Ифтитоҳи иншоотҳо бахшида ба ҷашни Наврӯз-2019 дар Ҷамоати деҳоти Зарбдор

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 21 марти соли 2019 раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Хайрулло Амонулло як қатор иншоотҳоро ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз-2019 дар Ҷамоати деҳоти Зарбдор ифтитоҳ намуд.

Раиси шаҳр дар деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Забдор мағоаи хӯрокворӣ ва ошхонаи 24 соата, ки аз ҷониби соҳибкор Ҳакимов Усмоналӣ сохта шудааст, ифтитоҳ намуд.

Дар моғозаи мазкур 4 нафар ба кор ҷалб гардида, инчунин ҳангоми дар ошхона оғоз гардидани кор 10 ҷойи нави кории дигар низ таъсис хоҳад ёфт.

Зимни боздид, раиси шаҳр ба масъулин дастур доданд, ки ҷиҳати ҷалби мизоҷон хӯрокҳои лазизу хуштаъм омода намуда, атрофии биноро тозаву озода нигоҳ доранд.

Сипас, раиси шаҳр ба деҳаи Саросиёби ҷамоати мазкур ташриф оварда, як адад бунгоҳи саломатии бо тарзи муосир бунёдгардидаро ба истифода доданд.

Бунгоҳи саломатӣ ба тариқи ҳашари дастаҷамъона бунёд гарида, дорои се ҳуҷра, аз қабилӣ ҳуҷраи қабулгоҳи шаҳрвандон, ҳуҷраи эмгузаронӣ ва ҳуҷраи ҳамширагӣ  иборат буда, табибон ёрии авалияи тиббиро ба аҳолӣ мерасонанд.

Раиси шаҳр зимни шиносоӣ аз бинои мазкур ба аҳолӣ барои чунин иқдоми некашон изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки баҳри муҳайё намудани шароити боз ҳам беҳтару хубтари зинадагӣ зарур аст, ки ин гуна иқдомҳои созандаву ободкоронаро мо ҳамагон пешаи кори худ қарор диҳем. Дар ин росто, сокинони деҳаро ба муносибати иди зебои баҳор-Наврӯзи хуҷастапай табрику таҳният намуд.

Дар деҳаи Саросиёб раиси шаҳр ҳамчунин як майдони футбол, ки аз ҷониби сокинони деҳа сохта шудааст, мавриди истифода қарор дод.

 Дар баробари ин дар деҳаи Андароби Ҷамоати деҳоти Зарбдор як майдончаи хурди футбол, ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст, аз ҷониби раиси шаҳр ифтитоҳ гардид.

Раиси шаҳр дар ҳарду маврид ба ҷавонон таъкид намуд, ки шароити кунунӣ имконият медиҳад, ки шумо ҷавонон баҳри солимии худ ва вусъат додани мақоми варзиши миллати тоҷик нақши худро дошта бошед.

Шокир Краимзод

                                                                  

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code