Боздид аз Кооперативи тиҷоратии “Беҳбудӣ” – и ноҳияи Кӯшониён

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити кишту парвариши зироати кишоварзӣ, аз ҷумла картошкаи барвақтӣ дар Кооперативи тиҷоратии “Беҳбудӣ” – и ноҳияи Кӯшониён шинос шуданд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки Кооперативи мазкур соли 2009 ҳамчун субъекти хоҷагидор таъсис дода шуда, майдони умумии заминҳои кишти он беш аз 21 гектарро ташкил медиҳад. Хоҷагидорон қариб ҳама намуди зироати кишоварзиро кишту парвариш мекунанд ва саҳми онҳо дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тоза назаррас аст.

Гуфта шуд, ки дар ин гармхона картошкаи навъи “Шукрона”, ки ҳосилнокии баланд дорад,  моҳи декабри соли гузашта кишт гардидааст ва авали моҳи апрел ҳосили он ҷамъоварӣ карда мешавад. Бояд гуфт, ки соли сеюм аст, дар ноҳияи Кӯшониён кишту парвариши картошкаи барвақтӣ дар гармхона ба роҳ монда шудааст ва ин усул ба иқлими ноҳия мутобиқ мебошад.

Айни замон ҷамъоварии ҳосили картошкаи барвақтӣ аз гармхонаҳои ноҳия идома дорад ва то ба имрӯз аз ин ноҳия ба миқдори 160 тонна картошка ба бозор бароварда шудааст. Дар гармхонаи дигари Кооперативи тиҷоратии “Беҳбудӣ” асосан лиму парвариш меёбад. Шумораи дарахтони лиму дар ин гармхона 90 бехро ташкил медиҳад. Соли гузашта хоҷагидорон 2,6 тонна лиму ҷамъоварӣ намудаанд ва дар назар аст имсол ҳосили он то ба 3 тонна расад. Барои самаранок истифода бурдани замин дар ин гармхонаҳо дар қатори дарахтони лиму помидор ва дар ҷӯяки картошка бодиринг шинонида шудааст.

Дар Кооперативи тиҷоратии “Беҳбудӣ” 35 нафар бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин буда, дар вақти ҷамъоварии ҳосил зиёда аз 100 нафар сокинони маҳаллӣ ба корҳои мавсимӣ ҷалб мегарданд.  Кооперативи тиҷоратии “Беҳбудӣ” ҳамчунин дорои корхонаи коркарди меваю сабзавот мебошад. Иқтидори истеҳсолии ин корхона ба 200 тонна баробар аст.

Дар ин ҷо ҳамчунин намоишгоҳи дастовардҳои меҳнатии кишоварзон ташкил карда шуд, ки Пешвои миллат аз он дидан намуданд. Дар намоишгоҳ  маҳсулоти тару тоза, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, помидору бодиринг, қулфинай, сирпиёз, мевагиҳо ва ғайра, ки дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Кӯшониён истеҳсол карда шудааст ба маъраз гузошта шуд.

Ноҳияи Кӯшониён дар ҷумҳурӣ аз калонтарин ноҳияҳои аграрӣ маҳсуб ёфта, шуғли асосии сокинон кишт ва парвариши зироатҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ мебошад. Иқлими ноҳия барои кишту парвариши ҳама намуди зироати кишоварзӣ мусоид аст. Хоҷагидорон ҳамасола бо истифодаи самараноку оқилонаи замин ба нишондодҳои назаррас ноил мегарданд. Дар ноҳияи Кӯшониён майдони умумии заминҳои корами обии киштшаванда барои ҳосили соли 2019 15 ҳазору 632 гектарро ташкил медиҳад ва то имрӯз аз тарафи хоҷагидорон дар масоҳати 5 ҳазору 700  гектар кишт гузаронида шудааст.

Зимни суҳбат бо хоҷагидорон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи хуб ба роҳ мондани фаъолият, хоса кишти картошкаи барвақтӣ дар гармхона ба кори хоҷагидорон баҳои баланд доданд.

facebook
twitter

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code