Шанбегиҳо бо маром идома доранд

Давоми ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе башида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоляти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2019- 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои марумӣ»  дар шаҳру деҳоти  Кӯлоб шабегиҳо гузаронида мешаванд.

Имрӯз бошад ба муносибати ҷашни бйналмилалии Наврӯз дар тамоми ташкилоту муассиса ва корхонаҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб баҳри ободу зебо гардонидани шаҳр, шинонидани гулу гулбуттаҳои ороишӣ, аз қабили гӯлӣ лола, садбарг, сафед кардани дарахтони ҳамешасабз, нарм кардани бехи дарахтон ва тозаву озода намудани гирду атрофи ташкилоту муассисаҳхо шамбегӣ бо маром идома ёфта истодааст.

Сокинон чун анъана ба муносибати иди Наврӯз манзили зист, кӯчаву маҳаллаи худро тозаву озода намуда, бо як омодабоши ҷиддӣ Наврӯзро пазироӣ менамоянд.

Ин ташаббус имрӯз дар шаҳри Кӯлоб амалӣ гардида, дар тамоми деҳаву маҳаллаҳо мардум барои нарм кардани бехи дарахтон, тоза намудани ҷӯйбору заҳкаш ва роҳравҳо, сафед кардани дарахтон ба кор баромадаанд.

Ҳамзамон, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб низ дар ин амлӣ меҳандӯстонаву инсонпарварона саҳм гузошта, назди парчами давлатӣ ва дар роҳҳои марказии шаҳр шанбегӣ гузаронида истодаанд.

Ободу зебо гардонидани шаҳр мунтазам бо дастгирии мардуми шарафманди шаҳри Кӯлоб идома дорад.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code