Дави Наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид

Дар асоси  супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 феврали соли 2019, №25480 аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб санаи 16 марти соли 2019  мусобиқаҳои оммавӣ-варзишии дави Наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ  дар маркази шаҳр баргузор карда шуд.

Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 1500 нафар наврасону ҷавонон ширкат варзида, як гуруҳ дар марафони велосипедронӣ иштирок намуда ва як гуруҳи дигар дар  масофаи 3 км давиданд.

Дар натиҷа ғолибони мусобиқа бо ифтихорномаҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуданд.

Мақсад аз баргузории чунин мусобиқаҳо, ин ҳавасмандгардонӣ,  бештар ҷалб намудани ҷавонон  ба варзиш  ва тарзи ҳаёти солим мебошад.

Баши матбуотӣ

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code