Рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои 8-ошиёнаи «Истиқлол-30»

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Кӯлоб бунёди  иншоотҳои гуногуни ниёзи мардум ҳамарӯза вусъат ёфта истодаанд.

Дар маҳаллаи Сангак Сафарови шаҳри Кӯлоб аз тарафи ҶДММ «А-сохтмон», ки роҳбарии онро соҳибкор Акрамов Алишер ба уҳда дорад, дар майдони 0,1944 га  тибқи лоиҳаи тасдиқгардида, ки намои  меъмории шарқиро доро мебошад, сохтмони бинои баландошёнаи манзили  истиқоматӣ,  маркази савдо ва хизматрасонӣ, ки дорои 104 ҳуҷра ва 8 ошиёна мебошад, дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Хонаҳои истиқоматӣ  аз 1,  2 ва   3 ҳуҷра  иборат буда, дар қисми зербино таваққуфгоҳи замонавӣ, дар ошиёнаи якум маркази савдо ва хизматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Соҳибкор тасмим дорад то ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ иншооти худро ба истифода супорад.

Дар баробари ин дар сохтмони бино 60 нафар коргарони маҳаллӣ ба тариқи шартномавӣ ба кор фаро гирифта шуда, дар се баст кор менамоянд.

Соҳибкор ҳамчунин тасмим дорад то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳр маҷмӯаи варзишии замонавӣ сохта ба истифода диҳад.

                                                                                        Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code