Аёдати раиси шаҳр аз беморону пиронсолон ба муносибати иди Наврӯз-2019

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳадти миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамасола дар арафаи иду ҷашнҳои расмӣ ба шахсони яккаву танҳо, маъюбон, эҳтиёҷмандон кӯмакҳои моддӣ расонида мешавад. Субҳи рӯзи 21 марти соли равон раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Хайрулло Амонулло ба муносибати иди Наврӯз ба аёдати шахсони яккаву танҳо, пиронсолони касалманд ва маъюбон ташриф намуда, ба онҳо кӯмакҳои молиявӣ ва маводҳои ғизоӣ, аз қабилӣ орд, гӯшт, равған, биринҷ, шакар, пиёз ва картошка расонид. Раиси шаҳр саравал дар ҷамоати деҳоти Зиракӣ ба аёдати се нафар пиронсолони бемор рафта, онҳоро ба муносибати иди зебои баҳор-Наврӯзи хуҷастапай табрик намуда, ҳамчун туҳфаи наврӯзӣ ба онҳо кӯмакҳои пуливу молӣ расонид. Дар баробари ин баъди нисфирӯзӣ раиси шаҳр муҳтарам Хайрулло Амонулло зимни ифтитоҳи як қатор иншоотҳо дар Ҷамоати деҳоти Зарбдор, се нафар шахсони беморри Ҷамоатиро аёдат намуд. Ба онҳо зимни аёдат кӯмакҳои худро расонида, қайд намуд, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ятимону муҳтоҷон, маъюбону беморон, шахсони яккаву танҳо ба муносибати иду ҷашнҳо аз ҷониби ташкилоту муассисаҳо, шахсони саховатманд, соҳибкорон дастгирӣ карда мешаванд. Дар ҳарду ҳолат раиси шаҳр ба раисони ҷамоатҳо дастур доданд, ки ба таври доимӣ аз ҳолу аҳволи ин гуна нафарон хабардор шаванд. Ҳамчунин кӯмакҳои раиси шаҳр ба панҷ нафар маюбону беморон дар Ҷамоати деҳоти Даҳана аз ҷониби масъулин расонида шуд. Шахсони яккаву танҳо миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло изҳор дошта, барои чунин ғамхориҳои башардӯстонаи давлату ҳукумат дуои хайр гуфтанд. Бояд тазаккур дод, ки нафақахурони яккаву танҳо, маъюбону ятимон ва эҳтиёҷмандон таҳти ғамхориву сарпарастии пайвастаи давлату ҳукумат қарор доранд.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code