Ифтитоҳи иншоотҳо дар Ҷамоати деҳоти Зиракӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз-2019

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 21 марти соли 2019 раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Хайрулло Амонулло як қатор иншоотҳои ниёзи марумро ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз-2019 дар Ҷамоати деҳоти Зиракӣ ифтитоҳ намуд.

Саравал, раиси шаҳр дар деҳаи Чашмасори Ҷамоати макур ҳаммоми замонавии дуошёна, ки аз ҷонби соҳибкор Зардиев Абдунабӣ сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Ҳаммом дорои муосиртарин таҷҳизотҳои зарурӣ буда, дар он гӯшаи гиёҳдармонӣ ва ҳуҷраҳои истироҳатӣ низ таъсис дода шудааст, ки 12 нафар ба ҷойи кори доимӣ фаро гирифта шудаанд.

Зимни шиносоӣ раиси шаҳр ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои нигоҳубини дурусти иншоот ва сабзу хуррам кардани атрофи он ба масъулин дастуру супориш доданд.

Раиси шаҳр муҳтарам Хайрулло Амонулло зимни сафар, ҳамчунин дар деҳаи Зарқалъаи ҷамоати деҳоти Зиракӣ як адад маркази савдои дуошёна, ки аз ҷониби соҳибкор Умаров Муҳаммадҷон бо харҷи беш аз 500 ҳазор сомонӣ сохта шудааст, ифтитоҳ намуд.

Дар ошёнаи якуми бино мағозаи хӯрокворӣ таъсис дода шуда, соҳибкор маҳсулотҳои босифатро бо нархҳои дастрас пешкаши мизоҷон намудааст. Дар ошёнаи дуюми бино бошад барои эҳтиёҷоти аҳолӣ мағозаи молҳои ниёзи мардум низ таъсис додаст.

Раиси шаҳр зимни боздид ба сифати молҳои соҳибкор баҳои баланд дода, баҳри ободу зебо намуани атрофии бино ва таъмини доимии молҳои босифат, ба ӯ тавсия дод.  

                                                                                                 Шокир Каримзод                                                                     

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code