Таҷлили иди Наврӯз-2019 дар шаҳри Кӯлоб

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Кӯлоб рӯзи 22 марти соли 2019 аз субҳи барвақт оғоз шуда, муждарасони наврӯз савори фойтун мардумро аз омад-омади фасли баҳор ва оғози чорабинии умумишаҳрӣ хабар расонид.  Садои курнай ва сурнай дар кӯчаву растаҳои Кӯлобшаҳри бостонӣ ғулғулаафканӣ намуда, аз фазои орому осоишта ва ваҳдату суботи сартосарӣ башорат медод.

Кӯчаҳои шаҳри Кӯлобро гулдухтарони чаканпӯш ва кӯдакони  гулдаст зиннат бахшида, бо хушнудию фараҳболӣ ба макони асосии чорабинӣ равона мегардиданд.

Дар намоишгоҳи наврӯзгоҳи шаҳри Кӯлоб ҳунарҳои мардумии  ҳунармандон, дастовардҳои илмиву лоиҳаҳои иноватсионӣ ва таомҳои хоси миллӣ диққатҷалбкунанда буд.

Ба намоиш гузоштани ҳунарҳои чакандӯзиву зардузӣ резгидузиву чӯбкорӣ, дуредгариву созтарошӣ, сабадбофию нонпазӣ, кулолгарӣ ба маърази тамошо гузоштани маросимҳои халқии ашагулону гулгардонӣ, саршуёну сартарошон бо тамоми рукнҳояшон, бозиҳои халқии панҷакбозию қуличабозӣ, почовазиру тутикал, мусобиқаҳои варзишии мардумӣ аз қабили гуштингирӣ, бандкашӣ, вазнбардорӣ  ва дигар ришатҳои варзиш  хеле ҷолиб ва диданӣ буданд.

Суннатҳои неки наврӯзӣ, ки дар ҳама минтақаҳои кишвар ба онҳо арҷ гузошта мешаванд, дар ин чорабинӣ таҷассуми худро ёфта буд.

 Боздиди меҳмонон аз намоишгоҳ ва тамошои ҳунарҳои мардумӣ, дигар дастоварду анъанаҳои хоси наврӯзӣ бори  дигар аз таърихӣ Наврӯз, ки мувофиқи сарчашмаҳои  бостонӣ таърихи беш аз 5 ҳазорсоларо доро мебошад, бархурдор гардиданд.

Иштирокдорон дар наврӯзгоҳи Кӯлоб зиёда аз 10 000 (даҳ ҳазор) нафарро ташкил дода, ин садоқати мардумро ба асолати гузаштагон бори дигар пайваст намуда, гувоҳи он аст, ки воқеан ҳам Наврӯз ҷашни миллии тоҷикон буда, он бо ҳидоятҳои роҳнамунсози Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалиро касб карда, имрӯз таҷлили он дар аксар давлатҳои ҳавзаи Наврӯз бо руҳияи баланду ифтихормандӣ таҷлил карда мешавад.

Раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Хайрулло Амонулло қабл аз оғози барномаи фарҳангии бошукуҳи наврӯзӣ суханронӣ карда, кулли иштирокчиён ва мардуми шарафманди шаҳри Кӯлобро бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуд.

Пас аз суханронии табрикии раиси шаҳр барномаи идона оғоз гардид.

Намоиши театркунонидашуда ва барномаи консертии аҳли ҳунари шаҳри Кӯлоб ва ҳунарпешагонии варзидаи ҷумҳурӣ Сурайёбону Қосимова, Сангалӣ Мирзоев, Гурез Раҳмонов ва Лоиқи Хол то дер боз идома ёфта, таронаю рақсҳои мафтункунада таранумгари Наврӯзи ҷавонӣ буд, ки мардум дар Амфитеатри шаҳри Кӯлоб дар фазои орому осоиштаи меҳани азиз хурсандӣ намуданд.

Баъди чорабинии фарҳангӣ раиси шаҳр ба 20 нафар ятимони кул туҳфаҳои наврӯзӣ ва кӯмакҳои пулӣ расонид.

Сайру гашти оммавӣ дар шаҳри Кӯлоб бо хушҳолии кӯдакону ҷавонон дар нуқтаҳои фароғатӣ то бегоҳ идома ёфт. Чунин чорабиниҳои фарҳангӣ дар рӯзҳои баъдӣ, яъне рӯзҳои 23-юм, 24-ум ва 25-уми март дар Муҷтамаи 2700- солагии шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот идома хоҳад ёфт.

Бахши матбуотӣ

 

 

                              

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code