Табрикоти Раиси шаҳри Кӯлоб, муҳтарам Хайрулло Амонулло бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз-2019

Ҳамдиёрони азиз, меҳмонони  гиромӣ!

 Ҳамаи Шуморо бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай, оғози фасли шукуфтанҳо, эҳёи табиат – Баҳори оламафрӯз муборакбод намуда, бароятон рузгори хушу осуда ва  барору комёбиҳо орзумандам.

  Наврӯз куҳансолтарин ойини миллӣ дар ҷаҳон аст, ки ҷовидона мондааст ва яке аз омилхои нигаҳбонии фарҳанги тоҷикон   мебошад.  То ҳоло пойдор будан ва тайи 6 ҳазор сол аз байн нарафтани ин ойини зебо гувоҳ аз бузургӣ ва хирадофаринии  мо мебошад.

Наврӯз   дар Тоҷикистони азизи мо  танҳо пас аз комёб гаштан ба истиқлолияти давлатӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  шукӯҳу шаҳомати шоистаро ба даст овард.  Бо ташаббуси Пешвои миллат ва дастгирии даҳҳо кишвари олам, аз ҷумла мамолики ҳавзаи тамаддуни Наврӯз бо Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифт, ки ин падида, албатта, мояи ифтихори мардуми фарҳангии тоҷик ба ҳисоб рафта, ҳар сол дар рӯзи ҷашнгирии ин ойини қадимӣ хусусиятҳои хоси миллии онро, ки аз ниёгони бузургамон мерос мондаанд, ба ҷаҳониён  муаррифӣ менамоем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки: “Наврӯз рамзи пирӯзии нур бар зулмот, адолат бар ҷаҳолат, зебоӣ бар зиштӣ, покизагию ободонӣ ва бунёдкорӣ мебошад”. Ин  гуфтаҳо моро бори  дигар ба бунёдкориву созандагии диёри азизамон талқин мекунад ва ҳар фарди бедордилу  ватандӯсти меҳан ин мавсимро ба хотири анҷоми кори неке барои диёри азизи худ истифода мекунад. Дар асоси сарчашмаҳои боэътимоди илмию фарҳангӣ гузаштагони мо дар рӯзҳои наврӯзӣ либоси тоза ба бар намуда, хонаҳоро мушку анбар мезаданд, оташ меафрухтанд ва дастархони наврӯзӣ меоростанд ва онро бо ҳафтшину ҳафтсин оро медоданд. Ҷашни Наврӯз ҷашни    ориёиҳо буда, сайри таърихии он дар асарҳои безаволи шоирону мутафакирони мо инъикос ёфтааст ва аз ин маъхазҳои гаронбаҳои таърих бармеояд, ки  некмардони тоҷик ба покии Наврӯз ҳатто савганд мехӯрданд ва барои нигаҳдоштани ин ойини ниёгон бо душманони тамаддуну фарҳанги ориёиён сару тан дареғ намедоштанд.

Соли 2019 мардуми шарафманди тоҷик ҷашни  28-солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол мегиранд. Ба муносибати ин ҷашни муҳими давлатӣ мардуми сарбаланди Кӯлоб тамоми кушишҳои худро барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин санаи муҳими таърихи равона карда истодааст. То ҷашни 28- солагии Истиқлолияти давлати  дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 205 иншоот бунёд, таъмир ва азнавсозӣ карда  мешавад. Аз ҷумла, 59 иншоот дар шаҳри Кӯлоб, 46 иншоот дар ҷамоати деҳоти Зиракӣ, 53 иншоот дар ҷамоати деҳоти Даҳана, 38 иншоот дар ҷамоати деҳоти Зарбдор ва 9 иншоот дар ҷамоати деҳоти Кӯлоб ба нақша гирифта шудааст.

Дар умум, тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  нақшаи тасдиқгардида корҳои ободонию бунёдкорӣ ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то моҳи сентябри соли 2021 дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 766 иншооти иҷтимоию иқтисодӣ бунёд ва таъмир карда мешавад.

Ҳоло мехоҳам оид ба вазъи баъзе соҳаҳо ва масъалаҳои муҳими рушди иқтисодию-иҷтимоии Кӯлоб истода гузарам.

Бо назардошти ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидани саноаткунонии бо суръати  мамлакат ба рушди соҳаи саноат дар соли 2019 диққати ҷиддӣ зоҳир карда  шуда, бунёди 15 коргоҳ ва 2 корхонаҳои саноатӣ пешбинӣ шудааст.

Бояд қайд намуд, ки   КМ “Ресандаи Кӯлоб” баъди бекории дуру дароз бо  ҷалби сармояи хориҷӣ ба кор даромад ва 76 нафар шаҳрвандонро бо ҷои кори доимӣ таъмин намуда,дар рӯзҳои наздик  хати технологии нав ворид карда шуда, баъди насби он ҳаҷми истеҳсолот30 фоиз зиёд  мегардад.

Дар соли 2019 ҶСК “Сомон -Кӯлобтоҷҳизот” бо  ШСХК «Барқи Тоҷик»  ба маблағи 1,3 млн. сомонӣ, КВД “Тоҷикагролизинг” ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ шартномаҳои ҳамкориро ба имзо расонида, 48 нафарро ба кор ҷалб карда, ҳаҷми истеҳсолотро дар ду моҳи соли равон 12,6 маротиба зиёд намуд. Корхонаи мазкур ҳамчунин бо НБО “Роғун” ва КВД “Ширкати алюминийи Тоҷик” низ шартномаҳоро барои имзо омода кардааст.

             Ба  ҶДММ “Комбинати хонасозӣ” дар соли равон 200 ҳазор сомонӣ аз ҷонибиШСХК «Барқи Тоҷик»  пешпардохт гардида, корхонаи мазкур пояҳои оҳану бетонӣ истеҳсол карда ба ҶСК «Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб» дастрас намуд.  Дар ду моҳи соли ҷорӣ корхона ҳаҷми маҳсулотро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34 маротиба зиёд намуда, 45 нафарро ба кор ҷалб намудааст. Соҳибмулк дар моҳҳои наздик коргоҳи нави истеҳсоли маҳсулоти сохтмониро ворид намуда дар ин замина 20 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешавад.

ҶДММ «Даврон_К» собиқ  (Заводи нони  Кӯлоб) дар ду моҳи соли 2019 истеҳсоли  маҳсулотро нисбат ба ҳамин давраи соли гузаштаба 103,3 фоиз расонида, дар корхона 22 нафар ба кор ҷалб гардидаанд. Роҳбарияти корхона коргоҳи макаронбарориро насб намуда истодааст, ки дар моҳҳои наздикба фаъолият оғоз карда 10 нафарро ба кор  таъмин хоҳад намуд.

ҶДММ «Комбинати шир» ҳаҷми маҳсулоти ширию қаннодиро нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба 123 фоиз расонида, дар корхона 35 нафар ба кор ҷалб шудаанд.

ҶДММ «Ориён-Рустам»(комбинати гӯшт) нисбат ба ҳамин давраи  соли гузашта ҳаҷми маҳсулотро  1,2 маротиба  зиёд карда, дар корхона ягона коргоҳи забҳи чорво дар шаҳр сохта шуда, соҳибмулк таҷҳизотҳои замонавӣ барои коркарди гӯшт ва истеҳсоли ҳасибҳои гуногунро дар моҳҳои  наздик ворид намуда, дар ин замина 15 ҷойҳои нави кории иловагӣ муҳайё менамояд.

ҶДММ «Пойафзоли Кӯлоб»  номашро ба ҶДММ “Нидои Кӯлоб” иваз карда, 35 нафарро ба тариқи шартномавӣ барои духти болишту курпа ва ғайра ба кор таъмин намуда, коргоҳи  истеҳсоли макарон, ки соли гузашта фаъолият накарда буд,  дар 2 моҳи соли равон фаъолият карда, 8 тонна макарон истеҳсол намуда, 8 нафарро ба кор ҷалб кардааст.

Аз ҷониби соҳибмулк дар майдонҳоизаминҳои  ҶДММ «Мармариён» (корхонаи равған) ва ҶДММ «Пахтаи Кӯлоб» шаҳрчаи саноатӣ бунёд намуда истодааст. Дар  ҶДММ «Пахтаи Кӯлоб» коргоҳҳо барои истеҳсоли мехча, мебел, маҳсулоти қаннодӣ ва бетон  шурӯъ гардида, таҷҳизотҳои зарурӣ ворид гардида, айни замон 250 нафар ба кор ҷалб гардида, барои сохтмону барқарорсозии коргоҳҳо фаъолият доранд. Тибқи маълумоти соҳибмулки корхона дар соли 2019-ум 5 коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода супорида мешаванд.

ҶСШК “Заводи хишти Кӯлоб” як хумдони нав барои истеҳсоли хишти пухта бо ангиштро  сохта дар моҳҳои наздик ба истифода медиҳад.  Иқтидори корхона дар як моҳ ду маротиба афзоиш меёбад.

Ҳамзамон барои бунёди силсилаи корхонаҳои саноатӣ то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии пахта бо намояндагони ширкати хитоӣякчанд маротиба вохӯриҳо анҷом дода шуда, дар ҳолати ба истифода супоридани корхонаҳо зиёда аз 3750 нафар бо ҷои кори доимӣ ва 4 ҳазор нафар бо ҷои кори мавсимӣ таъмин мегарданд.

Барои ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати бунёди корхонаҳои саноатӣ ва бо кор ҷалб намудани сокинони маҳаллӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар майдони 309,2 га замин таъсис додани Минтақаи озоди иқтисодии саноатӣ аз 1 марти соли 2019, №97  қабул гардид.

Барои беҳтар намудани равшаннамии кӯчаю хиёбонҳои шаҳр  15 қандил, 205 лампаҳо, 1,9 км кабелҳо ва 3,2 км ноқилҳои ҳавоӣ иваз карда шуда, равшаннамоии кӯчаю хиёбонҳо беҳтар гардида, корҳо дар ин самт идома доранд.

Дар соли равон 2 км роҳҳо таъмири ҷорӣ карда шуда, ҷиҳати омодагӣ ба мумфаршкунӣ 5 км  роҳҳо сангфарш карда шуданд. Вобаста ба боду ҳаво  мумфаршкунии роҳҳо оғоз мегардад.

Ҳамзамон бо дастгирии Пешвои миллат марҳилаи сеюми лоиҳаи таҷдиду азнавсозии роҳҳои автомобилгард дар масофаи 12 км оғоз мегардад.

Яке аз масъалаи муҳими ин бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии шаҳр ба шумор меравад.

Бо мақсади ҳалли мушкилоти таъмини аҳолии шаҳр ва деҳот беҳтар намудани таъмини аҳолии маркази шаҳр бо оби нӯшокӣлоиҳаи«Барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсия»-и шаҳри Кӯлоб ба маблағи 17,5 млн. доллари ИМА ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Аз номи Кумита ба Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ Ҷайка лоиҳа пешниҳод шуда, айни замон мавриди баррасӣ қарор дорад. Ҳамзамон  ҳангоми сафари кории Сафири Фавқулдда ва Мухтори Япония дар Тоҷикистон ба шаҳри Кӯлоб лоиҳаи бо об таъминкунии маркази шаҳр пешниҳод карда шуд.

Дар баробари ин,  гуруҳи корӣ таъсис дода шуда таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокиро дар шаҳру деҳот таҳлил карда истода, шахси масъул барои омода намудани пешниҳодҳо оид ба таъмини оби нӯшокӣ вобаста карда шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.

Қобили қайд аст, ки бо дастгирии Пешвои миллат, Роҳбари давлат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахти маишӣ” ба маблағи 4,0 миллион доллари америкоӣ шартнома ба имзо расонид, ки 2 млн. доллари америкоӣ ба тариқи грант ва 2 млн. доллари америкоӣқарзи имтиёзноки дарозмуддат мебошад. Амалишавии лоиҳаи мазкур оғоз шуда, барои беҳтар гардидани фаъолияти корхона ва  ҳолати санитарию гигиении кӯчаю маҳаллаҳо мусоидат хоҳад намуд.

Барои беҳтар намудани шароити хонандагон ва аз хонаи шахсӣ пурра баровардани онҳо ба тариқи ҳашар дар назди    филиали МТМУ №17 дар деҳаи Таниёли Ҷамоати деҳоти  Даҳана бинои нав иборат аз 4 синфхона ва утоқи муаллимон сохта ба истифода дода шуданд.

Ҳамчунин бинои нави синфхонаҳо бо тамоми шароити хониш дар филиалҳои МТМУ №39 дар деҳаи Сарёзидашт ва  филиали МТМУ №36 дар деҳаи Бахтободи  Ҷамоати деҳоти  Зиракӣ  ба тариқи ҳашар сохта ба истифода супорида шуданд.

 Сохтмони бинои нав дар МТМУ №21 дар деҳаи Корези поёни  Ҷамоати деҳоти  Зиракӣ ба тариқи ҳашар дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои таълимии №2 ба анҷом расида, дар биноҳои муассисаҳои таълимӣ дар маҳалли 20, деҳаҳои Офтоблиқо барои 480 ҷойи нишаст, Сангпар барои 320 ҷойи нишаст идома дода доранд.

Дар баробари ин аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар маҳаллаи Чаманзор, дар  муассисаи таълимии №41, деҳаҳои  В. Шамсови Ҷамоати деҳоти Зарбдор, деҳаҳои  Файзобод, Гултеппа ва Хонободи Ҷамоати деҳоти Даҳана сохтмони бинои синфхонаҳои иловагӣ пешбинӣ шуда,  қарорҳо барои ҷудо гардидани қитъаи замин ба тавсиб расиданд.

Ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз сохтмони муассисаи таълимӣ барои 1240 ҷойи нишаст аз ҷониби соҳибкорӣ маҳаллӣ дар маркази шаҳр оғоз гардид.

Қайд намудан бомаврид аст, ки таъмиру азнавсозии Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб, Боғи 15-солагии Истиқлолияти давлатӣ, Боғи “Роҳи оҳанчиён” гулгаштҳои ба номи Сафар Амиршоев ва  Саидҷон Назаров, Боғи миллии “Сомониён” ба тариқи замонавӣ  пурра  таъмиру азнавсозӣ  карда шуда, бо таҷҳизотҳои муосир муҷаҳҳаз гардонида мешаванд. Инчунин,  дар «Боғи Ғалаба»-и шаҳр ба хотири эҳтиром ва арҷгузорӣ ба қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони меҳнат ва шахсиятҳои маъруф гӯшаи «Хотираи абадӣ» бунёд гардида истодааст.

Дар натиҷаи таъмиру таҷдиди боғҳои мазкур тамоми шароитҳои зарурӣ барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон, ҷавонон, наврасон ва кӯдакон фароҳам оварда хоҳад шуд.

Мо ифтихор мекунем, ки Тоҷикистони мо ватани Наврӯз аст ва дар сарзамини мо тантанаҳои наврӯзӣ ҳамчун оғози корҳои баҳорӣ ва файзу баракати сол, пеш аз ҳама, ба кишоварзон нерӯи тоза мебахшанд.

Биё, Наврӯз, наврӯзи ҷаҳонӣ,

  Халоиқро бибахшо шодмонӣ!

Ба кули оламиён ҳадяат бод,

Саодатмандию сулҳу амонӣ.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи нутқи пурмуҳтавои хеш, махсусиятҳои ин ҷашни зеборо таъкид карда, зикр доштанд, ки: «Дар  рӯзҳои ҷашни Наврӯз суннати аёдати хешу табор ва аз аҳволи эҳтиёҷмандон бохабар шуда, Наврӯзу баҳорро табрик намудан дар фарҳанги мардуми мо ҷойгоҳи муҳим дорад. Бузургони мо ба ятимону маъюбон ва эҳтиёҷмандону оилаҳои камбизоат кӯмак кардан, Наврӯзро табрик гуфта, шод кардани дили онҳоро аз ҷумлаи амалҳои хайру савоб донистаанд».

Эҳё ва пойдор сохтани фарҳангу маданияти миллӣ ва рушди сайёҳӣ дар кишвар меҳвари асосии Паёми имсола буд. Бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот бо пешниҳод Пешвои миллат солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шуд.

Мақсади асосӣ аз ин пешниҳод амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад.

Наврӯз, ки имрӯзҳо дар диёри мо бо шукӯҳу шаҳомат ва бо тантана  таҷлил мегардад, сарчашмаи гаронбаҳои маънавӣ, воситаи муҳимми сарҷамъ намудани тамоми сокинони кишварамон, ҳидоятгари аҳли ҷомеа ба сӯйи зиндагии орому осуда ва пурфайзу баракат мебошад.

Наврӯзи ҷаҳонафрӯз ба мардуми куҳанбунёду соҳибфарҳанги мо дар иҷрои нақшаҳои созандагӣ ва ободкорӣ  рӯҳу тавони тоза мебахшад.

Бузургтарин шарофати Наврӯз иди деҳқонӣ будани он аст ва бо қадами хуҷастапай марди деҳқон  ба саҳро баромада  аз рӯи расми падарон ба замин донаи умед мекорад ва орзу менамояд,ки сол соли деҳқонӣ ва сулҳу амонӣ шавад. Мову шумо ҳам ба ин орзуҳои ризқофарини деҳқон шарик мешавем ва таманно мекунем, ки бигзор ин сол соли фаровонӣ ва сулҳу созгорӣ бошад, падару модарон ва фарзандони мо дар фазои сулҳу осоиш зиндагии осуда ба сар баранд.

Наврӯз маънои меҳнати осоишта, бунёдкорӣ, тарабу шодмонӣ, озодию ободиро низ дорад. Парафшон бод кабутари сулҳ, амвоҷи лолазорон ва майсазорон, ҷовидон бод наврӯзи навбаҳорон .

Бори дигар фарорасии ин ҷашни бузургро  ба ҳамаи Шумо табрику шодбош мегӯям.

Бигузор рӯзгори Шумо ҳамчун ин баҳори дилафрӯз шукуфону тарабрез  гардад.

Наврӯз муборак ҳамдиёрони азиз!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code