Оғози корҳои сохтмонии муассисаи таълимӣ дар шаҳри Кӯлоб

Санаи 20 марти соли 2019 бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб  муҳтарам Хайрулло Амонулло ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз-2019 корҳои сохтмонии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1200 хонанда дар як баст дар маҳаллаи Р.Абдушукуроваи шаҳри Кӯлоб шурӯъ гардид.

 Тибқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ  Ғуломов Абдухалил  дар маҳаллаи мазкур мактаби замонавӣ иборат аз чор ошёна, ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода мешавад.

Раиси шаҳр ба муносибати ин иқдоми нек, зимни иштирок  дар ин чорабинӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки саҳм гузоштан барои тарбияи насли наврас ин шарафу номуси ҳар як фарди ҷомеа аст. Фаъолияти соҳибкор Ғуломов Абдухалил  барои дигарон намунаи ибрат буда, боварӣ аст, ки соҳибкорони шаҳру деҳоти Кӯлоб ин иқдомро идома дода, барои боз ҳам ободу зебо гардонидани ҳар як гӯшаи шаҳри азизамон саҳмгузор мешаванд.

Баъдан, дар ин рӯзи оғози корҳои сохтмонӣ бо иштироки раиси шаҳр, соҳибкор ва сокинони маҳалла дар фазои тантанавӣ техника ва лавозимоти зарурӣ барои корҳои сохтмонӣ ворид карда шуда,  корҳои заминӣ дар ин муассиса шурӯъ шуданд.

Дар ҳақиқат, хонандагони маҳаллаҳои Р.Абдушукурова ва Чармгарони поён аз  нарасидани муассисаи таълимӣ дар ду се баст таҳсил дошта, сохтмони ин мактаби замонавӣ имконият медиҳад, ки хонандагон бе мушкилӣ ва дар шароити замонавӣ таҳсил намоянд.

                                                     Бахши матбуотӣ

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code