Ҳашарҳои дастаҷамъона баҳри рушди деҳот

Дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҳамарӯза дар сатҳи деҳот корҳои ободониву созандагӣ вусъат ёфта истодаанд.

Дар деҳаи Гулзори Ҷамоати деҳоти Даҳана бо дастгирии як нафар соҳибкори деҳа сокинон ба ҳашари дастаҷамъона баромада, ҷӯйбори атрофи мактаб ва маркази маҳалларо, ки дар ҳавои боронӣ оби ҷӯйбор ба роҳрав мебаромад ва боиси фарсуда гардидани роҳи маркази деҳа мегардид, ба тартиб дароварданд.

Ин ҳам бошад, аз ҷониби соҳибкори деҳа маҳсулоти масрафшаванда таъмин карда шуда, сокинони деҳа тариқи ҳашар ба масофаи 100 метр обноваи бетонӣ сохтанд, ки ин имкон медиҳад роҳи маркази деҳа аз обу борон эмин нигоҳ дошта шавад.

Инчунин роҳи маркази деҳа давоми соли равон сангфарш низ карда шуда, барои мумфарш кардан омода гардидааст.

Чунин корҳои ободониву созандагӣ дар дигар деҳаҳо низ идома дошта, мардуми шаҳри Кӯлоб барои ободу зебо гардонидани деҳаву маҳаллаҳои худ тариқи ҳашар ва ҷалби соҳибкорон бо маром кору фаъолият намуда истодаанд.

 Бахши матбуотӣ

                          

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code