РОҲСОЗӢ БА ҶОЙИ МАЪРАКАҲОИ ҒАЙРИҚОНУНӢ

Ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” барои дуруст сафарбар кардани корҳои хайру саховат бо сокинон ва махсусан соҳибкорон баҳри ободу зебо гардонидани деҳаву маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб ташаббус намуда истодаанд.

Ин навбат дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ» ва роҳандозии аксияи ҳизбии мазкур наздики 10 км роҳҳои дохили деҳаи Пахтакори Ҷамоати деҳоти Кӯлоб бо дастгирии соҳибкорон ва худи сокинони деҳа, инчунин саҳми аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ҳамвору сангфарш гардонида шуд.

Сокинони деҳа тасмим доранд то ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободкориву созандагиро дар деҳаи худ тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо суръат амалӣ намуда, беҳтарин шароити зиндагиро барои худ муҳайё созанд.

Дар рафти ҳашари дастаҷамъона раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб низ ширкат намуда, ба сокинон иброз намуданд, ки анҷоми чунин амалҳои хайру саховат беҳтар аст, аз ҳамон маъракаҳои исрофкоронаву беасоси мо. Аз ин рӯ, беҳтар он аст, ки мо аз ҳамон харҷу сарфи маъракаҳои азодорӣ ва ё дигар маъракаҳои хурофотӣ дида, дасти хайру саховати худро барои ободии хонаи худ, деҳа ва ё маҳаллаи худ масраф намоем.

Корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Кӯлоб ҳамрӯза вусъат меёбад.

                                                                                      Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code