миллӣ аз қабили омода кардани далдаву суманак, оши бурида, сиёҳалаф ва мусобиқаҳои варзишии футболбозиву волиболбозӣ, вазнбардориву гуштингирӣ доир намуда истодаанд.

                                                                                     Бахши матбуотӣ    

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code