Омодагиҳо ба ҷашни Наврӯз -2019

Дар шаҳру деҳоти Кӯлоб  барои  ҷашнгирии иди байналмилалии Наврӯз-2019 омодагии ҳамаҷониба муташакилона ва дар сатҳи баланд рафта  истодааст.

Сокинон хонаҳои худро ба тартиб дароварда деворҳоро рангу бор карда, дар  кӯча, маҳалла ва деҳаҳо гулу гулбуттаҳо шинонида истодаанд. Ҳамчунин барои пӯхтани суманак ва дигар таъомҳои миллӣ омодагӣ гирифтаанд. Дар баробари ин дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр шиору овезаҳо ва байрақҳо насб карда шуда, макони баргузории чорабинӣ низ омода гардидааст.

Ҳунармандони шаҳр ба иштирокдорон  барномаи хуби  консертиро намоиш хоҳанд дод. Ҳамзамон ҳунармандони варзидаи ҷумҳурӣ низ дар барномаи консертӣ иштирок хоҳанд кард.

Дар назди Муҷтамаи 2700 – солагии шаҳри Кӯлоб ва назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва даромадгоҳи Амфитеатр рамзи Наврӯз-2019 насб гардида, чунин рамзҳо дар дигар мавзеъҳои шаҳр  низ насб карда хоҳанд шуд.

Дар баробари ин аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бахшида ба ин ҷашни муборак якчанд иншоотҳои таъиноти гуногун низ ба истифода супорида хоҳанд шуд.

Тибқи анъана, дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз ба оилаҳои эҳтиёҷманд шахсони яккаву танҳо, ятимон ва собиқадорони ҷангу меҳнат аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорон,  кӯмакҳои моддию  молӣ расонида шуда истодааст.

 Аз ҷумла, аз ҷониби роҳбарияти ташкилоту муаасисаҳои шаҳр  ба санаи 19 марти соли равон ба 112 нафар оилаҳои камбизоти щаҳру дехоти Кӯлоб кӯмакҳои моддию молиявӣ расонида шуд.

Ҳамчунин кормандони  Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ба аёдати панҷ  нафар шахсони яккаву  барҷомонда рафта, кӯмакҳои моддӣ,  аз қабили орд, биринҷ, равған, шакар  расониданд.

Корҳо дар ин самт идома доранд.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code