ХОИНОНУ ВАТАНГУМКАРДАГОН ШАРМАНДАИ ҲАРДУ ОЛАМАНД

Гоҳе дар Полшаю Германия ва ё гоҳе дар дигар гӯшаҳои Аврупо курнамакон, ватангумкардагон ва мазҳабфурушони наҳзатӣ аҳду паймоҳои дуруғин баста, мехоҳанд ҳодисаҳои солҳои 90-уми қарни гузаштаро боз як бори дигар ба миён оварда, Тоҷикистони биҳиштосоро ба хоку хун кашида, мардумро парешону сарсон намоянд ва давлати зебои тоҷиконро барҳам диҳанд.

Маврид ба зикр аст, ки шахсоне ҳокимиятро бо роҳи ғайридемократӣ ва зӯри дар солҳои 90-ум (солҳои вазнину фаромӯшнашаванда барои мардуми тоҷик) соҳиб шудан мехостанд, сабабгори дар ҷумҳурӣ сар задани ҷанги шаҳрвандӣ шуда, бо амалҳои хоинонаву кутоҳандешонаашон боиси харобии мамлакат ва куштори ҳазорон нафар мардуми бегуноҳ гардиданд.

Ҳодисае, ки моҳи сентябри соли 2015 барои табадулоти давлатӣ намудан бо дастгирии хоҷагони хориҷӣ тавассути Ҳоҷи – Ҳалим ба миён омад, хушбахтона ин тири заҳҳоксифатон хато хурдаву куранмакони ватангумкардаро шармандаи рӯи олам сохт, бори дигар андешаҳои дар боло зикркардаи моро тақвият мебахшад.

Нақшаю мақсадҳои пасипардагии роҳбарони ТЭТ ҲНИ ва дигар аҳду пайпонҳои басташудаи хонинони давлату миллат хуб шинос ҳастем ва кайҳо боз фаҳмидем, ки онҳо дар пайи ободиву шукуфоии Ҷумҳурии азизамон  набуда, бо дастгирии хоҷагони хориҷиашон мехоҳанд давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро бори дигар ба хоку хун кашида, мазҳабу равияҳои дигарро ба сари мардуми мо иҷборан бор намоянд.

Таърих гувоҳ аст, ки воқеияти ҳар як ҳодисаро баъди чандин солҳо дар саҳифаҳои худ баҳогузорӣ менамояд. Воқеаю ҳодисаҳое, ки солҳои 90-уми асри  гузашта ба вуқуъ пайвастанд, алакай баҳогузорӣ шудаанд. Ҳама он нафароне, ки дар бадбахтиҳои мардуми тоҷик даст доранд, имрӯз дар хориҷи кишвар истодаю санги маломат ба рӯи миллату меҳани худ мепартоянд. Онҳо набояд фаромӯш созанд, ки баъди сарашон фарзандони худи онҳо таърихро хонда танҳо як хулоса мебароранд, ки волидайни онҳо ватангумкардаҳо буданду ва онҳоро низ дар қатори худ беватан карданд, ки ҳеҷ гоҳ ба неки ёд нахоҳанд овард ва ҳамеша нафрину лаънат хоҳанд хонд.

Мо дар мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон дар якҷоягӣ зери роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ватанро аз вартаи нестшавӣ ва миллатро аз парокандагӣ нигоҳдошта, Тоҷикистонро ҳамчун як давлати воҳид дар арсаи байналмилалӣ муаррифи намуд, ҳамқадамем. Сиёсати созандаю бунёдкорона ва хизматҳои шабонарӯзии Пешвои миллатамонро дастгирӣ намуда, намегузорем, ки гурӯҳҳои фитнаангез ба сулҳу субот ва ваҳдати миллии мо халал ворид созанд.

Одинаев Масидиқ – узви гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code