Аёдати раиси шаҳр ба муносибати иди Наврӯз-2019

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳадти миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамасола дар арафаи иду ҷашнҳои расмӣ ба шахсони яккаву танҳо кӯмакҳои моддӣ расонида мешавад.

Имрӯз, раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Хайрулло Амонулло ба муносибати иди байналмилалии Наврӯз-2019 ба аёдати шахсони яккаву танҳо ва маъюбони дар қайди маркази хизматрасонии иҷтимоӣ қарордошта, ташриф намуда, ба онҳо кӯмакҳои молиявӣ ва маводҳои ғизоӣ, аз қабилӣ  орд, гӯшт, равған, биринҷ ва макарон расонид.

Ҳамчунин раиси шаҳр бо онҳо ҳамсуҳбат шуда, аз ҳолу аҳволашон пӯрсон гардид. Қайд намуд, ки дар доираи имконият кӯмаки худро ба онҳо мерасонад.

Дар ин росто, ба роҳбари муассисаи давлатии «Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона» раиси шаҳр дастур доданд, ки нафарони дар қайдашонбударо таҳти назорат ва хизматрасонии ҷиддӣ қарор диҳанд.

Шахсони яккаву танҳо миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло изҳор доштанд.

Дар баробари ин раиси шаҳр  ба 147 нафар хонадагони Мактаб-интернати ёрирасони №1-и шаҳри Кӯлоб, ки асосан онҳо аз оилаҳои эҳтиёҷманд ва ятим мебошанд, ташриф оварда, онҳоро ба муносибати иди баҳор-Наврӯзи хуҷастапай табрик намуд. Инчунин ба онҳо маводҳои ғизоӣ аз қабили орд, шакар, равған, биринҷ, гӯшт, пиёз, картошка ва сабзӣ кӯмак расонида, ба кӯдакони ятим туҳфаҳои наврӯзӣ тақдим намуд.

Раиси шаҳр аз рафти таълиму тарбия ва ҷойи хоби онҳо низ дидан карда, ба роҳбари муассиса дастур доданд, ки баҳри таълиму тарбия ва шароити хуби зиндагии кӯдакон диққати ҷиддӣ зоҳир намояд.    

Бояд тазаккур дод, ки нафақахурони яккаву танҳо, маъюбону ятимон ва эҳтиёҷмандон  таҳти ғамхориву сарпарастии пайвастаи давлату ҳукумат  қарор доранд.   

                                                                         Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code