Таҷлили Наврӯзи байналмиллали дар ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Санаи 19 марти соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии фарҳангӣ ба муносибати таҷлили ҷашни Нарӯзи байналмиллалӣ бо иштироки васеъи кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.

Донишҷӯёни донишгоҳ вобаста ба факултаҳо дастархонҳои идона бо ҳафтсину ҳафтшин оро дода, ҳунарҳои моҳиронаи дастони хешро ба маърази тамошо гузоштанд.

Қисмати кушодашавии чорабинии мазкурро ректори донишгоҳ Абдулло Ҳабибулло оғоз намуда, кулли кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳро бо фарорасии иди баҳор, оғози баракати сол ва Наврӯзи хӯҷастапай сидқан муборакбод намуд. Ӯ кайд кард, ки мо омӯзгорон меҳвари асосии ҷомеа маҳсуб ёфта, ба тарбия ва таълими ҷомеа мансубият дорем. Аз ин рӯ, моро мебояд, барои эҳё намудани рукнҳои фарҳанги миллӣ дар ин ҷашни аҷдодӣ рӯй оварем. Махсусан дар ин иди зебои сол бонувон либосҳои миллӣ бар намуда, бо дастони моҳир таъомҳои миллӣ-ҳафтсину ҳафтшин рӯйи дастархон ниҳода, ҳунари волои худро рӯйи кор оваранд. Ҷавонон ба мусобиқаҳои варзишӣ аз қабили гуштингириву футболбозӣ, дастхобониву вазнбардорӣ машғул шуда, ба ҷаҳониён фарҳанги ниёгони худро нишон диҳем.

Имрӯз мо меъросбарони миллати фарҳангсолори тоҷик ҳастем ва дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пойдориву устувории ин ганҷинаи ҳастии миллат, мбояд тамоми азму иродаи худро сафарбар намоем.

Дар ин ростон, баъди ҳамоиш додани дастархонҳои идона, дар толори донишгоҳ чорабинии фарҳангию фароғатӣ баҳри болидаруҳии иштирокчиён аз ҷониби санъаткорони варзидаи шаҳри Кӯлоб ва донишҷӯёни донишгоҳ пешкаш тамошобинон гардид.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code